Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.05.200816:54

Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат

           Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки мо ҳанўз дар роҳи татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегие қарор дорем, ки солҳои гузашта барои худ муайян кардаем. Ба андешаи Сарвари давлат айни замон сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар навбати аввал ба таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона шудааст.

Дар раванди ташаккулу такомули ҷаҳони маънавии аъзоёни ҷомеа ва тақвияти андешаву рӯҳияи миллӣ Президенти мамлакат фарҳангро ҷавҳари ҳастии миллат арзёбӣ карда, нақши онро дар ин самт муассир ва муайянкунанда номид. Дар ин робитаСардориРаёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароѓатӣ ва ҳунарҳои мардумӣСафар Шосаидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар кард:

«Дар Паёми Ҷаноби Олӣ ба масъалаи ривоҷу равнақи ҳунарҳои бадеии халқӣ, тарѓибу ташвиқи намунаҳои беҳтарини он дар ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. Бо ин мақсад Вазорати фарҳанг вазифадор гардидааст, ки дар мӯҳлати ду моҳ «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ»-ро таҳия намояд.

Баҳри ҳарчи зудтар амалӣ намудани дастури Президенти мамлакат дар Вазорати фарҳанг аллакай гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки ба ҳайати он олимону мутахассисони варзидаи соҳа шомиланд. Гурӯҳи мазкур муваззаф гардидааст, ки дар заминаи омўзиши суннатҳои косибиву ҳунармандӣ, самтҳои афзалиятноки рушду нумӯи ин соҳаи муҳими фарҳанги миллиро аз нигоҳи илмӣ асоснок намуда, «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Бо мақсади татбиқи нишондодҳои Пайёми Президенти мамлакат дар давраи ҷамъбастии фестивал-озмун - рӯзҳои 4-25 июни соли ҷорӣ дар Боѓи ботаникии шаҳри Душанбе намунаҳои беҳтарини дастранҷи ҳунармандону косибони 6 шаҳру ноҳияҳои ѓолиби мамлакат ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоиш дода мешаванд.

Яке аз самтҳои муҳими ривоҷу равнақи ҳунарҳои бадеии халқӣ ин тарбияи косибону устоҳои ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад. Айни замон ба таълиму тарбияи ҳунармандони халқӣ дар ҷумҳурӣ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов машѓуланд. Дар факултаи театрӣ-бадеии Донишкада шўъбаи рассомӣ ва дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ихтисосҳои заргарӣ, намунасозии либос, сиёҳқаламӣ (ороиши китобҳо), ороиши бадеӣ (дизайнерӣ), санъати ороишӣ- амалӣ, аз қабили кулолгарӣ, кандакорӣ, маҳсулоти бадеӣ аз матоъҳои нассоҷӣ амал мекунанд. Масалан, тўли солҳои таҳсили 2005-2006 ихтисоси санъати амалӣ-ороиширо 16 нафар хатм намуданд. Айни замон дар Коллеҷ аз рўи ихтисосҳои кандакорӣ 14 нафар, наққошӣ 23 нафар, заргарӣ 15 нафар, ороиши бадеӣ 31 нафар, мӯд 16 нафар, ороиши китоб 6 нафар таҳсил менамоянд.

Тибқи Нақшаи таълимии Коллеҷ барои солҳои 2008-2009 аз рўи ихтисосҳои номбурда қабули 80 нафар довталабон пешбинӣ гардидааст.

Дар ин самт пешниҳоди Ҷаноби Олӣ оид ба таъсиси Коллеҷи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ дар шаҳри Истаравшан иқдоми хеле муҳим ва саривақтӣ ба шумор рафта, барои эҳё ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои бадеии халқӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки барои ҷалби ҷавонони болаёқат аз тамоми минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаҳои таълимии муассисаи номбурда тадбирҳои мушаххас андешад.

Дар Пайёми хеш Президенти мамлакат масъалаи тарѓибу ташвиқи адабиёти тозанашр, бунёди маѓозаҳои китоб, идомаи бинои нави Китобхонаи миллиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такомули фарҳанги миллӣ арзёбӣ намуданд. Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки бо мақсади мукаммалгардонии фонди китобхонаҳои мамлакат бо китобҳои нав, рўзномаву маҷаллаҳо то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ «Корвони китоб»-ро ташкил намояд.

Бо назардошти он ки пас аз ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллӣ он бо таҷҳизоти нави иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад, масъалаи тарбияи мутахассисон барои ин муассиса аҳамияти хоса пайдо мекунад. Аз ин рӯ, аз моҳи майи соли ҷорӣ дар ДДСТ ба номи М.Турсунзода машѓулиятҳои курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, китобдорон оѓоз мегарданд, ки ҳадаф аз он такомули донишҳои назарӣ ва амалии мутахассисон бо назардошти қонуниятҳои пешрафти ҷомеаи иттилоотӣ ва мувофиқ гардонидани мундариҷаи фаъолияти муассисаҳои фарҳанг дар ин самт мебошад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров
24.0512:49Сулаймон Султонзода: "Мешков с валютой и золотом не найдено"
24.0512:33Гражданка Узбекистана продала своего ребенка паре из Таджикистана
24.0512:21На севере Таджикистана утонули три человека — двое детей и военнослужащий
24.0510:13Двое жителей Мастчи задержаны по подозрению в краже крупной партии золота


Самое обсуждаемое

22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(5)
22.0506:34Эмомали Рахмон встретился с Дональдом Трампом(2)
22.0515:24Доходы детей Кадырова выросли в 50 раз(1)
22.0515:45Душанбинцы предлагают установить памятник царице танца Малике Собировой(1)
23.0512:58Суд присяжных обвинил «Жору-Тушенку» и «Геру-Барона» в разбойных нападениях на таджикских мигрантов(1)
23.0514:49В США запущен проект книги о приключениях таджикского мальчика Барзу(1)
23.0517:54Названо имя исполнителя теракта в Манчестере(1)
24.0510:03“Бойкот” по-шахритусски. Родных боевиков ИГ хотят выселить из района(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312497