Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.05.200815:54

Ситоди кории Пекини-2008 созмон дода шуд

         Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 30 апрел таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова дар масъалаи омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Бозиҳои 29-уми Олимпии Пекин-2008 машварати корӣ баргузор гардид.

Дармашварат раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва намояндагони федератсияҳои варзишии мамлакат ширкат карданд.

          Дар машварат пеш аз ҳама Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҳисобот дод. Вай зикр кард, ки то имрӯз 13 нафар варзишгари тоҷик аз рӯи намудҳои гӯштини дзюдо, тарзи озод, бокс, варзиши сабук, камонварӣ ва шиноварӣ ба Бозиҳои 29-уми Олимпии Пекин-2008 роҳхат гирифтанд. Бо мақсадидар сатҳи баланди касбӣ омода намудани варзишгарон ба Бозиҳои 29-уми Олимпӣ дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо ҷалби намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ ситоди корӣ созмон дода шудааст.

         М.Неъматов афзуд, ки барои омодагӣ ва таъминоти фармакологии варзишгарон ва сафарбар намудани онҳоба мусобиқоти тахассусииолимпӣ аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 220 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистондар доираи барномаи махсуси омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ қариб 1 миллион сомонӣ маблағ равона гардид. Натиҷаи пурсамари ҳамаи ин тадбирҳо буд, ки тоимрӯз 13 варзишгари тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.

Раиси КМО Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар бораи варзишгароне, ки ба Бозиҳои Олимпӣ роҳхат гирифтаанд- Дилшод Назаров (гурзпартоӣ), Расул Боқиев (гӯштини тарзи дзюдо), Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод), Анвар Юнусов (бокс), Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Шералӣ Достиев (бокс), Галина Митяева (гурзпартоӣ) , Албина Камалетдинова (камонварӣ), Екатерина Измайлова (шиноварӣ),Алишер Чингизов (шиноварӣ),Виталий Корякин ( гӯштини тарзи озод), Неъматулло Асронқулов (гӯштини тарзи дзюдо) ва Шералӣ Бозоров (гӯштини тарзи дзюдо) маълумоти муфассал дод.

Ба гуфти Б. Раҷабалиев, варзишгарони тоҷик боз имкон доранд ба Бозиҳои 29-уми Олимпӣ аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи озод ва юнонию румӣ дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Сербия ва Рим роҳхатҳои иловагиро ба дасторанд.

          Дар анҷом муовини сарвазир Руқия Қурбонова баъди баррасии ҳисоботҳо бобати омодагии варзишгарон ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба масъулин супоришҳои мушахас дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250