Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.05.200810:54

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

            СуханронииПрезидентиҶумҳурии

ТоҷикистонЭмомалӣРаҳмондарвохӯрӣбо

роҳбаронвафаъолониноҳияиЁвон,

Ҳозиринимӯҳтарам!

Дӯстониазиз!

Хелехушҳолам, киимрӯзбаъдихелемуддатборидигарбадидориякдигаррасида, боҳаммулоқотмекунем.

ҲадафисафариимрӯзаимобаноҳияиЁвоназназдикошноӣпайдокарданбовазъизиндагиимардум, ҷараёникорҳодархоҷагиҳо, азҷумлахоҷагиҳоикишоварзӣвакорхонаҳоисаноатӣ, шиносоӣборавандитаълимутарбиядармуассисаҳоитаълимӣ, инчунинбартарафкарданимушкилотукамбудиҳоиҷойдоштавамуайянкарданимақсадувазифаҳобароиояндамебошад
.

ЗероноҳияиЁвонякеазмарказҳоимуҳимисаноативукишоварзииТоҷикистонбуда, саҳмикормандоникорхонаҳовакишоварзониноҳиядартаъмининақшаҳоидурнамоипешрафтидавлатвафаровониидастархонимардумикишвархеленазаррасаст
.

Имрӯзазсубҳмоазяксилсилакорхонавуиншоотиистеҳсолииноҳия, азҷумламарказибарқугармидиҳӣбоздидкарда, расманэълоннамудем, киҳолоимкондоремтавлидибарқугармиронатанҳобавоситаиоб, балкибоистифодаитехнологияикоркардиангиштнизбароҳмонем
.

ИнвазифаазҷонибиРоҳбаридавлатҳамдарҷаласаиҷамъбастисоли 2007 ваҳамдарПаёмбаМаҷлисиОлӣдарназдироҳбаронумасъулонисоҳагузошташудабудватаврекимебинем, онтадриҷанҳаллуфаслшудаистодааст
.

Чункивазъиимрӯзаиҷаҳон, хусусанболоравиимунтазаминархимаҳсулотинафтӣвамаводиозуқамороҳушдормедиҳадваводормесозад, киазтамомиимконувоситаҳоистифодабурда, амниятиозуқавориимамлакатротаъминнамоем. ЧунонкиборҳотаъкидкардабудамвадарПаёмиимсоланизгуфтам, сарзаминимоякеазмарказҳоиқадимтаринизаминдорииоламбаҳисобмеравад
.

Бинобарин, ҳаркадомимовазифадорем, кибомеҳнатисофдилонавусодиқонаоилаихуд, аҳолииноҳияихудвадармаҷмӯъкишварихудротаъминнамоем
.

Тоҷикистонмамлакатиаграрӣбуда, соҳаикишоварзӣякеазсоҳаҳоимуҳимтаринионбаҳисобмеравад. Истифодаисамаранокуоқилонаизамин, баландбардоштаниҳосилнокӣ, аззаминҳоиобӣрӯёниданидуҳосилваумумантараққӣдоданисоҳаикишоварзӣимкониятфароҳаммеоварад, киамниятиозуқавориимамлакаттаъмингардад
.

Воқеан, даркишваримоҳамаишароитизарурӣ, азҷумлазамин, обваиқлимимусоидмавҷудаст
.

Ман ба шумо ошкоро мегӯям, ки мо бояд ба умеди дигарон ва ёрии башардӯстона набошем. Ва тавре шумо огоҳ ҳастед, дар ибтидои соли равон ман дар муроҷиати худ ба мардуми кишвар хотирнишон карда будам, ки ҳар касе бо замин сару кор дорад, бояд ҳар як ваҷаб заминро оқилона ва самаранок истифода намояд.

Дар шароите, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум дар ду соли охир зиёда аз 120 фоиз баланд гардидааст, вазифаи ҷонии кишоварзон пеш аз ҳама истифодаи самараноки замини кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ мебошад.

Ҳарчанд ки дар семоҳаи аввали соли 2008 хоҷагидорони ноҳия дар майдони 6200 гектар, аз ҷумла ғалладона - 2850 гектар, зироатҳои техникӣ - 2600 гектар,  пахта -2400 гектар, картошка - 29 гектар, сабзавот 180 гектар, зироатҳои хӯроки чорво  440 гектар кишт кардаанд, вале дар баробари ин, дар фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия  як қатор камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла:

- зироатҳои полезӣ  нисбат ба семоҳаи аввали соли 2007 ягон гектар кишт нашудааст;

- қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои обрасонӣ 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ то имрӯз танҳо 25 ҳазор сомонӣ пардохт шудаасту халос, инчунин тоза ва ба кор омода кардани шабакаҳои обдиҳӣ 80 фоизро ташкил медиҳад;

- барои соҳаи пахтакорӣ ба маблағи қариб 18 миллион сомонӣ шартнома баста шуда, танҳо 10 миллион сомонӣ пардохт гардидааст, ки ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад;

- 270 хоҷагиҳои деҳқонӣ суратҳисоби бонкӣ ва 50 хоҷагиҳои деҳқонӣ сертификат надоранд.

Аз ин рӯ, ба Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кишоварзӣ,  Вазири кишоварзӣ, раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон супориш дода мешавад, ки барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тамоми имкониятҳоро истифода бурда, инчунин дар масъалаи кишти зироатҳои такрорӣ чораҳои иловагӣ андешанд.


Таҳлили вазъи семоҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нишон медиҳад, ки иҷрои нақшаи 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз даромади шахсони воқеӣ (54 фоиз), андози ягона аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (80 фоиз) ва андоз аз дигар пардохтҳои ҳатмӣ (82 фоиз) таъмин нашудааст, ки сабаби асосии иҷро нагаштани ин намуди андозҳо ҳолати вазнини молиявии хоҷагиҳои пахтакор, дар мӯҳлати муайяншуда пардохт нагардидани онҳо ва пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноативу сохтмонӣ мебошад.

Бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷет дар ноҳия бақияпулиҳо аз ҳисоби андоз сол аз сол зиёд шуда истодааст.

То 1 апрели соли 2008 бақияпулии андозҳои маҳаллӣ 7 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 560 ҳазор сомонӣ афзудааст. Инчунин бақияпулии андозҳои иҷтимоӣ ба маблағи қариб 5 миллион сомонӣ пардохт нашудааст, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.

Дар баробари ин, қарзи музди меҳнат то 1 апрели соли 2008-ум 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ, ё худ 17, 4 фоизи қарздории вилояти Хатлонро ташкил медиҳад, ки он асосан аз ҳисоби корхонаи “Тоҷикхимпром” (1,5 миллион сомонӣ) ба вуҷуд омадааст. 

Бинобар ин, ба раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон супориш дода мешавад, ки барои ислоҳи вазъи бавуҷудомада чораҳои зарурӣ андешанд. 

Ҳоло дар ноҳия 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 114 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки онҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳот дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд.

Аз ҷумла, дар ноҳия дар доираи лоиҳаи инвеститсионӣ сохтмону барқарорсозӣ  ва таҷҳизонидани ду мактаб анҷом ёфта, инчунин сохтмони хатти эҳтиётии интиқоли қувваи барқ барои хонаи маъюбон ва пиронсолони шаҳри Ёвон ба маблағи 175 ҳазор сомонӣ дар марҳалаи гузаронидани озмун қарор дорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки таваҷҷӯҳи раисони вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳо ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бештар ба истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳо ва бо сифати баланд татбиқ гардидани лоиҳаҳо ҷалб карда шавад.

Мо имрӯз расман маркази барқу гармии ноҳияро кушодем ва итминон дорем, ки корҳои боқимондаи таъмиру таҷдид дар ин корхона вусъат ёфта, то мӯҳлати муайяншуда пурра ба кор омода мегардад ва барои беҳтар таъмин шудани аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқу гармӣ мусоидат менамояд.

Бояд зикр кард, ки маркази барқу гармии ноҳия соли 1969 барои таъминоти корхонаи электрохимиявӣ ва аҳолии шаҳри Ёвон бунёд гардида, то соли 1990 ҳамасола 370 миллион киловатт - соат нерӯи барқ ва 776 ҳазор гекакалл гармӣ истеҳсол менамуд.

Вале баъд аз соли 1990 бинобар бетартибиҳову ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкил шудани дастрасии сӯзишворӣ фаъолияташ қатъ гардид. Ин омил боиси фарсудашавӣ ва аз кор баромадани баъзе таҷҳизоти зарурии марказ гардид.

Фақат ба хотири тороҷ нашудани таҷҳизоти мавҷудааш корхона ба тавозуни Ширкати “Барқи Тоҷик” гузаронида шуд.

Бо мақсади ислоҳи вазъи баамаломада соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон маркази барқу гармии ноҳия ба тавозуни Ширкати “Алюминий Тоҷик” гузаронида шуда, таҷҳизоти асосиву ёрирасони он қисман таъмиру таҷдид гардид  ва то моҳи январи соли ҷорӣ зиёда аз 11 миллион киловатт - соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба имкониятҳои техникӣ ва талаботи аҳолӣ хеле кам аст.

Бинобар ин, барномаи зиёд намудани иқтидори маркази мазкур қабул гардид, ки тибқи он бояд тавоноии корхона ба 120 мегаватт расонида шавад. Ҳоло Вазорати энергетика ва саноат бо саҳмгузории як ширкати Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаи бо технологияи истифодаи ангишт ба кор даровардани марказро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, дар ин самт аллакай як силсила корҳо анҷом дода шудаанд.

Илова бар ин, корҳои таъмиру таҷдид босуръат идома доранд ва мо итминон дорем, ки то моҳи октябри соли равон корҳои асосӣ анҷом ёфта, фаъолияти мунтазами марказ ба роҳ монда мешавад.

Тавре шумо огоҳ ҳастед, чанд рӯз пештар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда будам: дар раванди татбиқи сиёсати энергетикии давлати худ мо - мардуми кишвар бояд як принсипи ҳаётан муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар имрӯз ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳатман таъмин намоем.

Бо дарназардошти ин нукта, имрӯз бо гармӣ ва барқ таъмин кардани аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз аст. Зеро сардии шадиди  зимистони гузашта нишон дод, ки мо  аз тамоми имконияту захираҳои худ истифода накардаем. Бо мақсади таҳким бахшидани имкониятҳои энергетикии кишвар, бояд таъмиру таҷдид ва барқарор намудани иқтидори нерӯгоҳҳо ва марказҳои барқу гармии мавҷуда, ба роҳ мондани фаъолияти онҳо бо сӯзишвории алтернативӣ, аз ҷумла ангишт ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, ба зимистони имсола омода бошем.

Бояд зикр кард, ки бо иқтидори пурра кор кардани маркази барқу гармӣ аз як тараф  ба рушди соҳаҳои саноат ва иқтисодиёт ва аз тарафи дигар ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия мусоидат менамояд.

Инчунин заводу корхонаҳои  ноҳия, аз ҷумла ҷамъиятҳои “Тоҷикхимпром”, “Ғаюр”, заводи намаки “Ёвон”, корхонаи ресандагӣ, ширкати “Алюминийи Тоҷик” ва аҳолии шаҳри Ёвонро бо барқу гармӣ ва буғ таъмин менамояд ва муҳимтар аз ҳама, фаъолияти корхонаҳои мазкур ба низом медарояд.

Гузашта аз ин, дар оянда аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои истеҳсоли барқу гармӣ иқтидори тавлидотии марказро боз ҳам вусъат додан мумкин аст.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин тадбирҳо, масалан корхонаи “Тоҷикхимпром” бо истифода аз 25 тонна буғ дар як соат ва 3000 метри мукааб намакоб мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ метавонад дар як шабонарӯз қариб 16 тонна гази хлор истеҳсол намояд.

Инчунин дар ин корхона дар ояндаи наздик истеҳсоли як қатор маҳсулоти нав ва маводи шустушӯӣ дар назар дошта шудааст, ки аз ин ҳисоб зиёда аз 200 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. 

Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи “Тоҷикхимпром” воридоти маҳсулоти химиявиро  аз хориҷа ба назорат гирифта, барои таъмини бозори ватанӣ аз рӯи ҳаҷм, сифат ва номгӯй тадбирҳои зарурӣ андешад. Инчунин барои содироти маҳсулоти химиявӣ шароити мусоид фароҳам оварад.

Дар айни ҳол корхонаи “Ғаюр” қариб 90 ҳазор тонна оҳаки калсийдор истеҳсол мекунад, ки метавонад корхонаи “Тоҷикхимпром”-ро бо оҳаки босифат таъмин намояд ва аз ин ҳисоб имконияти зиёд намудани истеҳсоли маводи зикргардида ба вуҷуд оварда шавад.

Ғайр аз ин, дар ин корхона аз партовҳои истеҳсолии оҳак метавон дар як  сол беш аз 100 ҳазор тонна семент истеҳсол кард.

Дар баробари ин, ҳангоми зарурат дар хумдони он имконияти пухтани оҳаки калсийдор низ пайдо мегардад. Аз ин рӯ, роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки дар ин самт корҳоро тезонида, барои анҷом додани ин нақшаҳо тадбирҳои муассир андешад.      

Дар робита ба ин, мехоҳам фаъолияти корхонаи “Намаки Ёвон”-ро низ зикр намоям, ки барои афзун намудани маҳсулоти химиявӣ саҳм дорад.

Ҳарчанд корхонаи мазкур соли 2007-ум  ба маблағи 521 ҳазор сомонӣ қариб 3900 тонна намаки навъи «Экстра» истеҳсол намудааст, вале дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 70 ҳазор сомонӣ кам маҳсулот баровардааст.

Илова ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба роҳбарияти корхона зарур аст, ки сифати истеҳсоли намакро ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқ сохта, барои ҷалби харидор ва ёфтани бозори беруна ба намуди зоҳирии он аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Инчунин сифати ёдноккунии намакро низ беҳтар кардан зарур аст.   

Дар маҷмӯъ бо иқтидори пурра кор кардани маркази барқу гармӣ ба рушди иқтисодиёти ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад ва мақоми пешинаи шаҳри Ёвон ҳамчун яке аз марказҳои саноатии кишвар барқарор мегардад.

            Дар ин робита, мехоҳам хотирнишон созам, ки роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Ёвон ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки таъмири асосии 50 фоизи хатти роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Ёвонро дар солҳои оянда ба нақша гиранд.


Инчунин Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об вазифадор карда мешавад, ки корҳои соҳилмутаҳкамкунии дарёи Ишмасойро ҷоннок намояд.

Бояд зикр кард, ки самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушди соҳаи маориф мебошад.

Ҳарчанд, ки солҳои охир дар ноҳия як силсила муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таҷдид гардида, бо лавозимоти хониш ва технологияи муосири компютерӣ аз тарафи давлат таъмин карда шуданд, вале ҳоло ҳам  дар ҳудуди ноҳия 18 мактаб ва боғчаҳои кӯдакона таъмирталаб буда, баъзе мактабҳо аз ҷиҳати асбоби хониш ва таҷҳизоти таълимӣ танқисӣ мекашанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ қариб 50 нафар муаллимон намерасанд. Гузашта аз ин, барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия ҳамагӣ 57 фоиз иҷро гардидааст, ки қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ намуда, барои ислоҳи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвари мо ҳифзи тандурустии аҳолӣ, саломатии модару кӯдак ва пиронсолон мебошад.

Дар соли 2008 ба соҳаи тандурустии ноҳия қариб 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки назар ба соли гузашта 680 ҳазор сомонӣ ё ин ки 52 фоиз  зиёд мебошад.

Албатта ин маблағҳо барои харидани доруҳои гуногун, дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ва маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, инчунин таъмиру азнавсозии нақшавии беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ равона гардидаанд. Вале вазъи имрӯзаи беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия моро қонеъ карда наметавонад.

Бояд зикр кард, ки 3 беморхонаи ноҳия қариб 20 сол инҷониб таъмир карда нашудаанд. Инчунин 19 марказҳои саломатии ноҳия, 3 марказ ва 4 бунгоҳи тиббӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 3 маркази саломатӣ ва 29 бунгоҳи тиббӣ дар вагонҳо ҷойгир карда шудаанд, ки боиси нигаронӣ ва ташвиш аст.

Ғайр аз ин, як қатор шӯъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия дар ду бинои 4 - ошёнаи заводи химиявии ноҳия ба таври иҷора фаъолият менамоянд. Ҳамчунин шӯъбаи наркологии ноҳия барои 45 кат аз сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бино ба ду вагон гузаронида шудааст.

Бинои дармонгоҳи кӯдакона солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, ки он ҳам ба куллӣ таъмирталаб мебошад. Гузашта аз ин, дар аксари муассисаҳои соҳа нарасидани дастгоҳҳои ташхисиву табобатӣ, инчунин фарсуда шудани номгӯи зиёди асбобу таҷҳизоти тиббӣ ба мушоҳида мерасад.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳбудии шароит ва корҳои табобатии муассисаҳои тандурустии ноҳия, пешгирии бемориҳо ва аз байн бурдани камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Сиёсати фарҳангии давлат имрӯз ба эҳёи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди фарҳанги миллӣ равона гардидаст.

Ҳарчанд ки дар давоми солҳои истиқлолият дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидааст, вале вазъи як қатор муассиса&#

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1210:07Российские Су-25 перебазировались из Киргизии в Таджикистан
09.1210:03Обогатительный комбинат, строящийся в Истиклоле, заработает в следующем году
09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу
09.1208:50ТЭЦ «Душанбе-2» может увеличить суточное энергоснабжение на 16%
09.1208:48«Я поверил незнакомцу и попал в заложники…»


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156282