Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

20.05.200808:32

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ дар шаҳри Турсунзода

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). - 19 майи соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷавонон» дар шаҳри Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявии олимон ва муҳаққиқони ҷавон ба ифтихори «Соли забони тоҷикӣ» ва «1150 - солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар олимон ва муҳаққиқон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати намояндагони олимони ҷавони муассисаҳои олию илмии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ташрифи иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявиро раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа ба зодгоҳи шоири шаҳир ва тараннумгари сулҳу дӯстӣ, устод МирзоТурсунзода хайра мақдам гуфта, ба кори он ҳусни оғоз бахшид ва дар идомаи фаъолияти кори конферансия ба ширкаткунандагони он бурдбориҳоро таманно кард.

Инчунин, БаракатуллоАтохоҷазикрнамуд, кирушдиҷомеабанерӯиақлониюзеҳнииҷавононсахталоқамандаст. Доир гаштани ин конференсия дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи олимон ва муҳаққиқони ҷавон фоли нек аст. Бо боварии том метавон гуфт, ки ҷавонон моҳият ва зарурати илму камолотро дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар соҳаи илмҳои дақиқ ва технологияи коммуникатсионию иттилоотӣ дар шароити кунунии ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ хуб дарк менамоянд.

Раиси шаҳри Турсунзода ҳамзамон таклиф пешниҳод кард, ки дар ин шаҳр маҳфили ҷумҳуриявии «Олимони соҳаи маъданшиносӣ ва энергетикӣ» дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷик» созмон дода шавад.

Ҷмуҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва захираҳои обию энергетикӣ дар ҷаҳон мақоми хосаро ишғол мекунад ва ба амал баровардани тадқиқотҳои илмӣ дар ин самт зарурати беандоза дорад.

Сипас, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов зимни суханрониҳои худ, зикр намуданд, ки саҳми ҷавонон дар пешбурди тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар назаррас мебошад. Дар ҷараёни конференсия олимон ва муҳаққиқони ҷавон бо се бахш: илмҳои дақиқ, ҷамиятшиносӣ ва биология ва тибб тақсим шуда, оид ба корҳои эҷодии хеш дар соҳаҳои фарҳангу забон, тибб, иқтисодиёт, кишоварзӣ, захираҳои обӣ, кимиё, ситорашиносӣ, энергетика ва заминшиносӣ маърӯза намуданд.

Ғолибони беҳтарин маърӯза бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи кумитаи тодорукот қадр карда шуданд.

Инчунин иштирокчиёни конференсия бо осорхона ва фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷик»ошноӣ пайдо намуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0180192