Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы

Item has already been added. Key in dictionary: '

]]>

]]>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    ' Key being added: '
    ]]>

    ]]>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    '


    Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

    Лента новостей

    20.05.200815:32

    Боз як сомонаи интернетии Тоҷикистон

                Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Боз як даричаи Тоҷикистон ба сӯи кишварҳои арабӣ боз шуд. Сокинони ин кишварҳо ва арабзабонони дунё имкон пайдо намуданд, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ иттилооти фавриро аз Тоҷикистон дастрас ва дар бораи ҷумҳурии мо маълумоти бештар пайдо намоянд.

               Ба инифтитоҳи саҳифаи нав ба забони арабӣ аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб мусоидат намуд. Ин нахустин саҳифаи интернетии Тоҷикистон ба забони арабист(www. tajikembassy-eg.org).

    Ин саҳифа аз панҷ бахш иборат аст: «Асосӣ», «Тоҷикистон», «Президент», «Вазорати корҳои хориҷӣ» ва

    «Сафорат». Дар бахши «Тоҷикистон» оид ба рамзҳои давлатӣ,истиқлолияти миллӣ, парлумон, ҳайати ҳукумат, таърих, сиёсат, иқтисод, фарҳанг, матни Сарқонун ва дигар қонунҳо маълумот дода шудааст. Бахши «Президент» хабарҳоро доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҷумаи ҳол, баромадҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат, суханрониҳои Президент, мусоҳибаҳои матбуотӣ ва ѓайраро дар бар мегирад. Дигар бахшҳои саҳифаи интернетии Тоҷикистон ба забони арабӣ низ бою пурмазмун аст.

    Дар ин бора аз сафоратиҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода гуфтанд, ки «Минбаъд саҳифаи интернетии арабӣ, ба манзури таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои муфид байни Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ ва исломӣ иттилооти воқеиро оид ба Тоҷикистон, ҳадафҳо, стратегия, ваҷҳҳо, самтҳо ва фаъолияти рӯзмарраи сиёсати дохилию хориҷии он ба ҷаҳони араб ва ислом, ҳамчунин хонандагони арабизабон ва арабидони ҷаҳон сари вақт ва мунтазам дастрас хоҳад намуд»

    Источник: ИА "ХОВАР"
    0.0
    - всего оценок (0)
    - ваша оценка


    Новый комментарий
    Автор Сообщение
    Данную новость еще не обсуждали

    Обсуждение в Facebook:




    Главные новости

    18.0113:22Движение «Старексов» и «Мерседесов» по проспекту С.Шерози запретят
    18.0113:17Пеле повернулся и подошел ко мне с мячом…
    18.0113:12Шестеро жителей афганского Вахана эвакуированы в Таджикистан с признаками обморожения
    18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи


    Самое обсуждаемое

    03.0114:13Открытое письмо Президенту Эмомали Рахмону(240)
    16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(5)
    17.0111:48Таджикистан не торопится вступать в ЕАЭС(1)
    18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(1)
    17.0106:19В Таджикистане муфтия Москвы назвали «борцом атеистического фронта»(1)



    (C) 2001-2017 TopTJ.com

    TopTJ.com - Новости Таджикистана
    00:00:00.0156271