Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

20.05.200813:33

«Донишҷӯи сол-2008»

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Шӯрои ҷумҳуриявии донишҷӯёни Тоҷикистон бо мақсади дарёфти донишҷӯи беҳтарин дар байни донишҷӯёни макотибиолии ҷумҳурӣ, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи илмдӯстӣ,меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2008»-ро баргузор намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, озмун аз 20 апрел то 19 майи соли ҷорӣ давом дошт. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маҳина Қандиёрова сазовори ҷойи аввал, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Тахмина Тиллоева вадонишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Амирҷон Нуров ҷойи дуввум ва донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд Шероз Ниёзовва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Абдулмӯъмин Шерхонов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон ва дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва Шӯрои ҷумҳуриявии донишҷӯёни Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Озмуни мазкурдар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида батаҷлили Соли Забони тоҷикӣ ва 1150 – солагии асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ байни донишҷӯёни лаёқатманду соҳибистеъдоди макотиби олии кишвар аз рӯи шартҳои кори хаттӣ аз забони давлатӣ, суолу ҷавоб, забондонӣ ва малакаи кор бо технологияи муосири компютерӣ доир карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

14.1209:23Мука с молью. Глава мукомольной компании предстанет перед судом
14.1206:36Главный коммунист Душанбе подозревается в мошенничестве
13.1213:51Российский Совет при президенте России по правам человека заступился за Шарипова
13.1213:35Президент Турции предложил провозгласить Иерусалим столицей Палестины
13.1212:40В Душанбе по итогам рейда закрыли несколько лепешечных и ресторан


Самое обсуждаемое

13.1207:00Сотрудник Академии наук Таджикистана оскорбил Бедиля и уволился с работы(3)
12.1223:28Прощай, NGN! Власти Таджикистана решили блокировать мессенджеры?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312572