Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

20.05.200814:33

Ин гуна вохӯриҳо заруранд

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Неъматуллои Нурулло).-Дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони мамлакат роҳбарияти як гурӯҳ шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо донишҷӯёни ноҳияҳои худ, ки дар донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, вохӯриву мулоқотҳо доир мекунанд.

Дирӯз ҳамин гуна вохӯриро дар маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, шӯъбаи маорифи ноҳиява намояндагон аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо донишҷӯдухтароне, ки аз ин ноҳия дар мактабҳои олии пойтахт таҳсил мекунанд,доир намуданд. Роҳбарияти шӯъбаи маорифи ноҳия дар сӯҳбат ба мо иброз доштанд, ки мақсад аз гузаронидани ин гуна вохӯриҳо аз ҳолу аҳвол вашароити таҳсили донишҷӯдухтарон огаҳӣ пайдо намудану ба онҳо ба қадри имкондасти мадад дароз кардан аст.

Дар назди масъулин иддае аз донишҷӯёнфикру мулоҳиза, дархосту пешниҳодҳои худро иброз дошта, қайд намуданд, ки мо аз ғамхориву кӯмакҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ розӣ буда, қавл медиҳем, ки дар оянда боз беҳтару хубтар таҳсил мекунем.

Дар охир ба гурӯҳи донишҷӯдухтароне, ки хубу аъло мехонанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд, аз ҷониби масъулинимақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тӯҳфаҳои арзанда тақдим гардид.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0908:06Золотой вечер Таджикистана в Ашхабаде
26.0907:13Президент Таджикистана отправил в отставку трех судей
25.0915:44«Москва» в страхе. Как живет рынок в Люблино после стычек мигрантов с полицией
25.0915:43Прощай, Даврон!
25.0914:28Пассажирский самолет совершил вынужденную посадку в Хороге


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00