Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

21.05.200813:32

Барномаи Радиои Тоҷикистон дар ҷойи аввал

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин).-Барномаи таҳиянамудаи кормандони Радиои Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт» дар Ҷашнвораи 1Х байналмилалии «Радио – садои фарҳангҳо» сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин барномаи радиоӣ аз ҷониби сармуҳаррири идораи барномаҳои «Мусиқӣ» Шаҳобиддини Ҳақназар ва саркоргардон Хайруллоҳи Иброҳим таҳия шуда, ҷиҳати ширкат дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ ирсол гардида буд.

Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Ҷашнвораи 1Х байналмилалии «Радио – садои фарҳангҳо» дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 13 бахш баргузор гардид ва дар бахши «Шоирони классики тоҷику форс», ки ба 1150 – солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда буд, барномаи омодакардаи кормандони Радиои Тоҷикистон дар миёни 54 кишвари ҷаҳон сазовори ин мақоми олӣ дониста шуд.

Чорабинии мазкур таҳти сарпарастии ЮНЕСКО сурат гирифта, ҳадафи он тарғиби фарҳангу тамаддуни кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0910:27Охота на хиджабы в Худжанде: женщину увезли в участок за отказ снять хиджаб
26.0909:05В Таджикистане возбуждены дела в отношении трех компаний - "работорговцев"
26.0908:06Золотой вечер Таджикистана в Ашхабаде
26.0907:13Президент Таджикистана отправил в отставку трех судей
25.0915:44«Москва» в страхе. Как живет рынок в Люблино после стычек мигрантов с полицией


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156231