Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.05.200815:32

Барномаи давлатии рушди забони тоҷикӣ таҳия ва қабул карда хоҳад шуд

«Забони миллӣ ва ташаккулипайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолиятидавлативу сиёсиимо мебошад. Он бояд аз ҳар ҷиҳат рушду нуму ёбад».(Э. Раҳмон). 

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик дарҷумҳурӣБарномаи давлатии рушди забони тоҷикӣ таҳия ва қабул гардида, Анҷумани забоншиносони Тоҷикистон созмон дода мешавад. Ин матлабдар конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди забони тоҷикӣ», ки 23 май дар Душанбе баргузор шуд, зикр гардид. Конфронс дар доираи бузургдошти Соли забони тоҷикӣ ва ҷашни 1150-солагииодамушуарроустод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Комиссияи татбиқи қонунизабониназди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ташкил карда шуд.

Ҳадафи конфронс баррасии паҳлӯҳои гуногуни рушди забони тоҷикӣ ва софу беолоиш нигоҳ доштани он буд.

Мудири шӯъбаи илму маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Ҳайдар Одинаев, донишмандони тоҷик Камол Айнӣ, Ғаффор Ҷӯразода, Усмон Назир, Баҳриддин Камолиддинов,Рӯзӣ Аҳмадов ва дигарон роҷеъ ба нақши шахсиятҳоисиёсӣ дар рушди забон, саҳми устод Рӯдакӣ дар поягузорӣ, рушдва поксозии забони тоҷикӣ, густариши забонҳо дар партави сиёсати забони тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба инкишофи забони тоҷикӣ бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад карданд.

Зикр шуд, ки истиқлолияти давлатӣ барои рушдизабони тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Забон пояи давлатдории тоҷикон буда, ҳамеша дар паноҳи давлат қарор дорад. Ин аст, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон забонро яке аз рукнҳои асосиисиёсати фарҳангии худ қарор додааст. Аз 26 июли соли 2007 бо фармони Президенти мамлакатэълон гардидани соли 2008 Соли бузургдошти забони тоҷикӣ шаҳодати ғамхории Сарвари давлатамон ба покизагию пуштибонии забони давлатӣ аст.

Иштирокдорони конфронс ҳамзамон атрофи масъалаҳое, ки ба рушди забон монеаҳо пеш меоранд, хусусан костагии забони воситаҳои ахбори омма, риоя нагардидани қоидаҳои имло, таҳия ва бо ғалат чоп карадани китобҳои дарсӣ ва мувофиқат накардани онҳо бо барномаҳои таълимии кишвар, инчунин таҳриру такмилиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораизабон» ва пешниҳоди он ба парлумони кишвар табодули назар карда, пешниҳодҳои ҷолиб, ки ба суфтагии забон ва ҳимояи он аз дигар зуҳуроти манфӣмусоидат менамоянд, баён доштанд. Дар анҷом доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳо дахлдор қабул карда шуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
5.0
- всего оценок (2)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00