Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.05.200813:32

Дар фурӯдгоҳи пойтахт зани нашъаҷаллоб дастгир шуд

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони сайрхати самти Душанбе - Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Сафароваи 30-соларо, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад, дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, боздошт намуданд.

Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми гузаронидани муойинаи шахсӣ аз меъдаи С.Сафарова 43 бастаи селофании сиёҳ гирифта шуд. Тибқи маълумоти экспертизаи лабораторӣ, маводи нашъаовари дарёфткардашуда героин буда, вазни холиси он 305 граммро ташкил медиҳад. Ӯ мехост ин маводро ба таври пинҳонӣ аз кормандони гумрук ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Нисбат ба Сурайё Сафарова дар асоси моддаҳои 32, қисми 3, 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.0814:58Украинцы освобождают места для приезжих из Средней Азии
16.0813:39Почему клиент «Тоджпромбанка» решился на самоубийство?
16.0812:49"Атласное шествие". Молодежь прошлась по столице в поддержку национальной одежды
16.0812:27Парламентский Совет обсудил поправки в закон «Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов»


Самое обсуждаемое

14.0816:01Мирзиеев: Каждый руководитель будет жить и дышать тем же воздухом, что и народ(9)
14.0809:52Ибрагим Усманов: мусульмане всего мира, кроме Средней Азии, проводят поминальные обряды без предложения еды(4)
14.0820:43Дойристки испортили настроение президенту Таджикистана(3)
16.0808:18Минобразования Таджикистана определилось, что можно носить школьникам, а что нельзя(1)
15.0807:52Трое граждан Таджикистана арестованы в Москве по подозрению в подготовке теракта(1)
15.0806:16В Узбекистане впервые чиновник официально признал, что учителей и врачей привлекают к сбору хлопка(1)
15.0811:20Душанбе устанавливает личности трех соотечественников, задержанных в Москве(1)
15.0816:00Таджикские мигранты получают самую низкую зарплату среди иностранцев в России(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156172