Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.05.200813:32

Дар вилояти Суғд интиқоли маснуоти заргарӣ ошкор гардид

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда давлатзода).- Кормандони Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Патар мошини тамғаи «Митсубиси-Пачеро» рақами давлатиаш ВТ 63-64 01 РТ-ро, ки ба шаҳрванд О.Алимов тааллуқ дошт, боздошт намуданд.

Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ аз боғоҷи дастии мусофири нақлиёти мазкур Дилоромхон Муҳаммедоваи 46-сола, ки истиқоматкунандаи ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ба миқдори 886 адад маснуоти заргарии гуногуннамуд, ки вазни умумии онҳо 1 килограмму 316 граммро ташкил медод, дарёфт гардид.

Номбурда ин миқдор маснуоти заргариро бидуни назорати гумрукӣ бо мақсади фурӯш аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

Дар асоси моддаи 198-иКодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Дилоромхон Муҳаммедова протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, истеҳсолоти парванда идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0510:36"Ямал" начнет полеты из "Жуковского" в Душанбе и Худжанд
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(1)
27.0515:10Автобусное сообщение между Таджикистаном и Узбекистаном возобновится осенью?
27.0512:24Как правильно держать пост в священный месяц Рамазан?
27.0512:09Они уже видят космонавта, академика…но моют ковры(1)


Самое обсуждаемое

25.0518:48Мой последний 95-ый(4)
27.0509:37Атлантисты продолжают «играть» в войну(2)
27.0512:48На 90 году жизни скончался автор «Великой шахматной доски»(1)
27.0512:09Они уже видят космонавта, академика…но моют ковры(1)
27.0517:45Рамазан: где провести ифтор в Душанбе(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00