Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.05.200811:32

Дастурҳои Президент масъулияти кишоварзонро бештар кард

Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамари заминҳо ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худиро деҳқонони ноҳияи Хисор сармашқи кори худ карда, аз рӯзҳои аввали фасли баҳор корҳои фаровонҳосилиро вусъат доданд. Ба ѓайрату ҳиммати онҳо ташрифи Сарвари давлат, ки рӯзи 22 май ба ин ноҳия сурат гирифт, таккони нав бахшид. Тавресарвари хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи ҲисорБаҳриддин Солиев

гуфт:

- Таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯз аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҳалли ин масъаларо аз ҷумла дар мадди аввал гузоштааст. Дар ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим таъкидоти пайгирона ва кумаку маслиҳатҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моро дилпур гардонда, ба ѓайратукӯшиш ва фатҳи қуллаҳои нав ба нав равона мегардонад. Натиҷаи чунин рӯҳбаландӣ аз дастуроти Сарвари давлат буд, ки заҳматкашони хоҷагии мо дар мавсими кишту кори имсола хуб меҳнат карда, имрӯз натиҷаҳои нахустини фараҳбахшро дида истодаем. Пеш аз ҳама аз он хушҳолу сарбаландем, ки заҳмату самараҳои ба дастовардаамон аз мадди назари роҳбарони мақомоти иҷроияи давлатии маҳаллӣ ва ҳукумату давлат дур намондааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари навбатии корӣ ба ноҳияи Ҳисор нахуст дар хоҷагии мо таваққуф кард. Нашъунамои хуби гандумзори хоҷагӣ Сарвари давлатро хурсанд гардонид ва ба масъулин, олимони соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки баҳри гузарондани санҷиш ва муайян намудани навъҳои беҳтарини ба иқлим ва релефи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мутобиқи гандум бо деҳқонон ҳамкории зич ба роҳ монанд. Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар ҳоли истифодаи тухмиҳои серҳосили ба заминҳои мо мутобиқ ва дуруст ба роҳ мондани коркарди агротехникии замин Тоҷикистон метавонад талаботашро пурра бо гандуми худӣ таъмин намояд. Мо имсол тухмии навъи ласточка (парасту) кишт намуда, ният дорем, ки аз ҳар гектар то 70-80 сентнерӣ ҳосил ба даст орем. Ҳолати имрӯзаи ѓаллазор гувоҳ бар он аст, ки ин ниятамон амалӣ мешавад.

Барои саҳмгузорӣ дар таъмини озуқавории мамлакат мо ба парвариши дигар навъҳои зироат низ диққату эътибори ҷиддӣ медиҳем. Хоҷагии мо дорои 1618 гектар замини корам мебошад, ки аз он 1133 гектараш обӣ аст. Дар ин қитъаҳо парвариши гандуму ҷав ва пахтаи тухмӣ,  шолӣ, сабзавот, полезӣ ва зироатҳои хӯроки чорворо ба роҳ мондаем. Бахусус дар соҳаи парвариши гандуми тухмӣ таҷриба хубу ибратбахш дорем. Бо интихобу парвариши беҳтарин тухмиҳои гандуму ҷав умед дорем имсол ҳосили баъзе қитъаҳоро то ба 90 сентнерӣ расонем. Дар сурати риояи ҳамаи қоидаҳои агротехникӣ, ҳатто баъзе аз навъҳои хушсифати гандуми киштнамудаамон то 120 сентнерӣ ҳосил доданашон мумкин аст. Инро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида карда, дастур дод, ки тамоми ҳосили заминҳои гандуми хушсифат барои захираи давлатии тухмӣ, баҳри таъмини хоҷагиҳои тухмипарвари дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ин деҳқонон харидорӣ карда шавад. Ин супориш деҳқонони моро хеле хушҳол кард, чунки нархи гандуми тухмӣ нисбат ба гандуми истеъмолӣ хеле баланд аст ва мутаносибан фоидаи бештар меорад.

Вазъи соҳаи чорвопарварӣ дар хоҷагии мо низ мувофиқи мақсад аст. Дар фермаи ширию молии хоҷагӣ барои фаъолияти хуби чорвопарварон шароитҳои хуб муҳайё намудаем. Имсол ба нақша гирифтаем аз 270 сар модагов 264 сар гӯсола ба даст орем. То охири сол ба комбинати шири шаҳри Душанбе 1014 тонна шир месупорем. Чунонки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, дар ноҳия ҳамагӣ 6400 сар говҳои ин зот мавҷуд аст ва пайваста барои тоза кардани зот чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дигар масъалаи муҳиме, киаз дастуроти Президент бармеояд ин истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замин мебошад. Ба ин мақсад ният дорембаъди дарави гандум дар ҳамаи 1000 гектар замини холишуда кишти такрории сабзавот ва зироатҳои лӯбиёгӣ, полезӣ ва хӯроки чорворо ба роҳ монем.

-Худованд ба кишвари мо ҳавои рӯҳбахш, оби мусаффо ва замини ҳосилхезро ато кардааст. Мо бояд аз ин шукргузорӣ карда, бо нияти нек меҳнат намоем ва маҳз ҳамин нияту заҳмат боиси фаровонҳосилӣ ва некӯаҳволиамон мегардад,- гуфт дар поёни сӯҳбат Баҳриддин Солиев

АМИТ «Ховар» 23 май

Каримзода Б.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.1113:276 лет тюрьмы за «"Like" и “Класс” в интернете
22.1113:02Близкий сосед лучше дальнего родственника, или почему странам Центральной Азии нужен новый экономический союз(1)
22.1111:31В Узбекистане массово проверяют «невинность» учениц школ
22.1111:22В Худжанде невестка убила свекровь, а в Рудаки мужчина «расправился» с бывшей женой
22.1110:50Эмомали Рахмон назначил нового заместителя министра иностранных дел


Самое обсуждаемое

22.1113:02Близкий сосед лучше дальнего родственника, или почему странам Центральной Азии нужен новый экономический союз(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263