Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.05.200808:32

Маҳфили ёдбуд дар ДДМТ

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон маҳфили ёдбуди олим, муҳаққиқ ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Ҳамроқул Шодиқулов баргузор гардид.

Маҳфил ба хотири 65 – солагии зодрӯзи ин муҳаққиқи барҷаста доир шуда, дар он устодони як қатор Донишгоҳҳои олии кишвар, шогирдону пайравон ва пайвандони марҳум ширкат намуданд.

Садри факултаи журналистикаи ДДМТ Сангин Гулов зимни ифтитоҳи ҷамъомад заҳмату талошҳои Ҳ. Шодиқуловро дар рушди забон ва адаби муосири тоҷик муҳим арзёбӣ кард.

Сипас устодон, донишмандону адабиётшиносон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Пайванди Гулмурод ва наздикону пайвандони устоди шодравон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҳамроқул Шодиқулов умри хешро дар густариши бахшҳои гуногуни илму дониш сарф намуда, ба имрӯзиён намунаи осори пурарзишро ба мерос гузоштааст.

Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки фаъолияти илмии устод, асосан дар ду самт - «Таъсири адабиёти халқҳои дигар ба адабиёти тоҷик» ва «Таъсири адабиёти тоҷик ба халқҳои ҷаҳон» - ҷараён гирифтааст.

Бояд гуфт, ки Ҳамроқул Шодиқулов солҳои зиёде ҳамчун муовини директори Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият карда, ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба шогирдон дарс гуфтааст. Аксари шогирдони устод мутахассисони касбии соҳаҳои худ буда, дар ҷодаи илму ҳунар сарбаландона фаъолият менамоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
19.0118:46Чья "Коровка"? Душанбе поставил точку в споре российских и украинских кондитеров
19.0116:01Житель Душанбе решил «раскрутиться» за чужой счет
19.0115:24С «Талибаном» нужно договариваться. Другого выхода нет?
19.0115:09На малой родине Мирзияева строят "Белую мечеть"


Самое обсуждаемое

18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(6)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(6)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
19.0109:40Новый глава Минздрава - о проблемах таджикской медицины(1)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156279