Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.05.200809:32

Иқдоми навбатии Бонки рушди Тоҷикистон барои ҷалби муштариён

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Бонки рушди Тоҷикистон» барои ҷалби муштариёни худ иқдоми «Пул ба ҳама лозим»-ро пешниҳод намудааст. Ҳадаф аз гирифтани чунин тасмим зиёд намудани эътимоди мардум ба бонк, ҳифз ва афзун намудани пасандозҳои муштариён мебошад.

Тавре аз бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муштариён метавонанд дар ин бонк дар баробари гузоштани пасандозҳояшон, ҳамчунин дӯстону шиносҳояшонро ба ин кор ҷалб намоянд ва барои ҳар як мизоҷи ҷалбшуда соҳиби мукофоти пулӣ гарданд.

Иқдоми мазкур аз 1 – уми июн то 31 –уми августи соли ҷорӣ идома меёбад. Барои иштирок дар он лозим меояд, ки шумораи зиёди пасандозгузорон ҷалб карда шаванд.

Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат қатъ намудани пасандоз, маблағи мукофотпулӣ аз ҳисоби пасандозгузори ҷалбшуда гирифта мешавад. Ҳифзи воситаҳои ба ҳайси пасандоз ба ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» воридшуда, дар доираи ӯҳдадориҳои бонки мазкур, дар назди ҳар як пасандозгузор кафолат дода мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0308:20В Таджикистане зафиксированы подземные толчки
29.0307:51Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне предупреждает о непогоде в ближайшие дни
29.0306:31Рустам Эмомали переименовал столичное ТВ
28.0316:50Лукашенко назвал Путина родным братом
28.0316:35Землю под «резиденцию Дмитрия Медведева» арендовали за 40 рублей в год


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(3)
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(2)
28.0309:32ТАЛКО и РУСАЛ окончательно помирились(1)
28.0307:45Пилькевич: «Подлые люди тут не задерживаются…»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156278