Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.05.200809:32

«Занги камолот» рӯзи якшанбе баргузор мешавад

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин).-«Занги камолот» тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ пагоҳ 25 май гузаронида мешавад.

Дар ин бора сухангӯи Вазорати маориф Ноилшо Нуралиев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар асоси фармони вазири маориф «Занги камолот» фақат дар дохили мактабҳо дар муддати як соат баргузор мешавад. Даъвати сарояндагону ҳунармандони кишвар барои иҷрои барномаҳои косертӣ дар мактабҳо манъ аст, яъне ин чорабинӣ танҳо аз тарафи маҳфилҳои мусиқие, ки дар дохили макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ амал мекунанд, бо иштироки толибилмони ин мактабҳо, ҷараён мегирад.

Сайру гашти хатмкунандагон низ бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон шудааст. Ин тадбир ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли ба вуҷуд омадани садамаҳои нақлиётӣ аз тарафи хатмкунандагон анҷом шудааст.

Бояд гуфт, ки «Занги камолот» имсол дар 3 ҳазору 810 макотиби таҳсилоти умумии мамлакат барои 84 ҳазору 308 хатмкунандагони синфҳои 11, ки аз ин теъдод 32 ҳазору 729 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, садо хоҳад дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
5.0
- всего оценок (2)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0711:05Житель Спитамена подозревается в жестоком убийстве беременной подруги
21.0710:33Налоговый комитет назвал крупных должников по налогам
21.0709:58Лихорадка вновь пришла на юг Таджикистана?
21.0709:53Tcell и «Билайн» начали выплачивать штрафы. На очереди «Мегафон», — Налоговый комитет
21.0709:30Гражданин Таджикистана пытался вывезти в Россию монету царской эпохи


Самое обсуждаемое

20.0715:41Мамадазимов: Саудовская Аравия отказала РТ в деньгах из-за катарского кризиса(3)
18.0713:29Далер Кузяев: Звали играть за Таджикистан, но я хочу выступать только за Россию(2)
19.0713:41Россия экстрадировала в Таджикистан дезертира(2)
20.0718:52В Таджикистане пожаловались на резкое снижение трудовой миграции(1)
19.0716:37Минсельхоз: Прошли те времена, когда килограмм картошки стоил 60 дирам(1)
21.0711:18Минкультуры разрабатывает образцы исконно таджикской одежды(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312526