Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

26.05.200811:32

Машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили назорати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафарҳои кориаш ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ тайи беш аз як моҳи охир баён гаштаанд, ҷамъбасти фаъолияти 5-моҳа ва омодагӣ ба чорабиниҳои минбаъдаи нақшавӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба тезондани ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ, захираи тухмии хушсифати ғалладонаю сабзавот, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обии озодшаванда ва таъмини кори бемонеаи пойгоҳҳои обкашӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Мавзўъи дигари машварат ривоҷ додани корҳои созандагӣ ва бунёди иншооти азими стратегӣ буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ахбори масъулин оид ба вазъи корҳо дар иншооти энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣба шахсони дахлдор доир ба суръат бахшидани сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-1, идомаи сохтмони навбати аввали нерўгоҳи Роғун,тезондани татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Ваҳдат – Ёвон, хатти 500 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар мавсими фаровонии нерўи барқ, яъне аз моҳи июн корхонаҳои саноатӣ дар се баст - шабу рўз фаъолият карда, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рафти корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба Рўзи Ваҳдат ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷўҳ намуда, дар назди масъулин оид ба ташкил ва дар сатҳи баланд гузарондани онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар фароварди машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои дахлдорро оид ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда, захираи фаровони ангишт ва гази моеъ, зиёд намудани нуқтаҳои фурўши онҳо ва таъмин кардани муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маводи зарурӣ қатъан вазифадор намуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0715:36Рабский труд таджикских мигрантов в арабских странах(6)
24.0713:34Атамбаев не боится размещать в Кыргызстане вторую российскую военную базу(2)
24.0713:06Атамбаев: я никогда не прощу Аскара Акаева
24.0712:50Таджикский боксер Мехрубон Сангинов стал чемпионом мира по версии WBB
24.0712:09Главбух Центра международных программ Минобразования задержан по подозрению в коррупции


Самое обсуждаемое

24.0715:36Рабский труд таджикских мигрантов в арабских странах(6)
22.0713:30Следуй моде и политике государства(5)
24.0713:34Атамбаев не боится размещать в Кыргызстане вторую российскую военную базу(2)
23.0712:59Звонок Гулру после года молчания: "Мама, вытащи меня из Ирака!"(2)
22.0722:57Главный налоговик: машины моих подчиненных не столь дорогие, как кажется(1)
23.0709:0010 нестандартных отзывов туристов, побывавших в Центральной Азии(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312493