Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.05.200808:32

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коҳиш додани хавфи офатҳои табиии марбут ба об нақши муассир мегузорад

Мусаллам аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» қатъномақабул карда буд.

Дар доираи иҷроиши ин қатънома дар кишварҳои мухталифи ҷаҳончорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-28 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳоитабиии марбут ба об баргузор мегардад.

Вобаста ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии аҳамияти байналмилалидошта хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати таҳлил ва тадқиқотистратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории Кумитаи тадорукоти ташкил ва гузарониданиконфронс Асрор Одинаев ва сардори Раёсатииттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣДавлаталӣ Назриев муҳоварае орост, ки онро пешкаши хонандагони гиромиқадр менамоем:

М.С: - Мӯҳтарам Давлаталӣ Ҳайдарович, лутфан мегуфтед,ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон заруратидар пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе баргузор намудани чунин як конфронси байналмилалӣ дар чист?

-Бояд тазаккур дод, ки конфронси байналмилалӣ бахшида ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиии вобаста баоб дар чаҳорчӯбаиДаҳсолаибайналмилалииамалиёти «Об барои ҳаёт» гузаронида мешавад. Дар шароити феълӣдоир намудани чунин конфронс аҳамияти калони назариявию амалӣ дорад.Зеро оқибатҳои офатҳои табиии марбут ба об бисёр хусусиятҳоиглобалиро дошта, таъсир ва аломатҳои онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар мегузаранд. Дар ду даҳсолаи охир ҳар сол ба ҳисоби миёна 200 миллион нафар мардуми сайёрааз офатҳои табиӣ зарар мебинанд.

Тӯли чанд соли охир дар минтақаҳо ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон офатҳои табиии вобаста ба об ба рухдода, боиси харобиҳои зиёд, талафотикалони иқтисодӣ ва ҳалокати одамони зиёд гардиданд.

Танҳо тӯфону обхезие, ки чанде пеш дар кишвари Мянма бамааломад сабабимарги беш аз 60 ҳазор нафар одамон гардид ва даҳҳо ҳазор манзилу биноҳоро хароб кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, 93 дар сади қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ва бо мавқеи ҷуғрофиашяке аз давлатҳои дорои захираҳои бои об дар минтақа мебошад.Аз ин, рӯ дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ ва захираҳои обаш ба офатҳои табиии вобаста ба об бештар дучор мешавад ва ҳамасола зарари калон мебинад. Аз ин рӯ, баргузор шудани ин конфронс дар Душанбе саривақтӣ ва бисёр муҳим аст.

- Мӯҳтарам Асрор Тошмадович, мегуфтед, ки омодагииҶумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар кадом сатҳ аст?

-Бо мақсади доир намудани конфронси байналмилалӣбо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонКумитаи тадорукотиКонференсияташкил карда шуд. Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов раиси Кумитаи тадорукот буда, муовинии онро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ба ӯҳда доранд.

Дар назди Кумитаи тадорукот гурӯҳи корӣдоир ба ташкил ва гузарони конфронссозмон дода шуд.Ҳамзамон Шӯрои байналмилалии машваратӣҷиҳати мусоидат намудан дар ташкиликонфронс, коркарди барнома ва мавзӯъҳои ҷаласаҳои он, ҷалби ширкатидоираи васею бонуфузи мутахассисониварзидаи ҷаҳонӣ ба конфронстаъсис дода шуд. Ба ҳайати он шахсони шинохта аз ҷумла, Салвано Бризено- сарвари Стратегияи байналмилалии Созмони Милалли Мутаҳид оид ба коҳиши офатҳои табиӣ, Луи Фашон - президенти Шӯрои байналмилалии об, Луис Берга- раиси Комиссиони байналмилалӣоид ба сарбандҳои азим, Ода Ҳайдеаки- мушовири Президенти Форуми оби Ҷопон, Ҷалоси Наги -ёвари Дабири Кулли ЮНЕСКО ва Аслам Чоудри - мудири масълаҳоиоби ДепартаментиСММ оид ба масъалаҳоииқтисодию иҷтимоӣва намояндагони созмонҳоибайналмилалии муқими шаҳри Душанбедохил шуданд.

17 апрели соли ҷорӣ дар Душанбе мулоқотиШӯрои машваратииКонфронси байналмилалӣоид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об доир гардид. Дар мулоқот Мудири стратегияи байналмилалиикоҳиши офатҳои табиии СММ Солвано Брайсено, намояндаиФоруми байналмилалии оби Ҷопон Купио Кавамото, роҳбарон ва дипломатҳои 16 намояндагии дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони14 созмони байналмилалӣ, кормандону масъулини вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистоништирок карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти Шӯроимашваратӣ ба иштирокдорони он роҷеъ ба рафти иҷрои корҳо ва омодасозии конфронс гузориши муфассал дода шуд.

Ширкаткунандагони мулоқот ба таври фаъол лоиҳаибарномаи конфронсро, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣомода ва таҳия шуда буд, муҳокима намуданд.

Масъалаи таҳияи Ҳуҷҷати ниҳоииконфронс низ мавриди баррасии ширкаткунандагонион қарор гирифт.

Бояд зикр кард, ки мулоқоти Шӯрои машваратии конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба обқадами ҷидии амалӣ дар роҳи омодасозии конфронси дар пеш истода мебошад.

М.С: Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди гузаронидани конфронси байналмилалӣ аз ҷониби кадом созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ пазируфта шуд ва кадоме аз созмонҳои байналмилалӣ дар доир намудани он мусоидат менамоянд?

А.О:-Мавриди зикр аст, ки иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид ва департаментҳои он- Барномаи Рушди СММ, Департамент оид ба масълаҳоииқтисодӣ, иҷтимоӣ, Стратегияи байналмилалии СММ оид ба коҳиши офатҳои табиӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Агентии Шветсария оид ба рушди ҳамкорӣ, Бунёди байналмилалии наҷоти Аралва дигарсозмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.

Бояд хотирнишон кард, ки Барномаи Рушди СММ, департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва СозмониАмният ва Ҳамкории Аврупо барои гузарониданиКонфронси мазкур кӯмаки молиявӣ мерасонанд.

М.С: Дар конфронснамояндагони чанд давлати ҷаҳон ва боз кадом созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок ва маърӯза менамоянд?

А.О:- Алҳол тавассути Кумитаи тадорукот ва гурӯҳи корӣ464 даъватнома ба суроғаи 159 созмони байналхалқӣ, минтақавӣ ва ҷамъиятӣ, 51 муассисаи давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, 45 муассисаи илмию таълимӣва институтҳои молиявӣ, ки 48 кишвари дунёро дар бар мегирад, фиристонида шудааст.

То ҳол аз 42 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷамъиятӣ, 32 муассисаи илмию таълимӣ, институти молиявӣ ва сохторҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ дар маҷмӯъ аз 171 нафар барои иштирокдар конфронс розигӣ гирифтем.

Аз ҷумла, ҷаноби Марк Перрен де Бришамбо-Дабири Кулли САҲА,Луис Берга –сарвари комиссияи байналмилалии сарбандҳои азим, Луис Фашон –Президенти Шӯроибайналхалқии об, Андрас Сжалоси-Наги –ёрдамчииДабири кулли ЮНЕСКО, сарварибарномаи байналмилалии гидрологӣ, Котиби Форуми 5-уми умумиҷаҳонии об, Котиби Конфронси байналмилалии Давос дар бораи коҳиш додани хавфҳо, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва намояндагони воломақоми созмонҳоибайналмилалӣхоҳиши иштирок дар конфронсро баён карданд.

М.С:-Кадом масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи башарӣ, хусусанкишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷониби иштирокчиёни конфронсмуҳокима мегарданд?

А.О:- Масъалҳои мубраме, кидар ҷараёни баргузории конфронсмавриди баррасии иштирокдорони он қарор мегиранд - ин коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва Рушди Ҳазорсола, обшавии пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва идораи офатҳои табиӣ, офатҳои табиӣ дар ҳавзаи баҳри Арал, хушкшавиизаминҳо,назорати обанборҳои хатарнок, сарбандҳо, офатҳои табиӣ ва истифодабарии захираҳоиобию энергетикӣ, идоракунии обхезиҳо, таҳкими потенсиали созмонҳои миллӣ ва минтақавӣ дар муборизабо офатҳои табиӣ, иштироки ҷомеа дар коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба обва идораизахираҳои об ҳамчун омили кам кардани таъсироти офатҳои табиӣ мебошанд.

Ҳамчунин умедворем, ки натиҷаҳои аз ин конфронс ба дастомада, дар форуми якуми Осиё-Уқёнуси Оромва масъалаи асосии он «Идоракунииофатҳо марбут ба об» дар ин конфронсвасеъ шарҳ дода мешаванд.

М.С:Аз ин чорабинии муҳим чи натиҷаи самарабахшроинтизор шудан ба маврид аст? Ё дар роҳи ҳалли коҳиш додани офатҳои табиии вобаста ба об чи нақшимуассир хоҳад гузошт?

А.О: - Ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ аз ин чорабинӣ ҳадафи асосии конфронс аст. Мо умед дорем, ки конфронс дар масъалаи фарох гардониданиогоҳкунии аҳолӣ дар мавриди офатҳои марбут ба обва андешиданичораҳороҷеъ ба огоҳкунӣ, пешгирӣ намудан ва сабук намудани оқибатҳои он, мусоидат ба сафарбаркунии ҳукуматҳо, муассисаҳои СММ, мақомоти минтақавӣ, сектори хусусӣ ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ барои таъсисиҷомеаи мустаҳкамҷиҳати созмон додани фарҳанги огоҳкунӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, ташаббуси ҷалбитеъдоди зиёди ҳамкорон дар ҳалли масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалииамалиёти «Об барои ҳаёт» ва барномаи чаҳорчӯбаиамалиёти Хеокс, ки қисматиҷудошавандадар дастовардиҲадафҳои рушди ҳазорсолда аст ва таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ дар мубориза бар зидди офатҳои табиӣ ва кам кардани таъсири онҳо нақши бузург хоҳад гузошт.

М.С: -Давлаталӣ Ҳайдарович, тавре Шумо дар боло зикр кардед, ҳар сол аз офатҳои табиии вобаста ба обба иқтисодиёти Тоҷикистонхисорот ворид мегардад. Дар ин росто, баргузории ин конфронс дар мавриди коҳиш додани фалокатҳои табиии вобаста ба об ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ чи аҳамият дорад?

Д.Н:- Бале, Тоҷикистонҳар сол аз офатҳои табиии марбут ба об зарарикалон мебинад. Яке аз ҳадафҳониз ҳамин аст, ки мо боядатрофи ин масъала ҷиддӣандеша намоем. Бисёр мавзӯъҳо ба мушкилотикишвари мовобастагии бевосита доранд. Масалан, сохтани сарбандҳо, ки ҷараёни дарёҳоро то дараҷае батанзим дароварда, ҳодисаҳои фоҷиаоварро безарар мегардонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ хатари канда шуданикӯли Сарезро таъкид кардааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷмиоби ин кӯл17 километри мураббаъро дар бар мегирад ва метавонад ҳаёти 6 миллион аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистону Туркманистонро зери хатар гузорад.

Масъалаи дигар, ки дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар омадааст, обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳост.

Дар даҳсолаи охирҷомеаи ҷаҳонӣдар масъалаи кам кардани таъсири офатҳои табиӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ҳам,то ҳол танҳобарои бартараф кардани оқибатҳои онҳоэътибор дода мешавад. Зарур аст, ки дар бораипешгирии офатҳои марбут ба об бо ҷалби ҷомеаи башарӣ аҳамияти бештар дода шавад.

Мо итминони комил дорем, ки мутахассисон ва коршиносони варзидаихориҷӣ, ки аксарияти онҳо дорои таҷрибаи кофӣ ва пешқадам мебошанд дар конфронс роҷеъ ба мушкилоти ҷумҳурии мониз бо таваҷҷӯҳ, хусусан ба осебпазирии Тоҷикистон ибрози назар хоҳанд кард, ки ин бисёр муҳим мебошад.

М.С: Дар пойтахти давлатамон- шаҳри Душанбе баргузор намудани чунин чорабинии муҳими байналмилалӣ боиси баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари соҳибистиқлоламон дар арсаи ҷаҳон аст. Дар робита бобати тарғиби он кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

Д.Н: -Воқеан, конфронс чунин ниёзро дорад. Тақвияти ҳамкории минтақавӣ нисбати коҳиши хавфи офатҳоитабиии марбут ба об, мусоидат намуданба баланд шуданисатҳи иттилоотииаҳолӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам дар ин соҳа, ҳамчунинҷалб намуданитаваҷҷӯҳи ҷомеаиҷаҳонӣба проблемаҳоикоҳиш ва пешгирӣ намуданиофатҳои табиии марбут ба об дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа аз ҳадафҳои асосии конфронсмаҳсуб мешаванд. Ва момақсад дорем, кидар ин борана танҳо дар дохили кишварамон балки дар хориҷи он низ иттилои заруриро паҳн намоем.

Чанде қабл сайти интернетии конфронс бо забонҳои русӣ ва англисӣифтитоҳ карда шуд ва ҳамарӯза саҳифаҳои он аз иттилои тоза мукаммал гардонида мешаванд.

Ҳамзамон маълумотномаимухтасари аввалия- китобча роҷеъ ба конфронснашр гардида, ба даъватшудагон фиристонида шуд.

Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистонниз филми кӯтоҳметражаеро дар бораи офатҳоитабиии марбут ба об ба навор гирифт, ки рӯзҳои баргузории конфронснамоиш дода мешавад.

Бо назардошти оне, ки рӯзҳои баргузоршавии конфронс торафт наздик мегарданд, бо истифода азфурсати муносибаз воситаҳои ахбориомма, хусусан журналистон хоҳиш карданӣ ҳастем, кидар инъикоси масъалаҳое, ки ба конфронс таалуқ доранд, ташаббус нишон дода, фаъол бошанд. Ва дар ин самт Кумитаи тадорукоти баргузории конфронси байналмилалии коҳиш додани хавфи офатҳои табиии вобаста ба обва гурӯҳи кории ономода ҳастанд, ки ҳамагуна иттилоот ва маводи заруриро пешкашикормандони ВАО гардонанд.

Ташаккур барои сӯҳбати самимию пурмӯҳтаво

Мусоҳиб, Марзия Саидова,

хабарнигори АМИТ «Ховар»

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1211:04В Таджикистане запрещено оказание услуг почтовой связи без лицензии
07.1210:36В Москве и Подмосковье задержаны 25 подозреваемых в экстремизме
07.1210:26Сложная конъюнктура для ведения бизнеса в Таджикистане ограничила поток инвестиций
07.1210:10Новый президент США будет жить за проволокой (фото)
07.1209:26Чудо под Москвой


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(3)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247