Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.05.200801:36

Машваратии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарии Вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои зертобеи он, роҳбарияти дигар идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», роҳбарони муассисаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» ва судяҳо пешниҳодшударо барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои дар назди мақомоти сатҳу зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ қарордошта ёдовар шуда, онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллати худ ҳидоят намуд.

Назорати иҷрои нишондодҳои муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ тариқи истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои корам ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва ҳамчунин татбиқи барномаю нақшаҳои гуногуни давлатӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини Вазорати кишоварзӣ дар шароити имрўза маънидод гашт. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин ба кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ пешниҳодгашта дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри дастгирии молиявии кишоварзон тавассути афзун намудани қарзҳои хурд ба масъулини Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» дастуру ҳидоятҳо дод.

Кадрҳои ба мақоми роҳбарони муассисаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» пешниҳодгашта худ изҳор доштанд, ки вазифаю масъулияти бар дўш гирифтаашонро хуб медонанд ва баҳри иҷрои онҳо камар мустаҳкам бастаанд.

Ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо ва риояи адолати судӣ аз зумраи вазифаҳои асосии судяҳо арзёбӣ гардид.

Ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодгашта қавл доданд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати мардумсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу қобилияти худро равона карда, дар рушду нумўи кишвар саҳмгузор мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0413:34Спецслужбы Таджикистана пока не выявили местонахождение Кори Восита
23.0413:30Машины стоят, предприниматели ждут, таможня разводит руками
23.0411:47Центральная Азия под прицелом
23.0410:14СП Таджикистана избавился от литераторов, которые «не могут написать даже автобиографию…»
23.0409:51Таджикистан предложил России увеличить срок пребывания граждан РТ в РФ без регистрации


Самое обсуждаемое

23.0408:36Вашингтонские власти «в плену» собственных санкций(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0380365