Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

29.05.200801:39

Меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор истеҳсоли ғалларо афзун карданианд

            Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин).- Аҳли заҳмати ноҳияи Ҳисор аз таваҷҷӯҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзии ин ноҳия ва ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳия ибрози хушнудӣ намуда, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ талош менамоянд.

Ба андешаи сарагрономи ноҳияи Ҳисор Маҳмадсаид Шарифов, мардуми заҳматкаши ин ноҳия дар посух ба муроҷиати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон, имсол дар ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои он саҳми намоён гузоштанианд. Кишоварзони ноҳияи мо аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода намуда, барои таъмин намудани оилаҳои худ ва аҳолии навоҳии атрофи шаҳри Душанбе аз тамоми нерую дониши худ истифода мекунанд.

М. Шарифов мегӯяд, ки меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор тамоми дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба масъулин ва олимони соҳаи кишоварзии ноҳия дода буданд, пурра ҷонибдорӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани онҳо аз тамомои имконот истифода намоянд.

Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат

зимни боздиди кории худ аз ноҳияи

Ҳисор ба масъулин ва олимони соҳаи кишоварзии ноҳия дастур дода буд, ки баҳри гузарондани санҷиш ва муайян намудани навъҳои беҳтарини ба иқлим ва релефи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мутобиқ намудани гандум бо деҳқонон ҳамкории зич ба роҳ монанд.

- Дар асоси ҳамин дастурҳои Президенти Ҷумҳурӣ ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳия бо кишоварзону деҳқонон ва хоҷагиҳо хуб ба роҳ монда шуда, умед дорем, ки ин ҳамкориҳо самараи дилхоҳ хоҳанд дод, - мегуяд сарагрономиноҳия Маҳмадсаид Шарифов.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки боздиди се роҳбари олимақоми кишварҳои дуру наздики олам, аз қабили Афғонистон, Туркманистон, Қатар ва меҳмонону намояндагони як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҳисор боз ҳам шарафи Тоҷикистонро дар миёни дигар ҷумҳуриҳо баландтар мебардорад. Ташрифи чунин миеҳмонони олимақоми хориҷӣ ба ноҳия боиси ифтихори мо ҳисориён аст, ки онҳо дар баробари боздиди худ аз ноҳия, ҳамчунин таҷрибаи кишоварзони моро меомӯзанд ва барои тақвияти ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия мусоидат менамоянд.

- Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар ҳоли истифодаи тухмиҳои серҳосили ба заминҳои мо мутобиқ ва дуруст ба роҳ мондани коркарди агротехникии замин Тоҷикистон метавонад талаботашро пурра бо гандуми худӣ таъмин намояд.

- Ин таъкидҳои Сарвари давлат комилан дурустанд ва асоси воқеӣ низ доранд, зеро иқлиме, ки Худованд барои Тоҷикистони мо додааст, барои истеҳсоли қариб ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ мусоид аст. Ҳатто аз як замин дар як мавсим рӯёнидани то чор намуди ҳосил имкон дорад. Дар ин бора Президенти кишвар низ зимни боздидҳои худ аз минтақаҳои гуногуни мамлакат борҳо таъкид кардааст. Мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҳисор ҳам дар асоси ин таъкид ва супоришҳои Роҳбари давлат ният доранд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ ба кишти дигар намудҳои зироатҳои кишоварзӣ ва сабзавот камар банданд.

- Дар баробари пешниҳодҳои муфиду судбахши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзони ноҳия, нуктаи ҷолиби дигар ин истифодаи навъи гандуми киштнамудаи деҳконони ноҳияи Ҳисор ҳамчун гандуми тухмӣ аз тарафи дигар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ буд. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тамоми ҳосили заминҳои гандуми хушсифат барои захираи давлатии тухмӣ баҳри таъмини хоҷагиҳои тухмипарвари дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ин деҳқонон харидорӣ карда шавад. Ин супориш деҳқонони ғаллакорро хеле хушҳол кард, чунки нархи гандуми тухмӣ нисбат ба гандуми истеъмолӣ хеле баланд аст ва мутаносибан ба онҳо фоидаи бештар меорад. Яъне ноҳияи мо муваззаф гардид, ки аз ҳисоби гандуми киштнамудаи худ ҳамчун тухмӣ онро ба дигар хоҷагиҳои гандумкори мамлакат фурӯшад.

- Чунин тарзи пешниҳод ба нафъи аҳли заҳмати ноҳия хоҳад буд, зеро аз ҳисоби фоидае, ки хоҷагиҳо аз фурӯши гандуми тухмӣ ба даст меоранд, барои мо шароити мусоид фароҳам меояд, то ҷиҳати рушди соҳа дар ноҳия хоҷагиҳоро бо техникаҳои муосири кишоварзӣ таъмин намоем.

- Дар сурати таъмини хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо тухмии хушсифати ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ имкони кишти такрории ин навъҳо дар заминҳои ноҳия вуҷуд доранд. Хушбахтона, Президенти кишвар ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои ноҳия бо ин навъи тухмиҳо дастур доданд, ки ба назари мо, дар баробари додани натиҷаи самарабахши ин таҷриба мушкили норасоии гандум дар ҷумҳурӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни машварате, ки бо аҳли заҳмати ноҳияи Ҳисор баргузор намуда буд, мардумро ба меҳнати поку софдилона, саҳмгузории намоён дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда даъват намуд, ки ин муроҷиати Сарвари давлат аз ҷониби аҳолии ноҳия бо дилгармӣ ва ҳамовозии амиқ ҷонибдорӣ карда шуд.

- Мо аз он хушнудем, ки Президенти ҷумҳурӣ барои беҳбуд бахшидани вазъи зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон кӯшишу талош доранд, аз ҷумла дар ҷараёни суханронии худ дар машварат бо аҳли заҳмати ноҳия иброз намуда буданд, ки аҳли заҳмати ноҳия ба ҷойи харҷу хароҷоти беҳуда аз ҳисоби даромади бадастовардаи худ барои некӯаҳволӣ ва вазъи зиндагию маишати худ замина фароҳам биёранд, барои худ хонаҳои замонавӣ бисозанд, мошинҳо ва техникаҳои муосири кишоварзӣ харидорӣ намоянд, барои истироҳат ва рафъи хастагии худ ба осойишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар раванд ва ҷаҳонбинии хешро васеъ намоянд.

- Ҳамаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат ба мо, кишоварзон ва меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор, рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва мо барои боз ҳам пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардуми шарифи Тоҷикистон аз сидқ ва софдилона меҳнат намуда, талош менамоем, то дар рушду нумӯи соҳаи кишоварзии ҷумҳурии азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари заминҳо ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонону кишоварзони ноҳияи Ҳисор ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри татбиқи ин ҳадафҳо саъю кӯшиш намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар заминаи усувор фароҳам меоранд.





Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00