Душанбе , 29 май. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Солҳои охир дараксари давлатҳои дунё тамоюли зиёдшавии аҳоли ба назар мерасад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин истисно нест.
Тибқи пешгӯии назариячиён, аҳолии Тоҷикистон то соли 2020 ба 10 миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, пешниҳоди Сарвари давлат дар бораи аз як замин гирифтани се - чор ҳосил асоси назариявӣ дорад ва аз ҷониби мардум ҳаматарафа дастгирӣ меёбад.
Аъзои оилаи Шукурзодаҳо аз ноҳияи Шаҳринав маҳз дар асоси муроҷиатномаи Президенти мамлакат аз
30 гектар замини дар ихтиёр доштаашон 150 тонна ғалла, 200 тонна картошка ва даҳҳо тонна сабзавоту маҳсулоти полезӣ ба даст оварданианд. Аъзои ин оила бароиба даст овардани ҳосили пешбинишуда, заминаи хуб гузоштаанд.