Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.05.200809:54

Cӯҳбати Сарвари давлат бо кадрҳои навтаъиншуда

            3 майи соли 2008Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Баъди сӯҳбати судманду пурмӯҳтаво, ки дар ҷараёни он  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллати худ ҳидоят намуд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафар ба вазифаҳои раисону муовинони раисони судҳо ва судяҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

Ғайр аз ин Эркин Қосимов сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Асомиддин Саидов сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон, Фаррух Шарипов Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, Ҳаким Мирсаев мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асрор Латипов мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷиноятҳои коррупсионӣ изҳори нигаронӣ карда, кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ таъиншударо ба риояи адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазифаю супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда оид ба ҳифзи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва мардуми кишвар ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки кадрҳои ба вазифаҳо таъиншуда тамоми донишу маҳорат ва малакаи касбии худро ба манфиати халқу Ватани хеш равона месозанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.0117:17Президент снял с должности одного из заместителей министра культуры
16.0116:01В приговорах Зайда Саидова и Бузургмехра Ерова нет ничего политического, — глава ВС Таджикистана(2)
16.0115:31В Китае обнаружена пшеница 2800-летней давности
16.0115:25В Таджикистане грядут сильные морозы. ФОТО


Самое обсуждаемое

13.0119:20Да будет "свет"! Энерголимит в Таджикистане будет снят в разгар зимы(5)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(3)
16.0112:14Как откупиться от Китая?(2)
16.0116:01В приговорах Зайда Саидова и Бузургмехра Ерова нет ничего политического, — глава ВС Таджикистана(2)
16.0114:10Услуги ЕКЦ для мобильных операторов подорожали на треть(1)
16.0116:06Мэрия Москвы нарисовала комикс с правилами поведения мигрантов(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00