Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.05.200810:54

Вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусбӣ аст

Душанбе, 3 май (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин). Хушбахтона, вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии мо тайи солҳои охир рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар гувоҳи он аст, ки сатҳи зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солҳои қабл беҳтар гардидааст.

Бахусус, вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии мо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тамоюли болоравиро ба худ касб намудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Сиёсати имрӯзаи иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат омили асосии пешрафти соҳаи мазкур дар кишвар шудааст.

Аз ҷумла, дар асоси маълумоти фаврии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти умумии дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ – марти соли 2008ба андозаи 2725695,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқойисавӣ ба 103,2 фоиз баробар аст.

Тибқи иттилои пешакии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба андозаи 108,2 фоизи нақшаи пешбинишудаи ҳамин давра иҷро шудааст, ки ин 40,2фоизи ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилиро ташкил мекунад. Воридоти андозҳо бошад, ба 71 фоизи ҳаҷми умумии даромад баробар шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, хароҷоти Буҷети давлатӣ ба андозаи 79,1 фоизи нақшаи муайяншуда иҷро шуд, ки ин 29 фоизи ҳаҷми умумии Маҳсулоти дохилиро ташкил дод. Аз ҷумла, ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 22,2 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт - 44,4, ба соҳаи суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 12 фоизи ҷамъи маблағ сарф карда шудааст.

Яке аз самтҳои бахши мазкур соҳаи саноат ба шумор меравад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат ба 1255,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 индекси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 89,9 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра дар 294 корхона сатҳи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (40,0 фоиз) зиёд гардид.

Ҳамчунин, дар моҳи марти соли ҷорӣ 253 корхона ё 34,4 фоизи шумораи умумӣ кор накарданд. Ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2008 ба маблағи 767,3 миллион сомонӣ ё 96,8 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил дод. Дар ин муддат ҳаҷми тавлиди маҳсулот, аз қабили ангишти бур, ангиштсанг, нафт, мазут, манқалҳои барқӣ барои тарабхонаҳо, маснуоти филизӣ ва пластикӣ, пойафзоли резинӣ, газворҳои пахтагин ва абрешимӣ, моҳӣ, ҳасиб, равғани чорво ва ғайра зиёд карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни дигар давлатҳо ҳамчун кишвари аграрӣ шинохта шудааст. Бо назардошти дарки масъулияти ин мафҳум ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2008 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 297,2 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,6 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла дар соҳаи чорводорӣ ба маблағи 296 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқойиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз зиёд аст.

Корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - фермерӣ то 1 апрели соли 2008 дар майдони 177712 гектар замин кишти зироатҳоибаҳорӣ гузаронида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳо дар масоҳати 1558,8 гектар боғҳои нав бунёд карда шуд, киин нисбат ба иҷрои «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди мибаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 - 2010» ба андозаи 104,1 фоизро ташкил медиҳад.

Саршумори чорвои калон дар ин муддат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳо 1863,6 ҳазор сар ё 5,7 фоиз, гӯсфанду буз 4090,1 ҳазор сар ё 1,7 фоиз ва саршумори мурғ 4176 ҳазор сар ё 6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Бахши дигари муҳими хоҷагии халқи мамлакат ин соҳаи сохтмон ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ дар ҳаҷми 315281,3 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 89687,5 ҳазор сомонӣ бештар аст. Ҳаҷми умумии иҷрои инвеститсияҳои ҷумҳурӣ дар иншооти истеҳсолӣ ба маблағи 165839,4 ҳазор сомонӣ ё баробари 52,6 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ – марти соли 2008 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ 149441,9 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки ин 47,4 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин давра хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 57158 метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки ин аз сатҳи соли гузашта 11200 метри мураббаъ зиёд аст. Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ, асосан, сектори ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онро аҳолӣ месозад.

Соҳаи нақлиёт барои пешрафти иқтисоди кишвар нақши муҳим мебозад. Тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ 11884,3 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 3191,2 ҳазор тонна, нақлиёти ҳавоӣ 0,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки ин дар қиёс ба семоҳаи аввали соли 2007 мутаносибан 87 ва 40 фоиз зиёд аст.

Ҳамчунин, дар ин муддат бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 110,3 миллион нафар мусофир ба манзилҳои худ расонида шудаанд.

Бино ба иттилои фаврии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – марти соли 2008 даромад аз фаъолияти оператори миллӣ (ҶСШК «Тоҷиктелеком») 28100 ҳазор сомонӣ, ДД «Почтаи Тоҷикистон» - 1200 ҳазор сомонӣ ва даромади операторони шахсӣ 147300 ҳазор сомонро ташкил дод.

Ташкилоти савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва шахсони воқеӣ дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 1028,1 миллион сомонӣ мол фурӯхтаанд. Гардиши молҳои чакана дар ҳамаи соҳаҳои фурӯш бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,5 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 142,5 сомонӣ рост омадааст.

Бино ба нишондиҳандаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – марти соли 2008дар ҷумҳурӣ 118 объекти ғайриманқул ва аз давраи аввали хусусигардонӣ (соли 1991) то кунун 10286 объект хусусӣ гардонида шудааст.

Ҳамзамон, то 1 апрели соли ҷорӣ дар мамлакат 251,2 ҳазор хона (квартира) хусусӣ гардонида шудааст.

Дар ин давра индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 118,0 фоизро ташкил дода, индекси нархҳои истеъмолӣ бошад, ба 102,6 фоиз баробар шуд.

Масъалаи баланд рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ тайи моҳҳои охир, албатта, ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат бетаъсир нахоҳад монд.

Нархҳои истеъмолии молҳои озуқаворӣдар семоҳаи якуми соли ҷорӣ, аз ҷумла орд 5,8 фоиз афзоиш ёфта, ҳамзамоннархи баъзе аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзӣ ва тухми мурғ арзон шуд.

Арзиши маҷмӯи озуқаворӣ, ки барои истеъмолот зарур аст, аз рӯи истеъмоли ҳақиқӣ бо нархи охири моҳи марти соли 2008 ба як узви оила моҳе 82,92 сомонӣ ва дар сурати меъёри истеъмоли оқилона 156,53 сомониро ташкил кардааст.

Таъмини аҳолии бекор бо ҷойи кор низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Шумораи дар рӯйихатбудаи кормандони кироя дар соҳаҳои иқтисодиёт дар моҳҳои январ – феврали соли 2008 нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 3,5 фоиз кам шуда, 998,1 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи бекорони дар хадамоти шуғли Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифташуда то 1 марти соли 2008 ба 49,9 ҳазор нафар баробар шудааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 1,5 баробар афзуда, 213,28 сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо қувваи барқ ва гази табиӣ 1032,6 миллион доллари ИМА – ро ташкид намуд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз ё 140,7 миллион доллар зиёд аст. Содироти мол бошад, ба 337,3 миллион доллари ИМАбаробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 30,3 миллион доллар ё 8,2 фоиз кам мебошад.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2008 ба миқдори як фоиз кам ба қайд гирифта шуда, ба 3243 ҷиноят баробар аст. Ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ – марти соли 2008 81,4 фоизро ташкил кардааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта, 77,6 фоиз буд.

Бино бар иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1230 қонуншикании гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 15,8 фоиз зиёд аст.

Умуман, вазъи иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2008 – ро метавон мусбӣ арзёбӣ кард ва мардуми шарифи Тоҷикистон низ бо умеди фардои нек, дар фазои оромии кишвар ва дар зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии комил бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари Давлат кору фаъолият намуда, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР
03.1209:31На севере Таджикистана раскрыто жестокое убийство, совершенное в 2010 году
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156156