Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.05.200810:32

Сӯҳроб Лангариев роҳҳои интиқоли маводи нашъадорро таҳти назорат ва идораи худ қарор медод

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).-Тибқи маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир намудани ҷиноятҳои сарҳадшиканӣ, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва нашъаҷаллобӣ, ки тӯлӣ моҳҳои охир дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумхурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғони­стон ба қайд гирифта шуда буданд, гурӯҳи муташаккили трансмиллии ҷинояткор аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумхурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даст доштанд. Дар натиҷаи бурдани силсилаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки аъзоёни ин гурӯҳ дар хонаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев воқеъ дар маҳаллаи 58-уми шаҳри Кӯлоб пинҳон шудаанд. Номбурда роҳҳои интиқоли маводи нашъадорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон таҳти назорат ва идораи бевоситаи худ нигоҳ медошт. 
Бо мақсади дастгир кардани аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷинояткори транс­миллӣ кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 27 май дар шаҳри Кӯлоб амалиёти махсус гузарониданд. Пеш аз оғози амалиёт онҳо ба хотири пешгирии хунрезӣ ва талафоти ҷонӣ падари Сӯҳроб Лангариев, хешу табори наздикаш ва чандин нафар шахсони ба ин хонавода наздик­ро ҳамчун воситаи барои бурдани гуфтушунид ба назди Сӯҳроб Лангариев фири­стоданд. Вале номбурда ҳама гуна гуфтушунидро қатъиян рад карда, ба тирпарро­нии шадид оғоз намуд. Танҳо баъди он, ки кӯшишҳои бо роҳи осоишта ҳал кардани ҳодиса ягон натиҷаи мусбат надод, кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД ба иҷрои амалиёт шурӯъ карданд. Аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар мудда­ти беш аз 8 соат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти сахти мусалла­ҳона нишон доданд. Ғайр аз ин, ҷангиёни афғони дар хона пинҳоншуда, ашхоси га­равгон, аз ҷумла ҳамсари Сӯҳроб Лангариев ва фарзандони хурдсолашро ҳамчун си­пари зинда истифода кардани буданд. Ҳангоми дастгир кардани ҷинояткорон ҳамсари Сӯҳроб Лангариев ва ягон нафар хешу табораш зарари ҷисмонӣ надиданд.

Дар натиҷаи баргузории амалиёти махсус ва корҳои тафтишотӣ 9 аъзои гурӯҳ таҳти сарварии Сӯҳроб Лангариев, ки дар байнашон 2 шаҳрванди Ҷумхурии Исломии Афгонистон ва 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар тан либоси афғонӣ дош­танд, дастгир гардиданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба миқдори зиёд лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, аз ҷумла, беш аз 20 ҳазор дона тирҳои қутра­шон гуногун, 1 қутти тири милтиқи снайперӣ, 7 адад гранатомет, 121 адад тирдони автомат бо беш аз 3600 дона тирҳо, 18 адад тирҳои мошини зиреҳпуши ҷангӣ, 16 адад норинҷак, 7 адад автомати «Калашников», 6 адад таппончаи «Макаров», ду дастгоҳи мухобиротии кайҳонии «Сурайё», 15 адад дастгоҳи мухобиротӣ, 1 адад дастгоҳи компютерии ҳарбӣ барои идоракунии масофавӣ, беш аз 40 китоби дорои мазмуни террористӣ-экстремистӣ ва ғайра дарёфт карда шуданд. Ҳамчунин хокаи ба маводи нашъадор монанд пайдо карда шуд, ки қисми асосии он дар ҷараёни амалиёт сӯхта буд.

Мутаассифона, дар рафти баргузории амалиёти махсус ду сокини шаҳри Кӯ­лоб аз тирҳои аъзои гурӯҳи ҷинояткори трансмиллӣ ҳалок гардиданд. Аз ишти­рокчиёни амалиёти махсус корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ капитан Рустам Ҷали­лов ба ҳалокат расида, ду нафари дигар чароҳат бардоштанд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0090085