Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.05.200820:32

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Роғун

Ҳамватанони арҷманд!

Дўстони азиз!

Дар ҷараёни боздиди имрўза мопеш аз ҳама бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои сохтмон дар нерўгоҳи барқи обии Роғун,инчунин пешрафту камбудиҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии шаҳр шинос шудем.

Нақш ва аҳамияти Роғун дар ҳаёти мамлакати мо торафт меафзояд, зеро дар ин ҷо бузургтарин нерўгоҳи барқи обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёд мегардад, ки он барои кишвари мо аҳамияти бузурги ҳаётиву стратегӣ дорад.

Бинобар ин, мо рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи мамлакатамонро бе нерўгоҳи Роғун тасаввур карда наметавонем. Иқтидори ин нерўгоҳи азим 3600 мегаватт ва арзиши умумиаш 3,4 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бо бунёди он дар як сол зиёда аз 14 миллиард киловатт-соат нерўи барқ истеҳсол мегардад, ки ин дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мо, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишварамон нақши ҳалкунанда бозида, илова бар ин, имкон медиҳад, ки Тоҷикистони мо ба яке аз давлатҳои асосии тавлидкунандаи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи минтақа мубаддал гардад.

Барои идома додан ва суръат бахшидани сохтмони нерўгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар сол маблағ ҷудо гардида истодааст ва чанде пештар барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани ин иншооти тақдирсоз бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд.

Бояд зикр кард, ки лоиҳаи техникии иншооти мазкур солҳои 1974-1978 таҳия шуда, сохтмони он соли 1980-ум шурўъ гардида буд ва то имрўз аз тарафи сохмончиён дар ин иншооти бузурги энергетикӣ дар ҳаҷми беш аз 40 фоиз корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии анҷомдодашуда бештар аз 800 миллион доллари амрикоӣ ва арзиши таҷҳизоти барои агрегатҳои якуму дуюм воридгардида 180 миллион долларро ташкил мекунад.

Дар ин муддат ба хотири тезонидани суръати сохтмон 150 адад техникаи пуриқтидори корӣ харидорӣ ва ба майдони сохтмон ворид карда шуд. Имрўз дар бунёди ин иншоот беш аз 1000 нафар мутахассисону коргаронфаъолият доранд.

Дар ояндаи наздик баробари марҳала ба марҳала суръат гирифтани корҳо дар иншооти мазкур шумораи коргарону мутахассисон то 13 ҳазор нафар мерасад, ки ин омил на танҳо сатҳи зиндагии аҳолии шаҳри Роғун, балки шароити зисти сокинони ноҳияҳои гирду атрофи онро низ ба куллӣ тағйир хоҳад дод.

Баъди ба истифода додани нерўгоҳҳои Роғун, Сангтўда-1 ва Сангтўда-2 истеҳсоли энергияи барқ ба 33,3 миллиард киловатт-соат расонида мешавад, ки 23-25 миллиард киловатт-соати он барои эҳтиёҷоти дохилӣ сарф гардида, қисмати боқимондааш ба хориҷа содир карда хоҳад шуд.

Барои тезонидани суръати сохтмон, имсол аз ҳисоби буҷети давлатӣ 116 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва агар ин маблағҳо азхуд карда шаванд, ба таври илова боз маблағ ҷудо карда мешавад ва чунон ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намудам, соли оянда маблағгузорӣ дар ин самт 3 баробар зиёд карда, ба 350 миллион сомонӣ расонида хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа навбати якуми нерўгоҳи барқи обии Роғун бояд дар муддати 4- 4,5 соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Насби ду агрегати аввал, ки иқтидори умумии онҳо 800 мегаватт мебошад, имкон медиҳад, ки дар давоми як сол то 5 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол карда шавад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар иншоот 10 миллион сомонӣ ва аз аввали соли равон то имрўз 8 миллиону 700 ҳазор сомонӣ азхуд карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ босуръат идома доранд.

Дар маҷмўъ барои ба анҷом расонидани сохтмони нерўгоҳ ва ба истифода додани навбати аввали он боз 590 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Дар баробари бунёди ин иншооти азим, имрўзҳо сохтмони нерўгоҳҳои Сангтўда - 1 ва Сангтўда - 2 босуръат идома дорад ва тавре ки шумо огоҳед, агрегатиякуми нерўгоҳи Сангтўда - 1 моҳи январи ҳамин сол ба истифода дода шуда, 3 агрегати дигар то охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Илова бар ин, тибқи барномаи бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2007-2020 бунёди 71 нерўгоҳ дар назар дошта шудааст.

Дар айни замон маблағгузории 17 адади онҳо аз тарафи Ҳукумат ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳал гардида, то соли 2010 сохта ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони ватаниву хориҷӣ имрўзҳо лоиҳаи бунёди ду нерўгоҳи барқи обӣ таҳти баррасӣ қарор дорад Тибқи ин лоиҳаҳо сохтмони нерўгоҳи «Шўроб» дар дарёи Вахш ва нерўгоҳи «Нуробод» дар дарёи Хингоб пешбинӣ мегардад ва мо дар ояндаи наздик ба бунёди онҳо низ шурўъ хоҳем кард. Тамоми ин иқдомот баёнгари онанд, ки рушди соҳаи энергетика яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлати мо мебошад.

Зеро танҳо ба ҳамин васила мо метавонем, ки солҳои наздик на танҳо проблемаи бо барқ таъмин кардани аҳолии кишварро бартараф созем, балки содироти барқро ба давлатҳои минтақа ба роҳ монем.

Бояд зикр кард, ки бо бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим, яъне нерўгоҳи Роғун дар дигар нерўгоҳҳои ҳавзаи дарёи Вахш тавлиди нерўи барқ танзим карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи сохтмон дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он бояд 480 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, ҳолати мелиоративии тақрибан 2 миллион гектар замин беҳтар гардонида шавад. Табиист, ки дар ин раванд як миқдор замини мо зери обанбор хоҳад монд.

Аз ин рў, ҳангоми сохтани обанбор дар марҳалаи якуми нерўгоҳмасъалаи аз ҷои зисташон кўчонидани 800 оила аз ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нурободу Рашт ба миён меояд, ки аз ҳоло сар карда, роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои зикршуда бояд ба ин масъала таваҷҷўҳ намоянд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта дар бобати ба ҷои нави зист кўчонидани аҳолии як қатор деҳаҳо корҳои зиёд ба анҷом расида буданд ва бо ин мақсад имрўзҳо сохтмон дар ноҳияи Нуробод идома дорад, яъне мо ҳоло маркази наву замонавии ноҳияро сохта истодаем.

Инчунин аз ҷониби Мудирият оид ба корҳои аҳолии кўчонидашаванда аз ибтидо то имрўз 21 ҳазору 500 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, бинои мактаб барои 240 нафар хонанда дар деҳаи Хумдон, боғчаи кўдакон барои 140 ҷой дар шаҳраки Дарбанд, 20 километр хатҳои обрасонӣ барои аҳолии шаҳраки Дарбанд ва деҳаи Сичароғ сохта шуданд ва ҳоло ҳамаи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Дар баробари ин, дар ноҳияҳои Нурободу Тавилдара бештар аз 800 гектар замин азхуд карда шуд.

Соли гузашта дар ноҳияи Нуробод навбати аввали мактаб барои 480 нафар хонанда ва толори варзишӣ ба истифода дода шуда, дар айни замон сохтмони қисматҳои дигари ин мактаб, ки дар маҷмўъ барои 1176 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, босуръат идома дорад.

Умуман, дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 «Дар бораи Номгўи иншоотҳои сохтмону барқарор ва таъмиршаванда дар солҳои 2005-2010» танҳо дар давоми солҳои 2005-2007 аз буҷети ҷумҳуриявӣ 16 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки бо истифодаи он то имрўз 90 фоизи корҳои тибқи нақша пешбинишуда ба анҷом расонида шудаанд.

Солҳои пеш зиёда аз 120 оила аз ин мавзеъҳо ба ноҳияи Данғара кўчонида шуда буданд, вале онҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷои зисти аввалаашон - ба ноҳияи Нуробод баргаштанд ва имрўз танҳо 12 оила дар ҷои зисти нав зиндагӣ дорад.

Бинобар ин, ба раиси шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод супориш дода мешавад, ки якҷоя бо Мудирияти оид ба корҳои аҳолии кўчонидашаванда бо мақсади ташкили робитаи бевосита бо аҳолии кўчонидашаванда корро пурзўр намоянд.

Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба ин масъала мутобиқи пешниҳодоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод то 1 июли соли ҷорӣ маҷмўи чорабиниҳоро ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намояд ва корҳоро дар ин самт суръат бахшад.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои аҳолии кўчонидашаванда ва дигар корҳои ташкилӣ бояд дар мўҳлатҳои муқарраргардида ҳаллу фасл карда шаванд.

Ҳоло аз тарафи шахсони алоҳида дар мавзеъҳои зикршуда худсарона сохтани ҳар гуна бинову иморатҳо ба мушоҳида мерасанд, ки аз суст будани корҳои ташкилӣ шаҳодат медиҳад.

Аз ин рў, ба раисони шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нурободу Рашт ва Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» супориш дода мешавад, ки дар минтақаи бунёди обанбор ҳама гуна сохтмонро манъ кунанд.

Бояд зикр кард, ки дар айни замон дар майдони сохтмони нерўгоҳ ташкили хизматрасонии муҳандисиву коммуникатсионӣ суст ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз, барои суръат ёфтани корҳои сохтмонӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама роҳҳои мошингард, шабакаҳои таъминоти барқ, об, ҳаво ва корез, нақбҳои қабатҳои якум ва дуюм, инчунин зеристгоҳи барқӣ таъмиру таҷдид карда шаванд.

Илова бар ин, бо мақсади рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда, инчунин бо мақсади суръатбахшӣ ба корҳои сохтмони нерўгоҳ дар назди роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод ва Рашт вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

- Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноат, Агентии сохтмон ва меъморӣ дар муддати се моҳ ҷадвали корҳои сохтмонӣ ва васлгариро бо мақсади ба итмом расонидани навбати якуми нерўгоҳ ва ба истифода супоридани ду агрегати аввал таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- Вазорати энергетика ва саноат ва Ширкати «Барқи Тоҷик» барои пурра барқарор кардани зеристгоҳи барқии майдони сохтмон тадбирҳои зарурӣ андешанд;

-роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» ворид намудани мошину механизмҳоро аз нерўгоҳи барқи обии Сангтўда-1, таҷҳизоти сангмайдакунӣ ва бетонтайёркунӣ, бахусус бо семент таъмин намудани иншоот ва шартномаи воридоти онро бо корхонаи «Тоҷиксемент»мувофиқа намуда, дар ин самт чораҳои фаврӣ андешад;

- Вазорати энергетика ва саноат филиали институти лоиҳакашии «Нурофар»-ро дар шаҳри Роғун таъсис дода, таҳия ва имзои шартномаро дар байни институти мазкур ва Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» таъмин намояд, инчунин барои ҳалли масъалаҳое, ки дар ҷараёни сохтмони нерўгоҳ ба вуҷуд меоянд, муассисаҳои лоиҳакашии кишварҳои дигарро ҷалб созад;

- Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» бо мақсади бастани маҷрои дарёи Вахш дар соли 2009 нақшаи таъмири нақбҳои қабатҳои якум ва дуюмро дар мўҳлати як моҳ тартиб дода, тасдиқ намояд;

- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати энергетика ва саноат, Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун», Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Агентии сохтмон ва меъморӣ инвентаризатсияи дастгоҳу таҷҳизоти барои навбати якуми нерўгоҳ воридшударо анҷом диҳанд;

- Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» якҷоя бо Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати маориф барои бо кадрҳо ва мутахассисони баландихтисосу таҷрибадор таъмин намудани сохтмон чораҳои зарурӣ андешида, масъалаи ташкил намудани омўзишгоҳ ё коллеҷи касбҳои техникиро ҳаллу фасл намоянд;

- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва Ҷамъияти саҳҳомии «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» фаъолияти мунтазами тамоми инфраструктураи шаҳрро барқарор намоянд;

- Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҷиҳати сохта ба истифода додани қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол дар километрҳои 92 то 140 чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳозирини мўҳтарам!

Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, вале аз ин захираҳо ҳамагӣ то 5 фоиз истифода мегардад, ки ин тамоман ночиз аст.

Бо вуҷуди ин, мо ҳамеша саъй мекунем, ки ҳангоми истифодаи ин захираҳо на танҳо манфиатҳои миллии худамон, балки манфиати кишварҳои ҳамсояро низ ба эътибор гирем.

Бо мақсади татбиқи лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мувофиқа ва мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ Консорсиуми байналхалқие таъсис дода мешавад, ки ҳуқуқи иштироки озодонаи сармоягузорони ватанӣ ва хориҷиро, сарфи назар аз шакли моликияташон таъмин мекунад.

Ҳоло мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба ҳар як шахси ватандўсту ватанпараст ва бонангу номуси кишвар, бахусус сохтмончиёну мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои энергетика ва сохтмон муроҷиат карда, онҳоро даъват намоям, ки ба хотири ҳарчи зудтар сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерўгоҳи барқи обии Роғун – ин иншооти дар ҳаёти давлат ва ҷомеаи мо муҳимтарин фаъолона иштирок намоянд ва ба қадри имкону тавони худ дар таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд.

Доир ба масъалаи ободиву тараққиёти Роғун бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2002 «Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2003-2007» азхудкунии маблағи умумии 7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд.

Барномаи мазкур таъмири роҳҳои мошингарди дохилӣ, барқарор намудани шабакаҳои обрасонӣ ва инфраструктураи иҷтимоӣ, харидории техника ва қисмҳои эҳтиётӣ барои фаъолияти роҳсозӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмони хонаи фарҳанг, мактабҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, инчунин сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи шаҳрро дарбар мегирад, ки то имрўз аксари онҳо иҷро шудаанд.

Ҳоло ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дода мешавад, ки ҷиҳати иҷрои пурраи барномаи зикршуда ва идома додани сохтмони иншооти нотамом, аз ҷумла профилактория дар шаҳраки Обигарм, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 372 ҷойи нишаст, инчунин сохтмон ва азнавсозии бинову иншооти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар семоҳаи аввали соли 2008 дар бахши сохтмони асосии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудаааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 баробар зиёд аст.

Инчунин дар самти корҳои сохтмону васлгарӣ 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст, ки афзоиши он дар муқоиса бо се моҳи аввали соли гузашта 12маротибаро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо, созмонҳои қарздиҳанда ва сармоягузорон бо мақсади рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун 1,8 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки аз ин маблағ 900 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст.

Илова бар ин, дар ин давра 1,8 миллион сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дуюним маротиба бештар қарзҳои хурд дода шудаанд.

Ҳоло дар шаҳри Роғун чор лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла доир ба рушди деҳот, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин, таҷдиди соҳаи маориф ва марҳалаи аввали барқарорсозии роҳи Душанбе -Саритош татбиқ шуда истодаанд, ки то имрўз аз маблағи умумии онҳо 15 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҳарчанд ки афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2008 таъмин карда шудааст, вале дар ин самт як қатор норасоиҳо, аз ҷумла камшавии саршумори чорвои майда вапайдоиши заминҳои партов ба мушоҳида мерасанд, инчунин 90 гектар замини корам то ҳоло барои хоҷагиҳои ёрирасон ба шаҳрвандон тақсим карда нашудааст.

Аз ин рў, Вазорати кишоварзӣ, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣва раиси шаҳри Роғун вазифадор карда мешаванд, ки доир ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар мўҳлатҳои наздиктарин чораандешӣ намоянд.

Ғайр аз ин, қарзи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ то якуми апрели соли ҷорӣ аз ҳисоби андозҳо бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил карда, аз аввали сол ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Чунон ки медонед, сиёсати иҷтимоии давлати модар марҳалаи кунунӣ ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум, рушди илму маориф ва таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи саломатии мардум ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст.

Дар шаҳри Роғун ҳоло 51 муассисаи таълимии ибтидоӣ, асосӣ ва миёна, 1 хонаи бачаҳо, 2 боғчаи бачагона ва як маркази эҷодии кўдакон амал мекунад, ки 8700 нафар хонанда ва 370 нафар омўзгоронро фаро мегиранд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишомўзии хонандагон мактабҳои шаҳр бо китобҳои дарсӣ, таҷҳизот ва мизу курсиҳо таъмин шуда истодаанд.

Лекин бо вуҷуди он, ки дар давоми соли хониши ҷорӣ дар шаҳри Роғун аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ се мактаб сохта шуда, 10 мактаби дигар ва шўъбаи маорифи шаҳр аз таъмир бароварда шудааст, як қатор мактабҳои дигар ҳанўз ҳам ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд.

Илова бар ин, тибқи барномаи компютерикунонии мактабҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба мактабҳои шаҳр теъдоди муайяни компютер ва принтерҳо фиристода шуданд ва имрўз ба 17 нафар хонанда як адад компютер рост меояд.

Сарфи назар аз ин, дар мактабҳои шаҳр нарасидани 60 нафар омўзгорон, аз таҳсил берун мондани қариб 100 нафар кўдакони синни мактабӣ, камбуди ҷои нишаст ва таъмиру таҷдиди мактабҳо ба назар мерасад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дода мешавад, ки камбудиҳои мавҷударо омўхта, ҳарчи зудтар аз паи ислоҳи онҳо шаванд.

Ҳарчанд таъминоти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Роғун нисбат ба баъзе ноҳияҳои атрофи он хуб ба роҳ монда шудааст, вале дар ин самт низ як қатор проблемаҳо, аз ҷумла нарасидани мутахассисон, нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва алоқаи телефонӣ, таҷҳизоти ташхисӣ, фарсуда шудани асбобҳои ҷарроҳӣ ва муҳимтар аз ҳама таъмирталаб будани беморхонаи марказӣ мушоҳида мегардад.

Бо дарназардошти ин, ки талабот ба хизматрасонии тиббӣ дар Роғун бо сабаби суръат гирифтани корҳои сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ торафт зиёд мегардад, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳбудии шароити муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти онҳо бо мутахассисони зарурӣ, доруворӣ ва таҷҳизоти замонавӣ, инчунин таъмиру таҷдиди беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои рафъи онҳо тадбирҳои қатъӣ ва муассир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон имрўз дар марҳалаи татбиқи ҳадафҳои созандагиву ободкорӣ, бахусус бунёди иншооти хурду бузурги гироэнергетикӣ қарор дорад.

Мақсади асосии мо аз татбиқи ин ҳадафҳои созанда, дар навбати аввал таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишварамон буда, дар айни замон ният дорем, ки содироти барқро ба кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монем.

Дар давоми солҳои гузашта дар кишварамон шумораи зарурии коргарони соҳибкасбу баландихтисос ва мутахассисони нақбкану пармагар, кафшергару васлгар, умуман бунёдкорони нерўгоҳҳои барқи обӣ ба камол расиданд.

Ҷабҳаи кору пайкор барои насли имрўзаи коргарони тоҷик воқеан ба як мактаби бузурги касбомўзӣ, бунёдкорӣ ва афзудани маҳорату малакаи касбии онҳо табдил ёфтааст ваонҳо дар оянда метавонанд боз дар сохтмони чунин иншооти бузургу тақдирсози энергетикӣ фаъолона иштирок намуда, Ватани аҷдодии худро ободу зебо гардонанд.

Имрўз дар пойгоҳи иншооти Роғун садҳо нафар коргарону мутахассисони баландихтисосу ботаҷриба ва бунёдкору созанда барои бозсозӣ ва идомаи корҳои нерўгоҳи мазкур шабу рўз заҳмат мекашанд.

Эътимоди комил дорам, ки ба шарофати заҳмати содиқонаву софдилонаи шумо – мутахассисону сохтмончиёни ин иншооти бузурги аср навбати аввали нерўгоҳи барқи обии Роғун дар зарфи чор-панҷ соли наздик ба кор даромада, Тоҷикистони соҳибихтиёри мо аз лиҳози энергетикӣ соҳибистиқлол мегардад ва мушкилоти имрўзаи мардуми шарифи кишварамон пурра бартараф мешавад.

Дар роҳи татбиқи ин ҳадафи неки миллӣ ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзумандам.

Ташаккур!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250