Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.05.200810:31

Меҳри китобро дар дили бачаҳо ҷой додан лозим

             Душанбе, 5 май . (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Сарвари давлат зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар дахл карда, аз ҷумла ба рушди соҳаи китобдорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳо, ташкили фурӯшгоҳҳои китоб, ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонаҳо низ таваҷҷӯҳи хосазоҳир намуд. Дар ин робита Раиси китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Авѓонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд:

-«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, дар ташаккулу ҷаҳони маънавии ҷомеа ва тақвияти андешаву рӯҳияи миллӣ нақши муассир ва муайянкунанда мебозад», - гуфт Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Воқеан, миллати тоҷик дар таърих ҳамчун мардуми дорои фарҳанги воло, хирадмандони сершумор ва китобҳои бебаҳо муаррифӣ шудааст. Ақлу хиради бузургони мо тавассути асарҳои гаронбаҳояшон сар то сари олам паҳн гардидааст.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус ѓамхории бевоситаи Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангии кишвар, бунёди клубу китобхонаҳо, театру чопхонаҳо, осорхонаҳо, инчунин дар таъсиси рӯзномаю маҷалла ва нашрикитобҳои ҷолиб саҳми арзанда мегузорад.

Бузургиву олиҳимматии миллат аз китоб сарчашма мегираду муваффақияту обрӯи шахс бо китоб марбут аст.Китобхонаи мо бузургтарин махзани китобии бачаҳост ва масъулияти бузургро ба душ дорад. Мо бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳем, ки меҳри китоб, шавқи хонишро дар дили наврасон бедор кунем, то онҳо хуб тарбия ёбанд, аз пайи илму донишандӯзӣ шаванд. Аз наврасони хушодобу хушзеҳн ояндаи некро нигарон шудан мумкин. Дар ин бобат нақши китобхона ва, умуман, фарҳангу маориф ниҳоят бузург аст. Аз ин рӯ, дар Паёми навбатии хеш Сарвари давлат бори дигар ҳалли проблемаҳои таѓйирнопазири соҳаи фарҳангу маорифро ба сифати яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз, воқеан ҳам дар баробари пешравиҳо, дар соҳаи китобу китобдорӣ ва тарѓиби осори чопӣ камбудиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд. Дар маҷмӯъ ин камбудиҳо иборат аст аз нарасидани мутахассисони хубу болаёқат, толорҳои хониш, воситаҳоитехникӣ, дастгоҳҳои маълумотию библиографӣ, китобҳои ҷолиб ба забони модарӣ барои бачаҳо ва монанди инҳо. Масалан китобхонаи ягонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакарро агар мисол биёрем, он дар ҷойи тамоман номувофиқ, аз марказ ва ҷойҳои сераҳолии пойтахт дур, дар бинои иҷоравӣ ҷойгир аст. Бо вуҷуди таъкиду хоҳишҳои сершумори мо ҳанӯз ин мушкилот ҳалли худро наёфтааст. Аммо мутахассисони мо бовуҷуди ин проблемаи ҷиддӣкӯшиш доранд насли наврасро бо ҳар роҳу восита ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб намоянд.

Баҳри ин мақсад нахуст бо муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳои пойтахт ва шаҳру навоҳии атрофи он ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем ва мунтазам чорабиниҳо созмон дода, мактабиёнро ба китобхона даъват мекунем. Чунончӣ, ба наздикӣ намоиши калони китобиро таҳти унвони «Президент ва бачаҳо» аз рӯи китобҳое, ки бо дастгириии Сарвари давлат ба табъ расидаанд, ташкил намудем. Рӯзи ифтитоҳи намоишгоҳ хонандагони зиёди хурдсол ва омӯзгорон аз мактабҳои шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Ин намоишгоҳҳоро ҳар рӯз бо навбат толибилмони мактабҳо тамошо карда, ѓизои маънавӣ мегиранд.

Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагона, ҳамчунин масъулияти расонидани ёрии методӣ ба дигар китобхонаҳои бачагонаи мамлакатро ба дӯш дорад. Бинобар ин рӯзҳои наздик мо кормандони худро ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мефиристем ва онҳо бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани кори китобхонаҳои бачагона ба китобдорон ёрии амалию методӣ мерасонанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
5.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0110:40Глава Налогового комитета: оштрафован не только Tcell, но и другие операторы
20.0110:10Новая первая леди США: Золушка или жена напоказ?
20.0110:08Уроки правописания от чиновников Куляба
20.0109:47В Москве обсуждены вопросы подготовки к таджикско-российским саммитам
20.0109:39Спор между Налоговым комитетом и компанией Tcell решится в судебном порядке


Самое обсуждаемое

18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(7)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(1)
19.0109:40Новый глава Минздрава - о проблемах таджикской медицины(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156345