Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.05.200809:31

Гузашти ҳарбӣ бе техникаи низомӣ ҷараён мегирад

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз ҷониби вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамаи Раёсату сарфармондеҳони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки бахшида ба 63-юмин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар қисмҳои низомӣ, ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва Вазорати мудофиа чорабиниҳои гуногуни идона ташкил карда, гузаронанд.

Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин замина дар қисмҳои низомӣ бо афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯрию чорабиниҳо мегузаранд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муҳими таърихӣ дар боғи «Ғалаба»-и пойтахт аллакай бо иштироки 2 ҳазор афсарону сарбозони сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ машқи гузашти ҳарбӣҷараён дорад.

Дар гузашти навбатии ҳарбӣ, ки рӯзи 9 май дар боғи «Ғалаба»-и пойтахт, бахшида ба иди Ғалаба баргузор мегардад, аз техникаи ҳарбӣ истифода нахоҳад шуд.

Дар доираи ташкил намудани чорабиниҳо бахшида ба рӯзи 9 май мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар қисмҳои низомӣ дастархони идона ороста, чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0518:42Фотографии тайника с деньгами антикоррупции оказались фейком
22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(1)
22.0516:30За кого предпочитают выходить замуж таджички?
22.0514:54В Интернете выложили фото, якобы из тайников задержанных антикоррупционеров (5 фото)
22.0512:22В сети появились фото из тайника одного из задержанных антикоррупционеров


Самое обсуждаемое

22.0506:34Эмомали Рахмон встретился с Дональдом Трампом(1)
22.0509:00Первая встреча президентов Таджикистана и Узбекистана: теплое рукопожатие(1)
22.0513:12В нападении на офицера ГКНБ в Кулябе подозревается группа салафитов(1)
22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(1)
21.0512:33Таджикистан - страна докторов наук?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156282