Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.05.200810:31

Ш. Саидов «Маблағгузорӣ ба сохтмони «Роғун» ихтиёрӣ аст на иҷборӣ»

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Гузаронидани маблағ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» комилан ихтиёрӣ аст», гуфт котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов зимни шарҳииқдоми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба саҳми аъзои парлумони мамлакат бо роҳи гузаронидани маоши якмоҳаи худ ба суратҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО «Роғун».

Ш. Саидов зикр кард, ки ягон роҳбари муассисаю идора ё ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идорашон ҳуқуқ надорад, ки кормандони худро барои гузаронидани маоши якмоҳа ба суратҳисоби Ҷамъияти саҳомии НБО «Роғун» маҷбур созад. Гузаронидани маблағ ба суратҳисоби ҷамъияти мазкур комилан ихтиёрист.

Мавсуф ҳамзамон зикр кард, ки Раиси шаҳр ин ташаббусро ҳамчун шаҳрванди пойтахт дар доираи «Соли ташаббусҳои созанда вамасъулияти шаҳрвандӣ» ба миён гузоштааст. Иқдоми раиси шаҳр шаҳодати масъулиятшиносӣ ва мавқеи шаҳрвандии ӯ дар ҳалли масъалаҳои характеривоқеӣ дошта,дар асоси таҳлилҳоианҷомдодаи шаҳрдорӣдар пажӯҳиши ҳолат ва имкониятҳои реалии қувваҳоииқтисодии феълан фаъоли шаҳр сурат гирифтааст.

Котиби матбуотии раиси шаҳр махсус таъкид кард, ки саҳмгузорӣ дар ин иншоти муҳими аср иҷборӣ набуда, балки комилан ихтиёрӣ аст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0113:47Низомхон Джураев "объявился" в Украине(2)
20.0111:56Три года тюрьмы за то, что бросил стариков-родителей: новый закон в Таджикистане(1)
20.0107:30На что есть будем?
19.0114:05Кадровые назначения в Таджикистане. Официально
19.0112:19Президент снял с должности министра финансов


Самое обсуждаемое

20.0113:47Низомхон Джураев "объявился" в Украине(2)
20.0111:56Три года тюрьмы за то, что бросил стариков-родителей: новый закон в Таджикистане(1)
19.0117:00Душанбинский «Истиклол» обогнал в футбольном рейтинге почти тысячу клубов(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312548