Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.05.200814:31

Касбияти кормандони меҳмонхонаю ресторанҳо ва роҳбаладони сайёҳон баланд бардошта мешавад

          Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади густариши соҳаи туризм, аз ҷумла туризми экологӣ сифати хизматрасонӣ, такмили маҳорати кормандони меҳмонхонаю ресторанҳо дар Душанбе муддати як сол аст, ки курсҳои махусус фаъолият доранд.

Ин курсҳо бо ташаббуси Мактаби миллии туризми Тоҷикистон дар ҳамкорӣбо Агентии «Тоҷикстандарт», Бунёди миллии «Шоҳроҳи абрешим» ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Интурист Тоҷикистон» кушода шудааст. Дар онҳо, ки барои кормандонисоҳаи хизматрасонии меҳмонҳонаҳо, ресторанҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯрокиумумӣ, роҳбаладони сайёҳон ва шахсони хоҳишманд ташкил карда шудааст, нозукиҳои хизматрасонӣ ба мизоҷон дар меҳмонхонаю ресторанҳо ва аз худ намудани забонҳои русию англисӣ ва компютер омӯзонида мешаванд.

Ин курсҳо дар маркази байналмилалии илмию фарҳангӣ ватуристии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» воқеъ дар дараи Варзоб ва меҳмонхонаҳои «Авасто», «Интурист Тоҷикистон», «Каён» ва «Меркурий» гузаронида мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки дар муддати як сол 170 нафар кормандони меҳмонхонаю ресторанҳо ва шахсони хоҳишманд курсҳои мазкурро хатм карда, соҳиби сертификат шуданд. Курсҳои омӯзишӣ кӯтоҳмуддат буда, дар давраи аввали мавсими соли равон 20 нафар қабул карда мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0612:50Жители Бартанга выпускают на волю пойманных снежных барсов. ВИДЕО
29.0612:35МВД Таджикистана предупреждает о распространении опасного вируса «Petya»
29.0612:09Криштиану Роналду дал автограф таджикскому футболисту
29.0611:34Из Приднестровья сбежал бывший президент. Он уплыл на лодке в Молдавию
29.0610:51МВД Таджикистана предупреждает граждан о вирусе "Петя"


Самое обсуждаемое

27.0610:00Путин: В те годы Россия оказывала активную поддержку руководству и народу Таджикистана(8)
29.0609:40Курган-Тюбе станет Бохтаром, Сарбанд - Левакандом. Череда переименований продолжается(3)
29.0608:44Глава Пентагона: Путин вредит международным отношениям(1)
28.0607:39Э.Рахмон открыл школу, построенную китайской компанией TBEA(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312524