Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

08.05.200810:31

Нотариуси давлатӣ барои ғайриқонунӣ фурӯхтани хона дастгир гардид

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Чанде қабл дар рафти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нотариуси давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Момагул Гулова дастгир гардид.

Маълум гардид, киМомагул Гулова аз аввали соли 2005 то инҷониб дар вазифаи нотариуси давлатии ноҳияи мазкур кор карда, бо шаҳрванд Комил Мадазимов маслиҳати пешакӣ намуда, бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷати қалбакии шартномаи хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ аз 14 марти соли 2008, воқеъ дар кӯчаи Набережная, хонаи 9, ки ба шаҳрванд «Б» тааллуқ дошт, ба маблағи 43 ҳазор доллари ИМА фурӯхтанд ва бо ин кирдорашон ба шаҳрванд «Б» ба маблағи 43 ҳазор доллари ИМА зарари моддӣ расонидаанд.

Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбат ба М. Гулова ва К. Мадазимов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди гарав татбиқ карда шуда, тафтиш идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0109:15Жителя Душанбе «кинули» на $230 тыс.
17.0109:01Таджикистан посетят высокопоставленные представители ВБ и ЕС
17.0108:44Мигрантам в Челябинской области запретили работать водителями автобусов и такси
17.0108:24Турецкая полиция задержала террориста, напавшего на ночной клуб в Стамбуле
17.0107:28Где нам взять сотни миллионов долларов и тысячи новых рабочих мест?


Самое обсуждаемое

16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(3)
16.0112:14Как откупиться от Китая?(2)
16.0116:01В приговорах Зайда Саидова и Бузургмехра Ерова нет ничего политического, — глава ВС Таджикистана(2)
16.0114:10Услуги ЕКЦ для мобильных операторов подорожали на треть(1)
16.0116:06Мэрия Москвы нарисовала комикс с правилами поведения мигрантов(1)
17.0106:19В Таджикистане муфтия Москвы назвали «борцом атеистического фронта»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156369