Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

08.05.200814:31

Родмардони шуҷоъ хотироти худро ёдоварӣ намуданд

          Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ҷамъомади ботантана бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ Қарчӣ Каримов иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҳорибаҳои Афғонистон, бартарафкунандагониоқибати фалокати Чернобилро табрик карда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори пурсаодат орзу кард. Вай зикр кард, ки халқҳои Шӯравӣ маҳз бо шарофати ҷасорату мардонагӣ, дӯстӣ ва фидокорӣ бар зидди Олмони фашистӣ мардонавор ҷангида, ғалаба ба даст оварданд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта ва ободонию шукуфоии ватани азизи худ сухан карда, доир ба мардонагӣ дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдоварӣ намуданд.

Баъдан аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба 30 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷоми ҷамъомад барои ҳозирон консерти идона намоиш дода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0607:23В Душанбе осужден активный член группировки «Рахмона Гитлера»
22.0617:43В Таджикистане приостановлено рассмотрение уголовного дела Мухиддина Кабири
22.0611:33«Ты изменила мне». В Хамадони мужчина жестоко расправился с женой
22.0607:28«Он не хотел менять старую систему»: Мирзиёев объяснил отставку Иноятова
21.0614:11Ушел из жизни академик Рахим Масов


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262