Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

08.05.200807:31

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 63-юмин солгарди Рўзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ

Ҳамватанони азиз!

Мўҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ!

Шуморо ба муносибати 63-юмин солгарди Рўзи Ғалаба бар хатарноктарин душмани аҳли башар – фашизми гитлерӣ табрику муборакбод менамоям.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд.

Рўзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромўшнашуданӣ мақом дорад.

Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Рўзи Ғалаба рамзи ватандўстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рўҳи шикастнопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рўзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти адў саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомўз барои наслҳои имрўза аст. Дар баробари ин Рўзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳоянд ва мо барои ҳифзи онҳо бояд ҳамеша омода бошем. Дар шароити кунунӣ, ки ба инсоният хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид мекунанд, ин масъала аҳамияти хоса касб менамояд.

Ва чунонки халқҳои ҷаҳон дар муттафиқӣ бар нерўи аҳримании фашизм пирўз шуданд, ин хатарҳоро низ дар якҷоягӣ ва ҳамкории васеъ метавон аз байн бурд.

Имрўз комилан мусаллам аст: бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дўстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки ба шарофати корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан мемонанд. Торумор гардидани Германияи фашистӣ намунаи олии дўстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.

Имрўз ба тамоми собиқадорон ҷанг, ки баъд аз Ғалаба ҳам дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат намуда, ҳоло давлати пирӣ меронанд, изҳори сипоси бепоён менамоем. Сарбаландӣ ва рўҳи пойдори онҳо ба мисли қуллаҳои осмонбўси Тоҷикистони азизи мост.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рўзи Ғалабаи бузург табрик ва муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, рўзгори обод ва саодати ҷовидон орзумандам.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0318:48Делегация Молдовы отказалась ехать на заседание МПА СНГ в Петербург
23.0316:00Как Дмитрий Маликов проложил Сабине Шамсэд путь на российскую сцену
23.0314:47В центре Киева убит бывший депутат российской Госдумы
23.0311:15Президент открыл новый учебный корпус школы в джамоате Унджи Б.Гафурова (фото)
23.0309:53В ДТП на юге Таджикистана погибли четыре человека


Самое обсуждаемое

20.0313:00Ташкентский рейс все еще находится в «воздухе»(3)
20.0309:34Министр транспорта наградил экипаж самолета «Таджик Эйр», совершившего аварийную посадку в Худжанде(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00