Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.06.200818:32

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус, ҷамъбасти натиҷаҳои семинари соҳаи кишоварзӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва муайяну мушаххас намудани вазифаҳои минбаъда ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба хоҷагии деҳқонии Баҳодур ташриф оварда, аз заминҳои сабзавоткории он дидан кард. Зимни боздид зикр гардид, ки аҳли хоҷагӣ анвои гуногуни сабзавот ва зироатҳои полезию лубиёгӣ кишт намуда, аз заминҳои обӣ то се ҳосил мерўёнанд. Дар як қитъаи замин иттилоъ доданд, ки чормағзи заминӣ баъди ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ кишт карда шудааст вабаъди рўёндани ҳосили он моҳи август дар ҳамин замин сабзӣ кошта мешавад. Деҳқонони хоҷагӣ аз ҳар гектари заминҳо то 60 сентнерӣ чормағзи заминӣ ва 400 сентнерӣ помидор ва пиёзи барвақтӣ рўёнданианд. Дар ин заминҳо ҳамчунин ҳосили хуби карам, гулкарам, лаблабуи сурхи ошӣ, лўбиё ва тарбўзу харбўза ба мушоҳида расид. Онҳо дар байни қаторҳои боғи навбунёди ниҳолҳои мевадиҳанда низ баҳри пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ зироатҳои гуногун кишт кардаанд, ки ҳосили фаровон доранд. Таъкид гардид, ки як дона лаблабуи сурхи ошӣ аз сари замин 20-дирамӣ ба фурўш меравад. Дар бозор бошад, нархи донааш50- 60 дирам аст.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар зардолубоғи 18-солаи хоҷагии деҳқонии Наҷибулло таваққуф намуда, бо деҳқони пиронсоли узбекзабон сўҳбати самимӣ анҷом дод. Чунонки аён буд, шохаҳои зардолу аз серҳосилӣ сар ба замин овардаанд. Мўйсафед аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба боғаш сарфароз гашта, ба ў дуои нек дод.

Зимни боздид аз ноҳияи Шаҳритус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок намуд. Мактаббачагони хушҳол Сарвари давлатро бо қироати шеърҳо ва Суруди миллии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қобилияти баланди забондонии хонандаи синфи 11-ум Гулсумро мушоҳида намуда, дастур дод, ки ўро тавассути квотаи Президентӣ ба факултаи англисии Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон қабул намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти мактаб оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо он зикр гардид, ки мактаб бо 600 ҷойи нишаст барои хонандагони узбекзабон бо сафарбар кардани соҳибкорони маҳалӣ ва падару модарон дар муддати кўтоҳ сохта шудааст. Ин муассисаи таълимӣ бо риояи талаботи муосири мактабсозӣ бунёд ёфта, дорои синфҳои махсускунондашудаи компютерӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳозир барои таъмини шароити гармидиҳии мактаб дар фасли зимистон ва кабудизор кардани атрофи он чораандешӣ кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Исфараи ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо натиҷаҳои сабзавоткорӣ ва боғдории онҳо аз наздик шинос шуд. Дар ҷавоб ба суоли Сарвари давлат оид ба ҳаҷми маоши аъзои хоҷагӣ посух доданд, ки онҳо фоидаи худро асосан аз замин мегиранд, зеро ки ба ҳар як аъзо 20 садякӣ дода шудааст ва ҳосили рўёндаашон илова ба моҳонаи пулии хоҷагӣ пурра ба ихтиёри худашон аст

Натиҷаи ҳавасмандии аъзои хоҷагӣ аст, ки ҳамаи зироатҳояшон ҳосили хуб доранд. Онҳо аз ҳар гектари замини ғалла на камтар аз 35 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд.

Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони идораҳои кишоварзию заминсозӣ, роҳбарони ҷамоатҳо ва хоҷагии тухмипарвар, ниҳолпарвар, зотпарвар ва ҷангалпарвар, корхонаҳои коркарди пахта ва дигар шахсони дахлдор, ки баҳри иштирок дар семинари соҳаи кишоварзӣ ба ин ноҳия омада буданд, машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ҳамчунин масъулини сатҳи ҷумҳуриявии соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ба он алоқаманд иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад нахуст ахбори раиси ноҳияи Шаҳритус Холмурод Раҳмонов шунида шуд. Таъкид рафт, ки айни ҳол дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия 128 иншоот сохта ва тармиму таҷдид карда мешавад. Тибқи иттилои ў то оғози соли нави таҳсил 6 мактаби нав ҳар яке бо 200 то 600 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар зарфи 1 солу 4 моҳи охир дар ноҳия 5 693 338 сомонӣ дар сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сарф шудааст, ки аз танҳо 183 854 сомониаш маблағҳои буҷетӣ мебошанд. Боқимонда маблағҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ аст.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти чормоҳаи хоҷагии халқи вилояти Хатлон раиси вилоят Ғайбулло Авзал гузориш дод. Зикр гардид, ки имсол бо назардошти зарурати бамиёномада нисбат ба соли гузашта 21 ҳазор гектар бештар ғалладона кишт карда шуд. То имрўз аллакай 6 ҳазор гектар ғалла дар ноҳияҳои ҷануби вилоят дарав карда шуда, дар дигар ноҳияҳо омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад.

Тибқи иттилои ў деҳқонони вилоят дар 60 ҳазор гектар заминҳои обӣ кишти такрорӣ гузаронда, дар фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ саҳми намоён гузоштанианд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз истифода нашудани 5300 гектар заминҳои корами вилоят изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла дастур дод, ки дар заминҳои камоби водии Вахш боғҳои калони зардолу бунёд намоянд. Таъкид гардид, ки дар сурати парвариши хуби зардолу, ки ба иқлими қариб ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мутобиқ аст ва дуруст хушк кардану ба бозор баровардани меваи он иқтидори содиротии вилоят ва даромади он хеле афзун мегардад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар заминҳои қаблан обёришудаи имрўз беодаммонда бунёди деҳаҳои нав ба нақша гирифта шавад, то ки ба ин ҷоҳо оянда аҳолии деҳоти мавзеи зери обанбори нерўгоҳи Роғун ва дигар деҳаҳои барои зиндагӣ хатарнок ихтиёран кўчонда шаванд.

Зимни суханронии ҷамъбастӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми ноҳияи Шаҳритус баҳри натиҷаҳои ибратбахш дар бунёдкорию созандагӣ арзи сипосу миннатдорӣ карда, дигаронро ба пайравӣ ба ин иқдомҳои шоиста даъват намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин оид ба кишти такрории заминҳои обии озодшаванда, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ ва маводи сўхт барои зимистон, зиёд намудани захира ва нуқтаҳои фурўши ангишту гази моеъ, кушодани филиалҳои бонкҳои саҳомӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ғамхорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар корҳои муҳим вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1211:38Реабилитирован экс-руководитель Узбекистана, проходивший по «Хлопокому делу»
09.1210:16В Таджикистане смягчен энерголимит
09.1210:07Российские Су-25 перебазировались из Киргизии в Таджикистан
09.1210:03Обогатительный комбинат, строящийся в Истиклоле, заработает в следующем году
09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247