Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.06.200811:32

Машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва як қатор вазорату идораҳои дигармашварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккилона ва марбут ба гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, истифодаи босамару сарфакоронаи об, тезондани сохтмони нерўгоҳҳои Сангтўда-1 ва Сангтўда-2 ва омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд.

Оид ба мубориза бо гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ҳисоботи Директори Агентии назорати маводи нашаовар Рустам Назаров шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили таъмини амният дар рўзҳои баргузории мулоқоти навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе таваҷҷўҳ намуда, ба шахсони дахлдор дастуру ҳидоятҳо дод.

Вазири энергетика ва саноат вазифадор шуд, ки сохтмони нерўгоҳҳои Сангтўда-1 ва Сангтўда-2 – ро тезонда, баҳри дар ҳамин моҳ ба кор даровардани агрегати дуюми нерўгоҳи Сангтўда-1 чораҳои саривақтӣ андешад.

Ба Вазири мелиоратсия ва захираҳои об дастур дода шуд, ки хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳуриро бо об саривақт таъмин намуда, баҳри истифодаи босамар ва сарфакоронаи захираҳои обӣ чораҳо андешад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор ҳамчунин баҳри пурзўр намудани интизом дар сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, таъмини волоияти қонун ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони ояндасупоришҳои қатъӣ дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

30.0316:50Представлен новый Samsung Galaxy S8
30.0315:47Путин впервые прокомментировал антикоррупционные митинги
30.0315:00Вопрос с «Ямалом» не решен. Минтранс России допускает применение «побуждающих действий» в отношении Таджикистана
30.0313:50Сотрудник столичной авиакассы осужден на 8 лет за продажу фальшивых авиабилетов
30.0312:12Как Грузия отметила отмену виз в Европу


Самое обсуждаемое

30.0306:32Мэр Душанбе поручил милиции заняться уклонистами от армии(6)
29.0317:51Уроженка Таджикистана победила в конкурсе красоты в Харькове(3)
29.0311:25Вице-президент Афганистана Абдул Рашид Дустум находится под домашним арестом из-за скандала с изнасилованием(2)
29.0314:22Таджикский продюсер Бехруз Зеваров снял клип на свою новую песню(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156302