Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.06.200808:32

Амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон таъмин мегардад

             Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Салоҳзода Аҳлиддин).- Масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳоест, ки тайи солҳои охир мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Зоҳир намудани таваҷҷӯҳи бештар ба ин масъалаҳо аз як тараф, агар баланд гардидани нархи маводи озуқаворӣ, аз ҷумла орду гандум дар бозори ҷаҳонӣ бошад, аз ҷониби дигар афзоиши талаботи мардум нисбат ба солҳои қабл ба ин маводи мавриди ниёзи аввал мебошад.

Дар робита ба ин, чанде қабл аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома ба аъзои Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он барои самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин таъкид шуда буд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, аз ҷумла орду гандум ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ андешида шудааст.

Дар посух ба ин тадбири муҳими Президенти кишвар, мардуми шарифи Тоҷикистон ва деҳқонони пуртаҷриба дар доираи ин муроҷиатнома ва бо истифода аз донишу маҳорати худ ба бунёди боғҳои гуногун, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва дар ин замина гирифтани то чор ҳосил камар баста, дар анҷоми ин кор ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан аз ҷараёни корҳои сохтмониву ободонӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин барои кишт ва вазъи зиндагиву рӯзгори сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ин мавзеъҳо сафари корӣ анҷом дод.

Ташрифи Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ омили асосии вусъат ёфтани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва фароҳам омадани шароити мусоиди корӣ дар ин минтақаҳо ба шумор меравад.

Президенти мамлакат зимни мулоқоту вохӯриҳои худ бо намояндагон ва аҳли заҳмати ин минтақаҳо ҳамеша ба зарурати истифодаи оқилонаи замин, саҳми муносиб доштан дар сарсабзиву хуррамии ватани азизамон, таъмини оилаҳои худ бо маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, рушди соҳаҳои чорводорӣ, мурғпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва истифода аз дигар имконот таъкид менамояд.

Аз ҷумла, саъю талоши Сарвари давлат ҷиҳати оғоз ва анҷоми муваффақонаи бунёди Нерӯгоҳҳои оби барқии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳояш бо масъулину фаъолони шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар ба назар мерасанд.

Сарвари давлат дар ҷараёни боздиде, ки ахиран аз шаҳри Роғун анҷом дод, дар баробари шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум, пешрафту камбудиҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун, инчунин ба анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳи бузург таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмонафзоиши нақши Роғун дар ҳаёти мамлакати

моро бинобар сабаби бунёди бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, онро барои кишвари мо дорои аҳамияти бузурги ҳаётиву стратегӣ маънидод намуд. Президенти мамлакат дар ин замина ҳамчунин баён дошт, ки

«Мо рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи мамлакатамонро бе нерӯгоҳи Роғун тасаввур карда наметавонем. Иқтидори ин нерӯгоҳи азим 3600 мегаватт ва арзиши умумиаш 3,4 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бо бунёди он дар як сол зиёда аз 14 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад, ки ин дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мо, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишварамон нақши ҳалкунанда бозида, илова бар ин, имкон медиҳад, ки Тоҷикистони мо ба яке аз давлатҳои асосии тавлидкунандаи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи минтақа мубаддал гардад».

Бо дарки ниҳоят муҳим будани ин масъала ва ҷиҳати идома додан ва суръат бахшидани корҳои бунёдкорӣ дар нерӯгоҳ ҳар солаз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои алоҳида ҷудо мегарданд, ки ин барои боз ҳам таҳким бахшидани сохтмони он мусоидат менамояд. Таъсис додани Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани ин иншооти тақдирсоз нақши арзанда хоҳад гузошт.

Хулоса, дур нест он рӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

истиқлолияти энергетикӣ пурра таъмин гардида, барои таъмини аҳолии мамлакат бо қувваи барқ заминаи мусоид фароҳам меояд.





Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0160157