Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.06.200811:32

Дар фурӯдгоҳи вилояти Суғд нашъаҷаллоб дастгир шуд

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор намуданд.

Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 1 майи соли ҷорӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии боғоҷи дастии мусофирони сайрхати самти «Хуҷанд-Москва» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Махсудҷон Андаеви 46-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт намуданд. Аз номбурда се адад бастаи селофанӣ дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо маводи нашъаовар мавҷуд буд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мутахассисон бастаҳои селофании мазкур героин буда, вазни холиси он 589 граммро ташкил дод.

Оид ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 200, қисми 3, банди «г», 32, қисми 3 ва 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Махсудҷон Андаев парвандаи ҷоноӣ оғоз шуда, ба прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд барои тафтиши пешакӣ фиристода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.1110:25В Таджикистане построят новый алюминиевый завод
18.1108:49Президент открыл Центр плова в Худжанде
18.1107:56В Таджикистане предлагают наказывать мужчин - любителей платной любви
16.1119:31Ни компенсации, ни квартир: в Душанбе десятки семей останутся без крыши над головой. ВИДЕО
16.1116:16В Таджикистане доллар вновь пропал с наличного валютного рынка


Самое обсуждаемое

17.1110:40Каким пыткам подвергаются таджикские дети?(1)
16.1115:02Каким в Таджикистане видят Эмомали Рахмона?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263