Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.06.200812:32

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александер Стубб

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Финляндия Александер Стуббро ба ҳузур пазируфт….

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва Финландия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба баҳри рушди низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ номида, аз натиҷаи ҳамгироиҳо бо он дар роҳи таҳкими сарҳадот, безарар кардани минаҳо ва ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуд.

Александер Стубб Тоҷикистонро аз аъзоҳои асосии САҲА дар Осиёи Марказӣ номида, изҳор дошт, киба рушди ҳамкорӣ бо он эътибори муҳим дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки имрўз самтҳои ҳамкорӣ бояд зиёд шаванд. Ба андешаи ў кунун вақти он расидааст, ки бештар ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва истифодаи босамари захираҳои обӣ густариш ёбанд.

Александер Стубб ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки Маркази САҲА дар Душанбе минбаъд бюрои САҲА номида ва дар Тоҷикистон Коллеҷи сарҳадии САҲА кушода хоҳад шуд.

Ҷонибҳо атрофи масоили таъмини волоияти қонун, риояи ҳуқуқи инсон ва рушди демократия гуфтугўйи судманд анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афѓонистон ва ҳамроҳшавии бештари САҲА ба ҳаллу фасли мушкилоти ин кишвари азиятдида табодули назар карда шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Финландияниз зоҳир карда шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0612:50Жители Бартанга выпускают на волю пойманных снежных барсов. ВИДЕО
29.0612:35МВД Таджикистана предупреждает о распространении опасного вируса «Petya»
29.0612:09Криштиану Роналду дал автограф таджикскому футболисту
29.0611:34Из Приднестровья сбежал бывший президент. Он уплыл на лодке в Молдавию
29.0610:51МВД Таджикистана предупреждает граждан о вирусе "Петя"


Самое обсуждаемое

27.0610:00Путин: В те годы Россия оказывала активную поддержку руководству и народу Таджикистана(8)
29.0609:40Курган-Тюбе станет Бохтаром, Сарбанд - Левакандом. Череда переименований продолжается(3)
29.0608:44Глава Пентагона: Путин вредит международным отношениям(1)
28.0607:39Э.Рахмон открыл школу, построенную китайской компанией TBEA(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312587