Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

19.07.200811:12

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошим

Аз субҳи рўзи 19 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ишкошим идома ёфт.

Дар ноҳияи Ишкошим Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз қисми низомии 2703-и Қўшунҳои сарҳадии кишвар дидан карда, бо шароити хизматию маишӣ ва вазъи омодагии ҳарбии ҳайати шахсии он шинос шуд. Ба ҳайати фармондеҳӣ ва сохторҳои дахлдори низомӣ низ оид ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла баҳри захира намудани озуқаворӣ ва маводи сўхт, таъмиру тармими хобгоҳҳои сарбозӣ ва дигар иншооти мавҷуда ва ҳамчунин босамар истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия дастур дода шуд, киба хоҷагиҳои ёрирасони қисмҳои низомии сарҳадбонон заминҳои иловагӣва чорвою парранда ҷудо карда шавад, то ки онҳо тавонанд ҳайати шахсии худробо маводи ғизоии тару тозатаъмин намоянд.

Дар сўҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, аз худ кардани нозукиҳои касби марзбонӣ ва муборизаи беамон бо сарҳадшиканону қочоқчиёни маводи мухаддир ҳидоят намуд.

Дар ҷамоати деҳоти Ишкошим Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 гектар заминҳои нав обёришуда бори аввал об сар дод ва ба истифодабарии онҳооғоз бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сўҳбат бо кишоварзон мужда расонд, ки соли оянда дар ноҳияи Ишкошим бо ҷудо намудани 1 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ боз 120 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд.

Ба вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон супориш дода шуд, ки ҳар сол дар ҳудуди вилоят на камтар аз 250 гектар заминҳои нав шодоб карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони ноҳияи Ишкошимроба истеҳсоли бештари картошка ҳидоят намуда,таъкид намуд, кимайдони кишти он дар ноҳиябояд аз 500 гектар зиёд карда шавад ва дар 150 гектари ин заминҳо картошкаи тухмӣ кишт карда шавад. «Замин ва иқлими ноҳияи Ишкошим барои парвариши картошкаи тухмӣ бисёр мусоид аст»,- гуфт Роҳбари давлат. Ин дастур азҷониби кишоварзон хуб пазируфта шуд, зеро кифурўши картошкаи тухмӣ фоидаи бештар меорад.

Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо дастовардҳои корҳои илмии кишоварзӣ дар парвариши ғалла, картошкаи тухмии бевирус ва сабзавоти барвақтии зери пленка киштшуда шинос шуд.

Олимони пажўҳишгоҳи биологии «Помир» дар заминҳои таҷрибавии худ оид ба парваришинавъҳои гуногуни ғалладона ва картошкаи тухмӣ ахборот доданд. Роҳбари давлат бо назардошти маблағҳои зиёди ба ин соҳа ҷудошуда олимонро вазифадор намуд, ки ҳар сол на камтар аз як навъи серҳосили ғалладона ва картошка ба кишоварзон пешниҳод намоянд.

Зимни дидан аз заминҳои ғалладона ва картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Исмоилов зикр гардид, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ишкошим муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истифодаи пурсамари заминҳои обӣдастури кори худ қарор дода, баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар боғи марказии истироҳатии ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 1000 нафар сокинони он мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонсокинони ноҳияи Ишкошимро низ аз тўҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд намуд. Ў мужда расонд, киимрўз ба ноҳия 50 компютер барои мактабҳо, 2 мошини ёрии таъҷилӣ барои беморхонаи марказӣ ва 4 автобуси мусофирбар барои мардум ҳадя карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, кибарои рушди минбаъдаи соҳаҳоииҷтимоии ноҳия дар нимсолаи дуюми соли равон1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва фонди захиравии Сарвари давлат ҷудо карда мешавад. Бо ин маблағҳо як мактаби нав сохта шуда, ду мактаби садамавӣ беморхонаи марказӣ бундгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоот тармиму азнавсозӣ карда мешавад. Дар зарфи ду соли ояндаду миллион сомонӣ барои азхуд намуданизаминҳои нави бекорхобида ноҳияи Ишкошим ҷудо мегардад. Таъкид гардид, ки дар солҳои наздик дар ҳудуди ВМКБ15 хазор гектар заминҳои навбо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ шобод карда мешаванд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз ноҳияи Ишкошим иттилоъ дод.
Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию
07.1214:14В Таджикистане через пять часов после похищения освобожден ребенок
07.1213:31НБТ связывает низкий уровень доверия к банкам с их недостаточной прозрачностью


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156337