Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

19.07.200818:12

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа

Нимаи дуюми рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф овард.

Дар ноҳияи Роштқалъа сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаи марказии ноҳиявӣ, ки ба наздикӣ мавриди таъмири асосӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа қарор гирифта буд, оғоз ёфт. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки беморхона бо 237 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ, ултрасадо, ташхиси дил ва ғайра муҷаҳҳаз гаштааст.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа расман ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сохтмони анҷомёфтаизҳори норозигӣ карда, ба масъулин баҳри дар сатҳи баланд иҷро намуданикорҳо ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогашта супоришҳои қатъӣ дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зери пояи бинои ояндаи «Амонатбонк» санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

Таъкид гардид, ки сохтмони он бо сифати баланд дарзарфи як сол анҷом меёбад ва хизматрасонии бонкӣ ба аҳолии ноҳия беҳтар мегардад.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия бо вохўрии пурсамари ў бо сокинони ноҳия анҷом ёфт, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Роштқалъа баргузор гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмондар доираи кўмаку дастгириҳои доимииҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми фарҳангпарвари ноҳияи Роштқалъа4 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 4 автобуси мусофирбар ва 42 компютертўҳфа намуда, изҳор дошт, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоии ноҳия то охири соли равон1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мегардад.Бо ин маблағҳо як мактаби нав сохта,як мактаби садамавӣ бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.Зикр гардид, ки чанд рўз пешдар деҳаи Ангинаиноҳияи Роштқалъаяк сехи коркардиЛоҷувард ва дигар сангҳои қиматбаҳо бо 19 ҷойи корӣ ба кор дароварда шуд. Шумораи коргаронба наздикӣ то ба 40 нафар расонда мешавад. То охири солбоз ду сехи коркарди сангҳои қиматбаҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошим низба кор дароварда мешавад.

Ба роҳбарияти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, кибаҳри азнавсозии роҳҳои мошингардиРоштқалъа – Хоруғ ва Ишкошим – Хоруғ чораҳои таъхирнопазир андешад. Ба роҳбарияти вазорати энергетика ва саноатва ҷамъияти Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ дастур дода шуд, кидар ноҳияи Роштқалъа яктогӣ сехҳои дўзандагӣ ҳар яке бо 30 ҷойи корӣ сохта ба истифода диҳанд.

Роҳбарияти ноҳияҳои ВМКБ вазифадор карда шуданд, килоиҳаҳои нақшаҳои генералии марказҳои ноҳиявиро баҳри ободонии минбаъдаи онҳотаҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Бегоҳии рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хорўғ омада, дар маросими тантанавии ифтитоҳи варзишгоҳи марказии он иштирок намуд.

Хотиррасон бояд кард, ки варзишгоҳи марказиишаҳри Хоруғ дар зарфи як соли охир бо харҷи2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, ки тобистони соли гузашта бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гашта буд, лоиҳакашӣ ва аз нав сохта шуд ва имрўз он дорои 3500 ҷойи нишаст гаштааст. Хурсандии мардуми шаҳри Хоруғ ва атрофи онро аз ин тўҳфаи пурарзишиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадду канор нест.

Шоми имрўз дар ин варзишгоҳ ба хотири ифтитоҳи онва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоишивасеъи театрикунонидашуда ва консерти бошукўҳиустодони санъати вилояти ва ҷумҳурӣ баргузор гашт, киба яктантанаи бузургиваҳдату ягонагӣ ва пешрафти шукуфоӣ табдил ёфт.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1211:34Жителей Душанбе будут штрафовать за использование газовых баллонов
08.1211:14Президент принял участие в сдаче второй очереди Душанбинской ТЭЦ-2
08.1210:29В семье Дилшода Назарова родился сын
08.1210:17Салафитов, торговавших краденой нефтью в Казахстане, возглавлял инвалид
08.1210:02Энергонезависимость в Таджикистане планируют обеспечить к 2025 году


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250