Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

19.07.200811:12

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ишкошим

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони

ноҳияи Ишкошим

Падарон ва модарони гиромӣ!

Бародарон, хоҳарон ва фарзандони азиз!

Тавре ки дар ёд доред, мо бо ҳам ду сол пеш дар рўзи ба истифода додани пули миёни Тоҷикистону Афғонистон мулоқот доштем. Ва имрўз бори дигар бо мақсади дидорбинӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагӣ ва фаъолияти шумо – сокинони сарбаланди ноҳияи Ишкошим ба наздатон омадем.

Дар ин муддат дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон як қатор пешравиҳо ба амал омаданд. Тамоми кўшишҳои Ҳукумат ба он равона шудаанд, ки мо ба ҳадафи ниҳоии худ-аз тариқи таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори иқтисодӣ ба таъмини зиндагии сазовори мардум ноил гардем. Дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ ба амал бароварда мешаванд ва натиҷаҳои бадастомада хеле умедбахшанд. Дар айни замон ин моро водор месозад, ки гузаштаи наздики худро ба ёд орем ва ба хотири беҳдошти оянда андеша намоем.

Ҳамаи мову шумо медонем, ки чанд сол пеш вазъи зиндагӣ дар Бадахшон хеле мушкил буд. Сабабҳои асосии он нарасидани қувваи барқ ва дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштани қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шумор мерафтанд, ки ба рўзгори мардум, рафтуомади онҳо ва воридоти молу маҳсулот таъсири манфӣ мерасониданд. Бо дарназардошти ин, мо ҳанўз аз рўзҳои нахустини давлатсозиву давлатдории мустақилонаи худ бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои вилоят шурўъ карда будем.

Яъне бо ташаббус ва дастгирии давлату Ҳукумати кишвар дар як муддати кўтоҳ дар қаламрави Бадахшон як силсила иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ, аз ҷумла нерўгоҳи барқи обии «Помир-1», роҳи мошингарди Кўлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ - Мурғоб – Кулма ва дар болои дарёи Панҷ се пул сохта, ба истифода дода шуд. Дар натиҷа вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои вилоят бо қувваи барқ хеле беҳтар гардид ва он аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида шуд. Ҳоло мардуми Бадахшон имконият доранд, ки дар ҳамаи фаслҳои сол ба тамоми қаламрави мамлакатамон рафтуомади доимӣ дошта бошанд. Илова бар ин, ба Чину Покистон ва Афғонистон низ роҳ кушода шуд.

Тавре ки борҳо таъкид намудаам, роҳ ин ҳаёт аст. Роҳҳо, ки минтақаҳои кишварро бо ҳам мепайванданд, нафақат воситаи интиқоли молу маҳсулот мебошанд, балки омили муҳими ба ҳам наздик шудани сокинони маҳалҳои гуногун ва таҳкими дўстиву рафоқат миёни одамон ба ҳисоб мераванд. Ҳоло бо кушода шудани пулу роҳҳо дар Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим низ ҳаёт рангу таровати тоза пайдо кардааст. Аз ин рў, мо бояд пеш аз ҳама аз истиқлолияти Тоҷикистони азизамон, давлату давлатдории миллиамон ва сулҳу суботи устувори кишварамон шукрона карда, ҳамеша барои ҳифз ва пойдории абадии онҳо кўшишу талош намоем, зеро ҳамаи дастовардҳо ба мо танҳо ба шарофати истиқлолият ва сулҳу субот муяссар шудаанд.

Дар баробари бунёди иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, сохтмону азнавсозии шоҳроҳу нақбҳои дорои аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, инчунин дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар вазъи ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ ва маишиву иҷтимоиро тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардонида истодаем.

Ҳоло дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати кишвар сохтмони 7 мактаби миёна идома дорад. Инчунин барои обёрии заминҳои нав дар ноҳия маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд. Умуман, барои маблағгузории иншооту корҳои зикршуда дар соли 2008 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Барои рушди соҳаҳои иҷтимоии ноҳия дар муддати 16 соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ зиёда аз 27 миллион сомонӣ равона гардида, дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пўшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба маблағи 16,7 миллион сомонӣ субвенсия, инчунин аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти кишвар ва дигар манбаъҳои давлатӣ қариб шашуним миллион сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шуданд.

Аз ин ҳисоб барои корҳои таъминот бо оби нўшокӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ намудани заминҳои нав, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ ва мактабҳо, таъмиру азнавсозии биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои фарҳангиву истироҳатгоҳҳова дигар корҳои ободонӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуданд.

Инчунин дар асоси 5 зерлоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ якчанд иншооти иҷтимоӣ бунёд ва барқарор карда шуд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободонииҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи шумо минбаъд низ пайваста ғамхорӣ ва мусоидат хоҳад кард, то ки сатҳ ва сифати зиндагии мардум зина ба зина баланд бардошта шавад.

Дар оянда ҳамаи нақшаҳое, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» вобаста ба ноҳияи Ишкошим дарҷ гардидаанд, амалӣ мегарданд ва сатҳи зиндагии мардуми ноҳия дар чанд соли наздик хеле беҳтар хоҳад шуд.

Тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 1 июли соли ҷорӣ маоши кормандони муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, нафақа ва стипендия зиёд карда шуд. Мувофиқи он ҳадди ақалли маош ва нафақа, инчунин тамоми нафақаҳои иҷтимоӣ се баробар зиёд гардиданд.

Бо мақсади дастгирии моддии собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбону барҷомондагон, кўдакони ятим, оилаҳои камбизоати ноҳия ва фарзандони мактабхони онҳо пайваста аз тарафи давлат кўмакпулиҳо пардохта мешаванд, ки ин шаҳодати ғамхории Ҳукумат ба гурўҳҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад.

Барои беҳбудии вазъи зиндагӣ, ки он пеш аз ҳама ба заҳмати худи мардум вобаста аст, давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ноҳияи Ишкошим, ки нисбат ба дигар ноҳияҳои вилоят аз ҷиҳати заминдорӣ бартарӣ дорад, барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ, хусусан зиёд кардани саршумори чорвои майда, боғпарварӣ, занбўрпарварӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Тибқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия 2000 гектар ғалладона, 460 гектар картошка ва 55 гектар сабзавот кишт гардидааст. Яъне дар ноҳия бештар ба парвариши ғалладона афзалият дода шудааст, ки ин албатта хуб аст. Дар шароити камзаминии кўҳистон бояд ҳар ваҷаб замин оқилона ва самарабахш истифода бурда шавад. Барои ин бояд кишоварзон пеш аз ҳама ба баланд бардоштани ҳосилнокии замин, бахусус замини обӣ ва рўёнидани маҳсулоти аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар фоидаоварро дар мадди назар дошта бошанд.

Мувофиқи таҳқиқоти олимону мутахассисон дар ноҳияи Ишкошим барои рушди картошкапарварӣ ва ба роҳ мондани фурўши он ҳам ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳам ба хориҷи кишвар имконияти зиёд мавҷуд аст.

Аз ин рў, ба ҳамаи кишоварзон ва шумо – заҳматкашони ноҳия зарур аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ дар баробари таъмини амнияти озуқавории худ доир ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю картошка, инчунин ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурўш баровардани маҳсулот низ кўшиш намоед.

Бо мақсади рушди истеҳсолот, бахусус густариш додани соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои кўҳистони мамлакат мо ҳоло додани қарзҳои хурдро аз тариқи бонкҳо ба таври васеъ ба роҳ мондаем.

Дар доираи татбиқи ин тадбир дар давоми шаш моҳи гузашта аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорони ноҳия дар маҷмўъ қариб се миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 фоиз зиёд мебошад.

Хусусан, аз соли 2004 инҷониб афзоиши дукаратаи ҳаҷми қарздиҳӣ боиси қаноатмандӣ мебошад, зеро он нишондиҳандаи рушди соҳибкорӣ ва пайдоиши ҷойҳои кории нав аст.

Мо ҳаҷми қарзҳоро минбаъд низ зиёд мекунем ва итминон дорем, ки шумо аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумат самаранок истифода бурда, истеҳсолотро вусъат мебахшед ва ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин даромади худро афзун мегардонед.

Илова бар ин, бо истифода аз фурсати муносиб, яъне аз ҳузури аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ, ки ҳоло дар вохўрии мову шумо иштирок доранд, ба онҳо супориш медиҳам, ки дар ҳаллу фасли проблемаву масъалаҳои мавҷудаи ноҳия ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Аз ҷумла, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия вазифадор карда мешавад, ки барқарорсозии роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошимро ҳарчи зудтар ба анҷом расонад;

- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ишкошим дар бораи дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд намудани корхонаҳои коркарди санги мармар, меваю сабзавот ва истеҳсоли оби минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- Иттифоқи «Тоҷикматлубот» якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо мувофиқаи сохторҳои дахлдори давлатӣ ташкили бозори наздисарҳадиро дар мавзеи Лангар ҳарчи зудтар таъмин намояд;

- Агентии сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия масъалаи бинои сохтмонаш нотамоми собиқ кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияро баррасӣ карда, лоиҳаи асосноксозии техникии онро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- Вазорати тандурустӣ масъалаи бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавии ноҳияро ҳаллу фасл созад;

- вазоратҳои маориф ва тандурустӣ дар бораи аз тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои давлатии омўзгорӣ ва тиббии Тоҷикистон қабул намудани хатмкардагони лаёқатманди мактабҳои ноҳияи Ишкошим чораҷўӣ намоянд;

- Вазорати фарҳанг ҷиҳати ба анҷом расонидани таъмири асосии қасри фарҳанги ноҳия масъалаи маблағгузории онро ҳаллу фасл намояд;

- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия масъалаи дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда ё лоиҳаи нави сармоягузорӣ барқарор кардани иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ишкошимро мавриди баррасӣ ва чораҷўӣ қарор диҳад.

- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фароҳам овардани шароит барои рушди туризми дохиливу хориҷӣ дар асоси мавзеъҳои нодири ноҳия, аз ҷумла чашмаҳои шифобахш чораҳои дахлдор андешида, дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

Мо дар сурате сатҳи зиндагии халқамонро баланд бардошта метавонем, ки фидокорона ва сидқан меҳнат намоем ва дар мавриде хона, деҳа, ноҳия ва Ватани худ - Тоҷикистони азизро обод ва давлату давлатдориамонро мустаҳкам карда метавонем, ки бо эҳсоси гарми худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро пойдору устувор нигоҳ дорем.

Дар марҳалае, ки мардуми кишварамонбо ифтихор аз фарҳанги куҳанбунёдамон ба ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ - 17-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ омодагӣ мегиранд, аз ҳар як фарди бонангу номусе, ки худро аз табори ориёӣ, аз миллати бофарҳангу тамаддунсози тоҷик медонад, бояд ба раванди давлатдорӣ ва тараққиёту ободсозии кишвари азизамон на танҳо назари нек, балки саҳмибевосита ва арзанда дошта бошад.

Бо арзи сипос аз истиқболи гарми шумо тамоми мардуми меҳмоннавози ноҳияи Ишкошимро бори дигар бо фарорасии ҷашни Рўзи забон, ки дар тўли ҳазорсолаҳо барои бақои миллати мо нақши тақдирсоз бозидааст, табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон рўзгори хушу осуда ва барори кору зиндагӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, азизон!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(7)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156333