Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

19.07.200818:12

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа,
Падарон ва модарони мўҳтарам!

Бародарон, хоҳарон ва фарзандони азиз!

Аввалан барои эҳтирому меҳрубонии бузургатон ба шумо арзи сипосу миннатдорӣ карда, онро чунин қабул мекунам, ки шумо сидқан ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа мебошед.

Воқеан сиёсатеро, ки мо ба хотири таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ободиву созандагии Ватани азизамон пеш гирифтаем, давлат ва мардуми моро зина ба зина ба сатҳи тараққиёти нав бароварда истодааст.

Ҳаёт ҳамарўза собит менамояд, ки аз баракати сулҳу суботи устувор сарзамини аҷдодиамон торафт обод ва вазъи зиндагии мардуми шарифамон сол ба сол беҳтар мегардад.

Чанде пеш дар Рўзи ваҳдати миллӣ дар ин сарзамини биҳиштосо, фарҳангпарвар ва зодгоҳи Мирсаид Миршакари ширингуфтор ҷамъ омадани намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтарин нишонаи ваҳдати устувор ва баёнгари эҳсоси гарми ватандўстии мардуми бонангу номус ва сарбаланди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад.

Маҳз дар натиҷаи чунин муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ мо метавонем минбаъд низ мушкилоти ҳаёти худро бартараф намуда, кишвари соҳибистиқлоламонро ба як давлати пешрафта табдил диҳем.

Ман сафари нахустини худро ба ноҳияи шумо, ки ҳанўз моҳи ноябри соли 1996-ум, яъне дар замони нооромиҳои кишварамон сурат гирифта буд, хуб дар ёд дорам.

Он рўзҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рўҳияи мардум воқеан коҳиш ёфта, симои зоҳирии ноҳия низ чандон диққатҷалбкунанда набуд.

Имрўз бошад, кор ранги дигар гирифтааст ва ба таври ошкоро изҳор медорам, ки ҳоло аз дидани чеҳраҳои осуда ва рўҳияи баланди шумо қаноатманду хушҳолам.

Дар натиҷаи кўшишҳои Ҳукумати мамлакат ва меҳнати суботкоронаи мардум вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия тадриҷан беҳтар шуда истодааст.

Танҳо дар давоми чанд соли охир бо сарфи чоруним миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ дар ноҳия як силсила корҳо, аз ҷумла сохтмон, таъмиру азнавсозӣ ва бо ашёву лавозимоти зарурӣ таъмин кардани ташкилоту муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ анҷом дода шуданд.

Дар доираи ҳадафҳои созандагӣ дар ҳудуди ноҳия нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, хонаҳои истиқоматӣ, қасри фарҳанг, меҳмонхона, пулу хатҳои оби нўшокӣ, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббиву беморхонаҳо, биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо бунёд ва таъмиру тармим гардиданд.

Дар асоси се лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи азхудгардидаи онҳо қариб ду миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ноҳия ҳоло 6 мактаб, бинои шўъбаи маориф, шўъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, беморхонаи минтақавӣ таъмир шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гардиданд.

Дар шароити ноҳияи шумо тавассути ба роҳ мондани парвариши қутос, занбўри асал, инчунин бунёди сехҳои коркарди меваю сабзавот, ки соҳаҳои сердаромад мебошанд,вазъи таъминоти аҳолиро бо ҷойи кор хеле беҳтар кардан мумкин аст.

Беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ пеш аз ҳама ба азму талош ва заҳмати худи шумо – сокинони ноҳия вобаста мебошад.

Аз ин рў, бояд соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводориро беш аз пеш густариш дода, ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии заминҳои обӣ, маҳсулнокии чорво, хушзоткунӣ ва афзун гардонидани саршумори онбештар аҳамият додан зарур аст.

Мову шумо хуб медонем, ки барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум, ободу зебо гардонидани Ватани аҷдодӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон бояд ҳар шахси бонангу номус ва ватандўсту ватанпараст манфиати халқу давлатро аз ҳама боло гузошта, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва азми қатъӣ заҳмат кашад, қонуни давлати соҳибистиқлолро эҳтиром намояд ва волоияти қонунро бечунучаро риоя созад.

Зеро қонун раҳнамо ва танзимкунандаи ҳамаи паҳлўҳои ҳаёт ва сарчашмаи суботи ҷомеа мебошад.

Бинобар ин, фаромўш набояд кард, ки ҳамаи тараққиётуободии то имрўз бадастовардаи мардуми кишварамон маҳз аз риояи қонун ибтидо гирифтааст.

Бояд зикр намуд, ки корҳои анҷомдодашуда ҳанўз қонеъкунанда нестанд ва бо дарназардошти ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон ва ноҳия супориш дода мешавад, ки имкониятҳои вусъат додани созандагиро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, доир ба корҳои ободонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободсозии ноҳияи Роштқалъа тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ мегардонад.

Ҳоло дар ноҳия сохтмони ду мактаби миёна ва як меҳмонхона давом дорад, ки барои маблағгузории онҳо дар соли 2008 350 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар солҳои наздик дар ноҳия сохтмони беморхона ба маблағи 310 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Чунон ки борҳо хотирнишон кардаам, тараққӣ додани ноҳияҳои дурдасти кўҳистон яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва мо дар ин самт минбаъд низ ҳамаи чораҳои заруриро меандешем.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки доир ба маблағгузории таҷдиди роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа – Чавшангоз, ки тибқи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015-ум ба нақша гирифта шудааст, чораҷўӣ намоянд.

Бо мақсади беҳтар кардани вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқ ба Вазорати энергетика ва саноат, инчунин Ширкати «Помир-энерҷи» зарур аст, ки имконияти бунёди нерўгоҳи барқи обии Себзор – Ривархурро баррасӣ карда, ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин зарур аст, ки Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба таъмиру азнавсозии биноҳои таълимии мактабҳои рақамҳои 8, 9, 11, 20, 29 ва 31-ум, сохтмон ва таҷҳизонидани маркази саломатӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Шуджев, Махшик, Лесхоз, Дашт, инчунин таъмири шўъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия тадбирҳои бетаъхир андешанд ва онҳоро амалӣ намоянд.

Вазорати маориф ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки сохтмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 21-ро оғоз намояд.

Илова бар ин, ба вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ масъалаи азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Ҷавшангозро ҳамаҷониба омўхта, аз натиҷааш ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

Бовар дорам, ки шумо – заҳматкашони бонангу номуси ноҳияи Роштқалъа бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати куҳанбунёду фарҳангиамон меҳнати созандаву содиқонаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, барои афзун гардонидани дастовардҳои истиқлолияти давлатамон минбаъд низ кўшишу талош хоҳед кард.

Дар охир ҳамаи шуморо бо фарорасии Рўзи забони тоҷикӣ самимона табрику таҳният гуфта, барои истиқбол ва таҷлили шоистаи 17-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, 1150-солагии зодрўзи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ки ҷашнҳои муҳимтарини халқамон дар соли ҷорӣ мебошанд, барору комёбиҳо орзумандам.

Ҳамчунин дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ ба шумо дастовардҳои тоза мехоҳам.

Саломату сарбаланд бошед!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.1111:44Шукурджон Зухуров: как прожить на пенсию в 200 сомони?
18.1115:11Столичная мэрия решила: чайхана "Рохат" будет снесена(1)
18.1114:12Забирзода: настало время создать министерство реформ
18.1112:04Нанизм – беда генофонда таджикской нации
18.1110:25В Таджикистане построят новый алюминиевый завод


Самое обсуждаемое

16.1115:02Каким в Таджикистане видят Эмомали Рахмона?(1)
18.1115:11Столичная мэрия решила: чайхана "Рохат" будет снесена(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00