Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

20.07.200818:12

Сафари кории ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

 Субҳи рўзи 18 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти иҷрои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шаҳру ноҳияҳои он сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо шиносоӣ бо кори хоҷагии деҳқонии ба номи Қобиламо Баротоваи ноҳияи Ванҷ дар деҳаи Рохарв оғоз ёфт.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо истифодабарии заминҳои президентӣ дар хоҷагиҳои шахсии шаҳрвандон Салимшо Шириншоев, Шариф Боронов, Ҳамроҳҷон Ҷонов ва Ғафлат Боронова низ шинос шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардоштикамзаминии водии Ванҷ ба масъулинисатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, китаъминоти деҳқонони ноҳияро бо тухмиҳои серҳосилизироатҳои кишоварзӣ зери назорат қарор диҳанд, то ки ҳосили фаровон рўёндан имконпазир шавад. Деҳқонони ноҳия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини онҳо бо тухмиҳои серҳосили ғалладона, картошка ва дигар зироатҳо изҳори миннатдорӣ карданд. Зимни суҳбатҳо зикр гардид, кизаминҳои водии Ванҷ кам ҳам бошанд хеле серҳосиланд. Зимни шиносоӣ бо корҳои кишоварзии ноҳия маълум шуд, ки деҳқонони он тавассути меҳнатипурсамари худ аз тамоми меваю сабзавот ҳосили фаровон рўёнидаанд.

Дар маркази ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 3 ҳазор нафар фаъолони он машварати корӣ доир намуд, ки дар он ҳамчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини дигари сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия, геодезия ва заминсозӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони бонкҳои саҳҳомӣ ва ғайра низ иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда,нахуст ба мардуми заҳматпешаи ноҳияи Ванҷ баҳри иҷрои хубимуроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба пурсамар истифода бурдани заминҳои корам ва таъмин намудани фаровонҳосилӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси ноҳия ва дигар шахсони масъулро оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолати истифодабарии заминҳои корам шунида, вазъияти мавҷударо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва оид ба пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим вазифаҳои мушаххас гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳолӣ мужда расонд, киимрўз ба ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз 4 автобус, 2 мошини ёрии таъҷилӣ,30 компютер тўҳфа карду шуд. Дар давоми нимсолаи дуюми соли равон 1 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Дарвоз ва 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Ванҷ барои сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки бароисохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Ванҷ ва азхудкуниизаминҳои нави обёришаванда маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири сўҳбатмардумро бори дигарба истифодаи пурмаҳсули заминҳо, рўёндани ҳосили фаровон ва омода намудани захираи дусолаи озуқавории худ ҳидоят намуда, таъкид намуд, кияке аз ҳадафҳои асосии сафари корииба ВМКБшиносоӣ бо шароиту зиндагии мардум ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда аст.

Нимаи дуюми рўзи 18 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рўшон рафт.

Дар ноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи биноҳои навфилиали агроинвестбонк ва шўъбаи молия иштирок намуда,таъкид дошт, кисохтмони филиалҳои бонкҳои саҳҳомӣ дар ҳамаи ноҳияҳои дурдасти кўҳистон, афзоиш додани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот ва осон намудани дастрасии онҳо ба нуқтаҳои қарзгирӣ аст.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлатамон баҳри афзун намудани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳоти кўҳистон бонкҳои саҳҳомӣ бояд филиалҳои худро дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар дошта бошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб роҳбарияти ин ва дигар бонкҳоро ба дастгирии васеъи соҳибкорони деҳоти дурдасти кўҳистон ҳидоят намуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ганҷ»-иноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди истифодабарии пурсамари заминҳо шуд. Чунонки аён шуд, кори деҳқонони ин хоҷагӣметавонад барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ бошад.

Зикр гардид, ки бозорҳои шаҳри Хоруғро бо ғалладона ва меваю сабзавот асосандеҳқонони ноҳияи Рўшон таъмин мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи пурсамаризаминҳо дар ин хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти сохтмони интернати вилоятӣ шинос шуд. Зимни шиносоӣ ба масъулини дахлдорсупориш дода шуд, ки дар ноҳияи Рўшон сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявиро барои 650 нафар хонанда барои солҳои 2009-2010 ба нақша гиранд.Тарбиятгирандагони мактаб-интернат ба Президенти Ҷумҳўрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимии падарона изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар маркази ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо бештар аз 2500 нафар фаъолон ва намояндагони сокинони он вохўрӣ намуда, сўҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ВМКБ ёдовар шуда,иттилоъ дод, ки имрўз ба мактабҳои ноҳияи Рўшон 30 адад компютер, ба муассисаҳои тандурустӣ ду мошини нави ёрии таъҷилӣ ва ба аҳолии ноҳия 4 автобус туҳфа карда шуд. Таъкид гардид, кидар нимсолаи дуюми соли равонбарои сохтмон ва таъмиру тармимииншоотисоҳаҳои маорифу тандурустӣ 1 миллиону 420 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.

Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, кисохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 нафар хонанда дар ноҳияи Рўшон дар зарфи 1,5 2 соли оянда ба анҷом расонида шавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар зарфи ду соли ояндабарои азнавсозии ду мактаби садамавӣ, беморхонаи ноҳиявӣ, якчанд бундгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳоииловагӣ ҷудо мегардад.

Субҳи рўзи 19 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ишкошим идома ёфт.

Дар ноҳияи Ишкошим Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз қисми низомии 2703-и Қўшунҳои сарҳадии кишвар дидан карда, бо шароити хизматию маишӣ ва вазъи омодагии ҳарбии ҳайати шахсии он шинос шуд. Ба ҳайати фармондеҳӣ ва сохторҳои дахлдори низомӣ низ оид ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла баҳри захира намудани озуқаворӣ ва маводи сўхт, таъмиру тармими хобгоҳҳои сарбозон ва дигар иншооти мавҷуда ва ҳамчунин босамар истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия дастур дода шуд, киба хоҷагиҳои ёрирасони қисмҳои низомии сарҳадбонон заминҳои иловагӣва чорвою парранда ҷудо карда шавад, то ки онҳо тавонанд ҳайати шахсии худробо маводи ғизоии тару тозатаъмин намоянд.

Дар сўҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, аз худ кардани нозукиҳои касби марзбонӣ ва муборизаи беамон бо сарҳадшиканону қочоқчиёни маводи мухаддир ҳидоят намуд.

Дар ҷамоати деҳоти Ишкошим Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 гектар заминҳои нав обёришуда бори аввал об сар дод ва ба истифодабарии онҳооғоз бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сўҳбат бо кишоварзон мужда расонд, ки соли оянда дар ноҳияи Ишкошим бо ҷудо намудани 1 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ боз 120 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд.

Ба вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон супориш дода шуд, ки ҳар сол дар ҳудуди вилоят на камтар аз 250 гектар заминҳои нав шодоб карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони ноҳияи Ишкошимроба истеҳсоли бештари картошка ҳидоят намуда,таъкид намуд, кимайдони кишти он дар ноҳиябояд аз 500 гектар зиёд карда шавад ва дар 150 гектари ин заминҳо картошкаи тухмӣ кишт карда шавад. «Замин ва иқлими ноҳияи Ишкошим барои парвариши картошкаи тухмӣ бисёр мусоид аст»,- гуфт Роҳбари давлат. Ин дастур азҷониби кишоварзон хуб пазируфта шуд, зеро кифурўши картошкаи тухмӣ фоидаи бештар меорад.

Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо дастовардҳои корҳои илмии кишоварзӣ дар парвариши ғалла, картошкаи тухмии бевирус ва сабзавоти барвақтии зери пленка киштшуда шинос шуд.

Олимони пажўҳишгоҳи биологии «Помир» дар заминҳои таҷрибавии худ оид ба парваришинавъҳои гуногуни ғалладона ва картошкаи тухмӣ ахборот доданд. Роҳбари давлат бо назардошти маблағҳои зиёди ба ин соҳа ҷудошуда олимонро вазифадор намуд, ки ҳар сол на камтар аз як навъи серҳосили ғалладона ва картошка ба кишоварзон пешниҳод намоянд.

Зимни дидан аз заминҳои ғалладона ва картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Исмоилов зикр гардид, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ишкошим муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истифодаи пурсамари заминҳои обӣдастури кори худ қарор дода, баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар боғи марказии истироҳатии ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 1000 нафар сокинони он мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонсокинони ноҳияи Ишкошимро низ аз тўҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд намуд. Ў мужда расонд, киимрўз ба ноҳия 50 компютер барои мактабҳо, 2 мошини ёрии таъҷилӣ барои беморхонаи марказӣ ва 4 автобуси мусофирбар барои мардум ҳадя карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, кибарои рушди минбаъдаи соҳаҳоииҷтимоии ноҳия дар нимсолаи дуюми соли равон1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва фонди захиравии Сарвари давлат ҷудо карда мешавад. Бо ин маблағҳо як мактаби нав сохта шуда, ду мактаби садамавӣ беморхонаи марказӣ бундгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоот тармиму азнавсозӣ карда мешавад. Дар зарфи ду соли ояндаду миллион сомонӣ барои азхуд намуданизаминҳои нави бекорхобидаи ноҳияи Ишкошим ҷудо мегардад. Таъкид гардид, ки дар солҳои наздик дар ҳудуди ВМКБ15 хазор гектар заминҳои навбо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ шобод карда мешаванд.

Нимаи дуюми рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф овард.

Дар ноҳияи Роштқалъа сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаи марказии ноҳиявӣ, ки ба наздикӣ мавриди таъмири асосӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа қарор гирифта буд, оғоз ёфт. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки беморхона бо 237 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ, ултрасадо, ташхиси дил ва ғайра муҷаҳҳаз гаштааст.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа расман ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сохтмони анҷомёфтаизҳори норозигӣ карда, ба масъулин баҳри дар сатҳи баланд иҷро намуданикорҳо ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогашта супоришҳои қатъӣ дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зери пояи бинои ояндаи «Амонатбонк» санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

Таъкид гардид, ки сохтмони он бо сифати баланд дарзарфи як сол анҷом меёбад ва хизматрасонии бонкӣ ба аҳолии ноҳия беҳтар мегардад.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия бо вохўрии пурсамари ў бо сокинони ноҳия анҷом ёфт, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Роштқалъа баргузор гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмондар доираи кўмаку дастгириҳои доимииҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми фарҳангпарвари ноҳияи Роштқалъа4 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 4 автобуси мусофирбар ва 42 компютертўҳфа намуда, изҳор дошт, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоии ноҳия то охири соли равон1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мегардад.Бо ин маблағҳо як мактаби нав сохта,як мактаби садамавӣ бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.Зикр гардид, ки чанд рўз пешдар деҳаи Ангинаиноҳияи Роштқалъаяк сехи коркардиЛоҷувард ва дигар сангҳои қиматбаҳо бо 19 ҷойи корӣ ба кор дароварда шуд. Шумораи коргаронба наздикӣ то ба 40 нафар расонда мешавад. То охири солбоз ду сехи коркарди сангҳои қиматбаҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошим низба кор дароварда мешавад.

Ба роҳбарияти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, кибаҳри азнавсозии роҳҳои мошингардиРоштқалъа – Хоруғ ва Ишкошим – Хоруғ чораҳои таъхирнопазир андешад. Ба роҳбарияти вазорати энергетика ва саноатва ҷамъияти Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ дастур дода шуд, кидар ноҳияи Роштқалъа яктогӣ сехҳои дўзандагӣ ҳар яке бо 30 ҷойи корӣ сохта ба истифода диҳанд.

Роҳбарияти ноҳияҳои ВМКБ вазифадор карда шуданд, килоиҳаҳои нақшаҳои генералии марказҳои ноҳиявиро баҳри ободонии минбаъдаи онҳотаҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Бегоҳии рўзи 19 июл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хорўғ омада, дар маросими тантанавии ифтитоҳи варзишгоҳи марказии он иштирок намуд.

Хотиррасон бояд кард, ки варзишгоҳи марказиишаҳри Хоруғ дар зарфи як соли охир бо харҷи2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, ки тобистони соли гузашта бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гашта буд, лоиҳакашӣ ва аз нав сохта шуд ва имрўз он дорои 3500 ҷойи нишаст гаштааст. Хурсандии мардуми шаҳри Хоруғ ва атрофи онро аз ин тўҳфаи пурарзишиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадду канор нест.

Шоми ҳамон рўз дар ин варзишгоҳ ба хотири ифтитоҳи онва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоишивасеъи театрикунонидашуда ва консерти бошукўҳиустодони санъати вилояти ва ҷумҳурӣ баргузор гашт, киба як тантанаи бузургиваҳдату ягонагӣ ва пешрафти шукуфоӣ табдил ёфт.

Субҳи рўзи 20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери пояи литсей интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Хорўғ санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба сохтмони ин мактаби муосир оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ болоиҳа зикр гардид, ки литсей-интернати Президентӣ барои 640 хонанда дар зарфи 1,5соли оянда бо харҷи 8 млн сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Дар вақти сохтмони литсей150 нафар ва баъдиба кор даромаданаш 130 нафар дар ин ҷо ба кор таъмин мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки корро бо сифати баланд ба роҳ монда, аз рафти корион ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод намоянд

Дар маҳаллаи Хорўғи боло Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори Маркази касбӣ-техникии мактаби маълумоти касбии давомноки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос шуд.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки дар ин ҷо низ мутахассисоникасбҳои гуногун пеш аз ҳамасохтмончиён дар курсҳои кўтоҳмуддат омода карда мешаванд. Ин мактабро дар як сол то 110 нафар хонанда хатм мекунанд.

Сарвари давлатЭмомалӣ Раҳмон аз норасоии сохтмончиён дар шаҳри Хорўғ ва дигар ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, киавҷи имрўзаю ояндаи бунёдкорию созандагӣ дар Бадахшон мутахассисони зиёди ин соҳаро талаб мекунад ва ин мактаб метавонад дар омода кардани онҳо саҳми намоён дошта бошад.

Таъкид гардид, ки моҳи сентябри соли равон сохтмони биноҳоихуди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ оғоз меёбад, ки дар бунёдион қариб 500 нафарсохтмончиёни баландихтисос заруранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, кидар шаҳри Хорўғ ҳамчунин барои сохтмони корхонаҳоихишти пўхта ва хиштҳои сементӣ чораҳо андешида шаванд.

Дар шаҳри Хорўғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сеошёнаи Маркази савдо бо масоҳати 711 метри мураббаъ ба истифода дода шуд.Соҳибкор Насриддин Сабзаалиев, ки ин марказро бунёд намудааст, ба Сарвари давлат иттилоъ дод кидар ин ҷо барои 46 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё намудааст.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки маркази савдо аз16 дўкони фурўши маводи ғизоӣ, либос, пойафзол, доруворӣ, бозичаҳои кўдакона иборат аст. Дар як дўкони он маҳсулотигўшту шир ба фурўш бароварда шудааст, ки дар сехҳои саноатии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд намудаанд.

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи хоҷагии халқ ва муайян намудани вазифаҳои оянда машварати корӣ доир намуд, ки дар он ҳамчунин аъзои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва роҳбарони идораю муассиса ва ташкилотҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0217:17На территории восточного Таджикистана произошло землетрясение
28.0216:44Душанбинский авиаузел
28.0215:55Эмомали Рахмон отбыл в Исламабад(1)
28.0214:28НБТ внедряет новый механизм денежно-кредитной политики
28.0213:51Для вкладчиков кошмар только начинается?


Самое обсуждаемое

24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(7)
25.0211:12Школ мало, детей много: дальше тотальная безграмотность?(5)
27.0213:28Первый авиарейс по маршруту Ташкент-Душанбе состоится в апреле(4)
28.0211:07Предложение от Tcell и Tele2: звоните в Таджикистан в два раза дешевле(1)
28.0215:55Эмомали Рахмон отбыл в Исламабад(1)
27.0217:37Совместное заявление президентов Таджикистана и России(1)
28.0217:35Эмомали Рахмон принимает участие в заседании глав членов ОЭС(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00