Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

20.07.200813:12

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва вазифаҳо барои солҳои оянда,

20 июли соли 2008, шаҳри Хоруғ

Ҳозирини гиромӣ!

Рўзи сеюм аст, ки мо ва ҳайати Ҳукумати кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Ванҷу Рўшон, Ишкошиму Роштқалъа ва Хоруғ бо вазъи зиндагии мардум, равандҳои бунёдкориву созандагӣ, корҳои кишоварзӣ ва татбиқи амру фармонҳои Президент, инчунин қарору барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати Тоҷикистон аз наздик шинос гардидем.

Дар ҷараёни сафар мо ба як силсила пешрафту дастовардҳо, инчунин мушкилоту камбудиҳо низ рўбарў гардидем, ки ҳадафи асосии мопеш аз ҳамаислоҳу бартараф кардани онҳо, инчунин муайян намудани вазифаҳои навбатӣ барои солҳои оянда мебошад.

Барои ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил додани Бадахшон, ки мо онро чанд сол пеш ҳадафи худ қарор дода будем ва таъмин кардани рушди устувори ҳамаи соҳаҳои вилоят як қатор корҳои созандагиву бунёдкориро ба анҷом расонидем, ки онҳо солҳои охир ба хеле беҳтар шудани вазъи зиндагии сокинони вилоят мусоидат намуданд.

Таъкид бояд кард, ки ин раванд пеш аз ҳама самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Ҳамзамон дар натиҷаи ғамхориҳои пайваста ва дастгирии молиявии Ҳукумати мамлакат дар вилоят, ки 93 фоизи бучеташаз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мегардад, пешрафту тараққиёт ва беҳбудии сатҳ ва сифати зиндагӣ тадриҷан таъмин карда мешавад.

Дар доираи ин ҳадафҳо дар давоми 15 сол аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди вилояти Бадахшон қариб як миллиард миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пўшонидани қисми хароҷоти буҷети вилоят 214 миллион сомонӣ,аз ҳисоби Фондизахиравии Президенти кишвар, вазорату идораҳо ва дигар манбаъҳои давлатӣ 141 миллион сомонӣ вабо дарназардошти андозҳои умумиҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 41 миллион сомонӣравона карда шудаанд.

Барои рушди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон танҳо соли ҷорӣ 88 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нисбат ба қисми хароҷоти буҷети соли 2002-юми вилоят даҳ маротиба зиёд мебошад. Дар ин давра маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ панҷ маротиба ва мақомоти идоракунии давлатӣ чор баробар афзудааст.

Дар соли 2008-ум хароҷоти буҷети вилоят ба ҳар сари аҳолӣ 260 сомонӣ рост меояд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дуюним маротиба зиёд мебошад.

Дар асоси 19 лоиҳаи муштараки инвеститсионии Ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ки маблағи умумии онҳо беш аз 464 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ҳудуди вилоят вобаста ба сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди Мурғоб-Кулма, Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, нерўгоҳи барқи обии «Помир-1», даҳҳо нерўгоҳҳои хурд ва рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, азхудкунии замин, беҳбудии ҳолати мелиоративии он, барқарорсозии шабакаҳои обёрикунӣ, коҳиш додани хавфи рахнаи кўли Сарез, ислоҳот ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Илова бар ин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 тасдиқ шудааст, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ҷалби беш аз дуюним миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи барномаи мазкур дар қаламрави вилоят татбиқи як қатор тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар айни ҳол бисёри онҳо оғоз ёфтаанд.

Ҳамзамон Ҳукумати кишвар ҳоло бо сармоягузорони хориҷӣ якчанд лоиҳаҳои инвеститсиониро мавриди муҳокима қарор дода истодааст, ки татбиқи баъзеи онҳо дар ҳудуди вилоят низ дар назар дошта шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки барои пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, ки асоси онро рушди соҳаҳои саноат, гидроэнергетика, истихроҷу коркарди маъданҳои кўҳӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, замбўрпарварӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат, туризм ва дигар бахшҳои сердаромад ташкил медиҳанд, захира ва имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Дар сурати истифодаи оқилона ва самарабахши имкониятҳои мазкур дар баробари рушди иқтисодӣ, инчунин беҳбудии сатҳ ва сифати зиндагии аҳолии вилоятро низ таъмин кардан имконпазир хоҳад гашт.

Вале мутаассифона, имрўз аз 19 корхонаи саноатии вилоят 4 ададаш аз фаъолият бозмонда, боқимонда ҳамагӣ бо иқтидори 10-15 фоиз маҳсулот истеҳсол менамоянд, ки хеле ташвишовар мебошад.

Корхонаҳои асосии вилоят, аз ҷумла фабрикаи дўзандагӣ, заводи нон ва комбинати гўшту шири шаҳри Хоруғ, корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишии ноҳияиШуғнонниз чандон хуб кор намекунанд.

Аз ин рў, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, дар бораи бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Илова бар ин, Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бояд дар бораибо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ гардонидани лоиҳаҳои барқарорсозии корхонаи оҳану бетонӣ, бунёди марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савдои шаҳри Хоруғ, инчунин сехи коркарди мева дар ноҳияи Ванҷчораҷўӣ намоянд.

Дар бораи ҷалби таваҷҷўҳи соҳибкорони маҳаллӣ ба истеҳсолоти саноатӣ мехоҳам зикр намоям, ки он роҳи беҳтарини рушди саноат дар вилоят мебошад.

Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Рўшон ва Дарвоз сохтмоникорхонаҳои хурди коркарди сангҳои қиматбаҳо, ороишӣ ва сехҳои хурди маҳсулоти ширӣ иқдоми нек ва боиси дастгирӣ мебошанд.

Дар қаламрави вилоят имкониятҳои густариш додани саноатимаъдани кўҳӣ зиёд буда, он яке аз воситаи беҳтарини бо ҷои кор таъмин кардани аҳолӣ мебошад.

Бо дарназардошти ин, ҳоло дар вилоят барои иктишоф ва истихроҷи 7 кони канданиҳои фоиданоки мармар, тилло, мису никел ва нуқраи ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Роштқалъаву Мурғоб ба 5 ширкати ватаниву хориҷӣ иҷозатнома дода шудааст, ки онҳо аллакай ба фаъолият шурўъ кардаанд.

Дар давоми 16 соли охир бо сарфи маблағҳои давлатӣ барои иктишофи конҳои Лангар, Оби Хингоб ва Хобуробод,инчунин ҷустуҷўи геологӣ дар қисмати Помири Ғарбӣ ва резишгоҳи дарёи Ванҷ як қатор корҳо анҷом дода шуданд.

Ба ин васила мо мехоҳем дар ҳудуди вилоят бо бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣдар солҳои наздик истихроҷи маъданҳои кўҳиро ба роҳ монем.

Тавре дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид кардам,фаъолияти баъзе ашхоси ҳуқуқие, ки барои иктишофи конҳо иҷозатнома гирифтаанд, ба талабот ҷавобгў нест. Масалан, дар кони “Снежный” зоҳиран 14 сол инҷониб корҳои омўзишӣ идома доранд, вале воқеан сангҳои қиматбаҳои он аз ҳудуди Тоҷикистон ба тариқи қочоқберун рафта истодаанд.

Аз ин рў, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти ашхоси ҳуқуқии барои иктишофи маъданҳои кўҳӣ иҷозатномадоштаро мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор дода, мувофиқи он чораҷўӣ намоянд.

Бо мақсади беҳтар кардани вазъи таъминоти аҳолӣ бо ангишт Ҳукумати Тоҷикистонкони ангишти ноҳияи Дарвозро дар асоси иҷозатнома бароикоркарду истихроҷ ба ихтиёри ширкати “ВТИ-Помир” гузошта буд.

Вале фаъолияти корхонаи мазкур ҳоло қонеъкунанда нест. Зеро он соли гузашта ҳамагӣ 210 тонна ангишт истихроҷ кардааст, ки ин талаботи аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои таълимиву тандурустии вилоятро таъмин карда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, соли гузашта танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣаз дигар конҳои кишвар 4600 тонна ангишт харидорӣ карда, ба ҳудуди вилоят интиқол дода шуд.

Барои беҳтар кардани вазъи таъминоти аҳолӣ бо сўзишворӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳоло 25 нуқтаи фурўши ангишт ва гази моеъ ташкил шудааст, ки ин нуқтаҳо ва ҳаҷми умумии ангишт ва гази моеъи ба вилоят воридгардида ҳанўз талаботи аҳолиро пурра қонеъ гардонида наметавонанд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Саридораи геология, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин Иттифоқи “Тоҷикматлубот” супориш дода мешавад, ки бо истифода аз конҳои ангишти мавҷудаи қаламрави вилоят ва зиёд намудани истихроҷи ангишти кони Дарвоз, нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ ва гази моеъ талаботи аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустии вилоятро то моҳи октябри соли 2009-ум бо ангишти дар қаламрави вилоят истихроҷгардида пурра қонеъ гардонанд.

Дар баробари ин, вазоратҳои молия, энергетика ва савдо, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки аз ҳисоби маблағҳои барои хариди сўзишворӣ пешбинишудаи буҷети вилоят сари вақт ташкилоту муассисаҳои буҷетиро маблағгузорӣ намуда, тавассути харидорӣ ва захира кардани ангишт, ҳезум ва дигар сўзишворӣ омодагии онҳоро ба давраи тирамоҳу зимистон то моҳи октябри соли ҷорӣ пурра таъмин намоянд.

Бо дарназардошти бўҳрони энергетикии зимистони гузашта мо ҳоло барои бунёди нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, инчунин таъмиру таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои нерўгоҳҳои мавҷуда ва марказҳои барқу гармидиҳӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодаем.

Дар айни ҳол дар мамлакат 95 нерўгоҳи хурд сохта шудааст, ки 32 ададаш дар қаламрави вилояти Бадахшон ҷойгир буда, бо иқтидори аз 15 то 360 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Дар баробари ин, мувофиқи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020 дар қаламрави вилоят, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз 2 нерўгоҳва ноҳияи Ванҷ сохтмони боз 7 нерўгоҳи хурди барқи обӣ, инчунин дар ноҳияи Рўшон бунёд намудани нерўгоҳи барқи обии Санобод, ки иқтидораш то 100 мегаватт буда, аз нерўгоҳи барқи обии “Помир-1” 3-4 маротиба зиёд аст, ба маблағи умумии 412 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Дар сурати сохта ба истифода додани шудани он дар вилоят барои рушди соҳаи саноат ва ба кишварҳои ҳамсоя фурўхтани барқи зиёдатӣ имконияти мусоид фароҳам хоҳад омад.

Бояд зикр намуд, ки бунёди нерўгоҳи барқи обии «Помир-1» ҳанўз соли 1984 шурўъ гардида, бо кўшишҳои Ҳукумати кишвар соли 1995 навбати якуми он ва соли 2005-ум бо иқтидори 28 мегаватт пурра ба истифода дода шуда буд, ки ҳоло таъминоти шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим ва Рўшонро бо барқ хеле беҳтар намудааст.

Умуман дар солҳои 2002-2005 аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои маблағгузории сохтмони нерўгоҳи «Помир-1» ва обанбори Яшилкўл 55 миллион сомонӣ,барои барқарорсозии дигар иншооти истеҳсолӣ, интиқолӣ ва танзими соҳаи энергетикаи вилоятзиёда аз 20 миллион сомонӣ ва дигар хароҷоти лоиҳавӣ беш аз 10 миллион сомонӣ сарф намудааст.

Бо мақсади беҳбудии вазъи таъминоти вилоят бо барқ Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти идоракунии соҳаи энергетикаро тибқи шартномаи консессионӣба мўҳлати 25 сол ба зиммаи Ширкати «Помир-энерҷӣ» вогузор кардааст.

Вале садамае, ки рўзи 5 феврали соли 2007 дар нерўгоҳи барқи обии “Помир-1” рух дод, вазъи таъминоти қувваи барқро дар вилоят душвор гардонид. Бо дастгирии Ҳукумат ва истифодаи маблағҳои суғуртавӣ моҳи октябри соли гузашта се агрегате, ки аз садама осеб дида буданд,тармим ва иваз карда шуданд.

Соли ҷорӣ барои пурра барқарор намудани нерўгоҳ ва рушди минбаъдаи он тавассути Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналхалқии рушд қариб 9 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2007-2008 мардуми вилоят, аз ҷумла сокинони шаҳри Хоруғ дар як шабонарўз то 20-22 соат ва навоҳии гирду атрофи он 12-16 соат бо барқ таъмин буданд.

Дар маҷмўъ, соли гузашта дар нерўгоҳҳои вилоят 88 миллион киловатт-соат нерўи барқ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2006-ум40 фоиз зиёд аст.

Бо вуҷуди ин, дар баъзе минтақаҳо ва деҳоти дурдасти вилоят ҳанўз ҳам камчинӣ ва норасоии барқ ба назар мерасад.

Бо мақсади бартараф намудани он Ҳукумати мамлакат ҳоло лоиҳаи ду нерўгоҳро дар дарёҳои Оқсу ва Модён таҳия намудааст, ки бо ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ сохтмони онҳо шурўъ хоҳад шуд.

Бояд зикр кард, ки кори мўътадили иншоот, шабакаҳо ва хатҳои интиқоли барқ, инчунин беҳбудии вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқ ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи он, пешгирии талафот ва ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда вобаста мебошад.

Вале дар ин самт дар ҳудуди вилоят ҳанўз камбудиву норасоиҳои зиёд ба назар мерасанд.

Аз ҷумла, таъминоти муштариён бо ҳисобкунакҳои барқӣ ҳамагӣ 60 фоиз ва маблағи умумии қарзи пардохти ҳаққи барқи истифодашуда то якуми июли соли равон зиёда аз дуюним миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қариб ду миллион сомонии он қарзи аҳолӣ мебошад.

Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин Ширкати “Помир-энерҷӣ” зарур аст, кидар бораи ҷамъоварии саривақтии ҳаққи маблағи барқи истифодагардида, аз байн бурдани қарзи ташаккулёфта, пешгирии талафоти барқ ва таъминоти пурраи муштариён бо ҳисобкунакҳои барқӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Шумо – ҳозирини мўҳтарам хуб медонед, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дастгирии молиявии оилаҳои камбизоат дар пардохти ҳаққи барқи истифодагардида ба онҳо ҷубронпулӣ муқаррар кардааст.

Дар ин замина танҳо дар давоми солҳои 2007-2008-ум ба 14 ҳазор оилаҳои камбизоати вилоят ба маблағи умумии 600 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣпардохта шудааст, ки ин кор минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Тавассути сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар солҳои наздиктарин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат аст.

Дар татбиқи он дар ҳудуди вилоят бунёд ва таъмиру таҷдид гардидани шоҳроҳи мошингарди Кўлоб–Хоруғ–Кулма-Қароқурум, инчунин се пул дар болои дарёи Панҷ аз дастовардҳои бузурги мо дар самти раҳоии мамлакат, аз ҷумла вилояти Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Дарин давра роҳу пулҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ низ бунёд ва барқарор карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳоиқарзии Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар давоми ду соли охир бо сарфи 60 миллион сомонӣ роҳи мошингарди Мурғоб-Тохтамиш, роҳҳои ағбаҳои Куйтезак, Харгўш ва Курут, марҳалаҳои дуюм ва сеюми роҳи Шоҳон-Зиғар, қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ду пул дар ноҳияи Ванҷ мавриди сохтмону азнавсозӣ қарор гирифта,дарбаъзеи онҳо ҳоло корҳо босуръат идома доранд.

Умуман, дар бахши сохтмони асосии вилоят дар давоми 15 соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ 300 миллион сомонӣ ҷудо гардида, то имрўз 260 миллион сомонии он азхуд карда шудааст.

Танҳо имсол тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои сохтмони асосии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 25 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба воситаи вазорату идораҳо22 миллион сомонӣ, инчуниназ буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо намудани 4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, сохта ба истифода додани 50 иншоот дар назар дошта шудааст.

Бояд зикр кард, ки дар муддати 7 соли охир дар қаламрави вилоят бунёду азнавсозии беш аз 100 иншооти гуногуни таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ анҷом дода шудааст. Дар асоси Қонун «Дар бораи Буҷети иловагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007» ба хотири рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ба таври илова 12 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Умуман дар ду соли охир барои ободу зебо гардонидани маркази вилоят, аз ҷумла азнавсозии варзишгоҳ, театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров, маркази ҷавонон, хобгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, гимназия-интернати Президентӣ, беморхонаи марказӣ, хати обу корези шаҳри Хоруғ, муассисаҳои маъмурию иҷтимоӣ ва роҳҳои дохилии шаҳр аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 20 миллион сомонӣ ҷудо гардида, як қисми иншооти мазкур аллакай ба истифода дода шудаанд.

Дар баробари ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, маориф, тандурустӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, кииҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ваҚарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон»-ро дар мўҳлатҳои пешбинишуда таъмин намоянд.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки барои бунёди як силсила биноҳои маъмуриву иҷтимоӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рўшон, Мурғоб ва Дарвоз аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар ин самт ҳоло корҳо идома доранд.

Гузашта аз ин, барои сохтмони маркази иттилоотӣ ва экологии мамнўъгоҳи давлатии “Зоркўл”-и ноҳияи Мурғоб ва сохтмони роҳи мошингарди Япшорв - кўли Сарез 550 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ҳоло азхуд шуда истодааст.

Инчунин, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби Хазинаи Оғохон сохтмони бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ босуръат идома дорад, ки солҳои наздик дар шаҳри Хоруғ боз як маркази мўҳташами илмиву таълимӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

Мо инчунин ният дорем, ки доир ба таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва марҳала ба марҳала ободу зебо гардонидани он тадбирҳо андешем.

Бо дарназардошти ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷоя бо Агентии сохтмон ва меъморӣ нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳои вилоятро таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвари мо, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кишоварзӣ буда, рушду инкишофи он кафолати амнияти озуқавории мардум мебошад.

Чунонки шумо медонед, бо дарназардошти болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа, аз ҷумла ғалла дар ибтидои соли ҷорӣ ба хотири амнияти озуқавории кишвар ба аъзои Ҳукумат ва тамоми мардуми Тоҷикистон доир ба истифодаи ҳар ваҷаб замин, бахусус заминҳои корами обӣ муроҷиат карда будам.

Бо дарки амиқи вазъият кишоварзони вилоят имсолдар майдони 9950 гектар кишт гузаронидаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 272 гектар зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар аксарияти заминҳои вилоят, яъне 6246 гектар асосан ғалладонакишт шудааст, ки дар сурати рўёнидани ҳосили баланд дар таъмини амнияти озуқавории сокинони вилоят иқдоми хубе хоҳад гашт.

Бо дарназардошти шароити камзаминии вилояти Бадахшон Ҳукумати мамлакат мақсад дорад, ки сол ба сол аз ҳисоби азхудкунии заминҳои нав ҳаҷми онро дар ҳудуди вилоят зиёд карда, ба густариши соҳаи кишоварзӣ имконияти зарурӣ фароҳам оварад.

Дар доираи ин ҳадаф ҳоло тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007-ум «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012»дар ҳудуди вилоятазхуд кардани 450 гектар заминҳои нав дар назар дошта шудааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки солҳои охир барои кушодани заминҳои нав ва беҳтар кардани вазъи мелиоративии онҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ қариб як миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Танҳо дар ду соли гузашта дар ноҳияи Ванҷ 120 гектар ва дирўз дар ноҳияи Ишкошим боз 100 гектар замини нав азхудгардида ба истифода дода шуд. Мувофиқи қарори зикршудаи Ҳукумати кишвар соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят боз 10 гектар замин азхуд карда мешавад.

Бо мақсади зиёд намудани заминҳои корами вилоят ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012-ро аз нав баррасӣ карда, дар он бештар азхудкунии заминҳои Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон ва дар буҷети солҳои оянда маблағгузории онҳоро пешбинӣ намояд.

Ҳамчунин солҳои охир доир ба беҳтар гардонидани вазъи мелиоративии заминҳо ва таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонии вилоят корҳои муайян ба анҷом расонида мешаванд. Ҳоло бо маблағҳои давлатӣ барқарорсозии каналҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз идома дорад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар ҳудуди вилоят 280 гектар замин, аз ҷумла 230 гектар замини обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидааст, ки ин дар шароити камзаминии Бадахшон боиси нигаронӣ мебошад.

Аз ин рў, ба вазоратҳои мелиоратсия ва хоҷагии об, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар шароити баланд рафтани нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум кишоварзони вилоят бояд аз ҳар як ваҷаб замини кишт босамар ва оқилона истифода бурда, аз ҳоло бояд барои ду соли оянда маводи асосии ғизоиро захира намоянд, то ки аз тағйироти нархҳои ҷаҳонӣ ва камчинии маҳсулоти озуқаворӣ танқисӣ накашанд.

Бинобар ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъминоти вилоят бо тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус картошкава ғалла тадбирҳои муассир андешанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рўз таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо молу маводи аввалияи рўзгор, инчунин то ҳадди имкон пешгирӣ намудани болоравии нархи маводи озуқамебошад.

Бо мақсади густариш додани муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Чин, Афғонистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бозорҳо кушода шудаанд, ки ба ин восита низ метавон нарху навои маҳсулотро танзим кард. Дар баробари ин, мувофиқи чорабиниҳои Ҳукумати кишвар солҳои оянда дар ноҳияи Ишкошим минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешавад, ки ин иқдом сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоятро боз ҳам беҳтар мегардонад.

Илова бар ин, ба ҷамъияти матлуботи вилоят барои захира кардани маводи аввалияи ниёзи мардум аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ боз 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки бо истифодаи он аллакай харидорӣ ва захира кардани маводи ғизоӣ ва сўзишворӣ оғоз шудааст.

Аз ин рў, ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот»супориш дода мешавад, ки ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009барои захираи маводи ғизоӣ, таъмини нуқтаҳои фурўши ангишт ва гази моеъ бо сўзишворӣ тамоми тадбирҳои иловагии заруриро андешад ва дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин амалӣ намояд.

Яке аз роҳҳои таъмини рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои бонкӣ мебошад. Бо ин мақсад дар қаламрави вилоят 59 адад сохторҳои бонкӣ ва ташкилоти хурдиқарздиҳӣ фаъолият доранд ва дар назар аст, ки то соли 2010 шумораи онҳо ба 80 адад расонида шаванд.

Соли гузашта ҳаҷми қарзҳои додашуда аз ҷониби бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳанда 63 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2006 дуюним маротиба зиёд буда, имсол низ тамоюли болоравӣ дорад.

Инчунин ҷиҳати дастгирӣ ва ривоҷ додани соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим дар соҳаҳои гуногуни вилоят 60 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ҳаҷман калон ва хурд ба маблағи 350 миллион сомонӣ таҳия карда шудаанд.

Бояд зикр кард, киин лоиҳаҳо барои рушди соҳаи энергетика ва сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ, хатти интиқоли барқ, роҳҳои мошингард, корҳои ҷустуҷўӣ ва истихроҷи масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва инкишофи соҳаи кишоварзӣ равона карда мешаванд.

Дўстони азиз!

Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат андешидан ва амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, татбиқи босамар ва оқилонаи онҳо барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, моҳи гузашта Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сифати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендияҳо» ба имзо расид, ки дар асоси он маоши ҳамаи соҳаҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаҳо зиёд карда шуд. Бо мақсади татбиқи ин фармон ҳоло музди миёнаи меҳнат бозҳисобӣ шуда истодааст.

Бояд зикр кард, ки дар вилоят зиёда аз 24 ҳазор нафар нафақаи меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегиранд. Агар ба ҳисоби миёна нафақаҳои онҳо то 1 июли соли ҷорӣ мутаносибан 39 ва 54 сомониро ташкил карда бошад, баъди бозҳисобӣ ин нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна ба 85 ва 180 сомонӣ баробар мегарданд. Яъне нафақаи меҳнатӣ ба ҳисоби миёна дар вилоят дуюним баробар ва нафақаи иҷтимоӣ 120 фоиз зиёд мегардад.

Илова бар ин, агар андозаи ҳадди ақалли нафақа дар тамоми кишвар 60 сомонӣ муайян шуда бошад, пас ба он дар ҳудуди вилоят бо дарназардошти коэффитсентҳои ноҳиявӣ 20 фоизи дигар илова шуда, дар маҷмўъ 72 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин тибқи муқаррароти Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон» ба сокинони минтақаи баландкўҳи Мурғоб бо дарназардошти коэффитсенти ноҳиявӣ ба андозаи ду ҳадди ақалли нафақа зиёд карда мешавад, ки дар маҷмўъ 144 сомониро ташкил медиҳад.

Вале дар баробари ин бояд таъкид кард, ки дар вилоят қарзи музди меҳнат бо дарназардошти қарзи солҳои гузашта аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ то 1 июни соли ҷорӣ 141 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин боиси ташвиш аст. Аз ин рў, ба Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ин масъаларо дар муддатҳои кўтоҳтарин ҳаллу фасл намоянд.

Ҳамзамон бо ин, яке аз проблемаҳои мубрами рўз дар вилоят масъалаи бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат мебошад. Зеро сатҳи бекорӣ дар ҳудуди вилоят беш аз 8 фоизро ташкил медиҳад.

Соли гузашта ба мақомоти шуғли аҳолӣ 9 ҳазор нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 2600 нафар ба кори доимӣ, 2200 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 700 нафарашон ба касбомўзӣ ҷалб карда шудаанд. Вобаста ба ин, мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам пурзўр намоянд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатииҷтимоии давлат рушди соҳаи маориф ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба маблағгузорӣ ва беҳтар кардани шароити моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Бо дарназардошти ин, ба соҳаи маорифи вилоят барои бунёд, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани мактабҳо бо маводи зарурӣ ва маоши муаллимон дар давоми 6 соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Соли ҷорӣ барои соҳаи маорифи вилоят 25 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд мебошад.

Дар давоми ду соли охир барои бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Дарвоз, Рўшон, Мурғоб, Ишкошим ваРоштқалъа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, то имрўз як қисми онҳо ба истифода дода шудаанд.

Соли гузашта дар доираи лоиҳаи ислоҳоти низоми маорифи Тоҷикистонбинои 6 мактаб ва идораи маорифи но

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(1)
22.0516:30За кого предпочитают выходить замуж таджички?
22.0514:54В Интернете выложили фото, якобы из тайников задержанных антикоррупционеров (5 фото)
22.0512:22В сети появились фото из тайника одного из задержанных антикоррупционеров
22.0512:00Священный месяц Рамазан в Таджикистане наступит 27 мая


Самое обсуждаемое

22.0506:34Эмомали Рахмон встретился с Дональдом Трампом(1)
22.0509:00Первая встреча президентов Таджикистана и Узбекистана: теплое рукопожатие(1)
22.0513:12В нападении на офицера ГКНБ в Кулябе подозревается группа салафитов(1)
22.0517:57В Таджикистане арестован еще один экс-сотрудник антикоррупционного ведомства(1)
21.0512:33Таджикистан - страна докторов наук?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312473