Душанбе 22 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).-Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ муайян намуданд, ки сармуҳосиби Ҷамъияти саҳомии «Ксерексланд»-и шаҳри Душанбе Ҳайдаршо Мизробов ба ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ маълумоти бардурӯғ ворид намуда, маблағи калони андозро насупоридааст. Дар натиҷаи санҷиш андози пинҳоншуда, яъне 149 023 сомонӣ пурра ба буҷаи давлат гузаронида шуд.
Ғайр аз ин тафтиши фаъолияти муассисаи давлатии оташнишонии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ нишон дод, ки муҳосиби корхона Тоҳир Имонов 45 486 сомонӣ маблағи корхонаи мазкурро пинҳон дошта, ба манфиати худ сарфкардааст. Дар вақти санҷиш маблағи азхуд намудаи муҳосиб пурра ба ҳисоби буҷаи давлат гузаронида шуд.
Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиноятҳои Ҳ. Мизробов ва Т. Имонов мувофиқи қонун тафтиш карда мешавад.