Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.07.200808:12

Бузургдошти забони модарӣ дар Дарвоз

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Дар нохияи Дарвоз ба ифтихори бузургдошти забони модарӣ ва 1150 солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ месозанд. Дар робита, зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи иҷтимоӣ - фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Пӯлодҷон Ватанов чунин гуфт:

-Дар ноҳияаз оѓози соли нави ҷорӣ, мувофиқи барномаи махсус, фаъолияти муассисоти фарҳангӣ фароѓатӣ ба ин ҷашнвораҳои ифтихорӣ равона карда шудааст. Дар ин бобат моҳи декабри соли 2007 қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида буд. Мувофиқи барномаи зикршуда тамомиҷамоатҳои деҳот, мактабҳо, марказҳои фарҳангӣ бо шиору овезаҳои «Забон- пояи ҳастии миллат», «Соли 2008- соли бузургдоши забони тоҷикӣ», « Марги миллат аз марги забон ва марги забон аз бегонапарварии соҳибзабонон сар мешавад» ва монанди инҳо оро дода шуд. Бахшида ба ҷашнвораҳои миллӣмоҳи март конфронси илмӣ-амалии омӯзгорони ноҳия , таҳти унвони «Забон- ёдгории миллат» баргузор шуд. Барои хонандагони мактабҳо бошадбо номи «Аз ҳама зебост забони модарии ман» озмуни иншои беҳтарин эълон гардид. Барои сайқали маҳорат ва донишандӯзии мактабиён дар таълимгоҳҳои рақами 6 ва рақами 20доир ба фанҳои математика ва физика, ба забони тоҷикӣ,викторина, чайнворд ва кроссвордҳо такшил карда шуд.Дар мактаби рақами 11 бошад озмуни гулдӯзиҳои беҳтарин доир гардид.

Яке аз чорабиниҳои бонуфуз ба ифтиҳори ҷашнвораҳои ифтихорӣ ин конфронси ноҳиявӣ буд, ки бо иштироки зиёиён, моҳи июн дар маркази ноҳиягузаронида шуд.

Бахши ҷавонон ва варзишу саёҳати ноҳия миёни ҷавонон озмуни шеърхонибеҳтаринро дар мавзӯъҳои Ватан, Ваҳдат, Сулҳ, забони модарӣ гузаронд. Дар ин озмун ҷойи аввал насиби омӯзгори мактаби рақами 4-и деҳаи Зинг Ҷамилаи Абдураҳмон гардид.

Чорабиниҳо идома доранд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як сӯҳбату мулоқотҳо бо мардум, конфронсу шабнишиниҳо, озмуну викторинаҳо, чорабиниҳои дигари фароѓатӣ ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, ифтихори миллӣ ва ҳавасмандии онҳо баҳри созандагӣ мусоидат намояд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0516:38Саммит в Казани: страны СНГ подписали соглашение об атомной энергии
26.0515:55От восхода до заката. Календарь Священного месяца Рамазан
26.0513:51Пассажирский транспорт в Душанбе: кто кому сколько должен
26.0513:30Сезон тревог и бессонных ночей
26.0513:27Медведев: Страны СНГ работают над самодостаточным рынком продуктов


Самое обсуждаемое

25.0518:48Мой последний 95-ый(3)
25.0514:18Где тонко, там и рвется... Составлена карта применения пыток в Таджикистане(1)
26.0508:11Марк Цукерберг получил диплом Гарварда(1)
24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
25.0507:39Таджикистан презентовал в Пекине свою национальную стратегию развития до 2030 года(1)
26.0510:59Трудовые мигранты из Киргизии перевели из России рекордную сумму(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00