Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.07.200817:12

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» сўҳбат орост.

Дар сўҳбат бо хабарнигорони«VIP-Premier» таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили рушди имрўзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои он бо Федератсияи Россия ва масъалаҳои ҷаласаи навбатии созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Россияро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҳузури мутаносиби ин давлат дар иқтисодиёти ҷумҳурии мо дар баробари ҳамгироии хуби ҳарбӣ-сиёсӣ муносибатҳои иттифоқчигии ду кишварро мукаммал намуда, мушкилоти камарзиши мавҷударо бартараф месозад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии хуб ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз дар шаҳри Душанбе соли 2000-ум он дар заминаи «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфта буд ва изҳор дошт, ки саммити навбатӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, асоси ҳамаи ҳамгироиҳоро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхайамният ва иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0410:09Авиацию помирим, мигрантам поможем: итоги переговоров Шувалова и Расулзода
21.0410:01Армия Таджикистана поднялась на 16 позиций в мировом рейтинге военной мощи
21.0409:31Четыре человека задержаны сотрудниками милиции по подозрению в крупном мошенничестве
20.0414:52УГАИ МВД Таджикистана просит водителей соблюдать правила в Узбекистане
20.0413:22Порядок выдачи шенгенской визы в Таджикистане изменили


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312510