Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.07.200817:12

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо як гурўҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурўҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин сўҳбат орост.

Онҳо воситаҳои бонуфузи ахбори умуми кишвари Чин, аз ҷумла радиои байналмилалии он, Агентии иттилоотии Синхуа, рўзномаҳои Женмин жибао, Гуанмин ва Венхуэйро намояндагӣ мекунанд.

Гуфтугўйи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ асосан атрофи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мавзўъҳои дар он баррасишаванда, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварсурат гирифт.

«Тоҷикистон ба дурнамои васеи Созмони ҳамкории Шанхай эътимоди комил дорад ва ин боварӣ бар натиҷаҳои мушаххаси муштарак, ки дар муддати кўтоҳ ба даст омадаанд, асос ёфтааст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз афзалиятҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки дар рўзҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистонбояд як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расанд ва афзуд, ки онҳо самтҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ ва ҳамчунин соҳаҳои алоқа, кишоварзӣ ва саноатро фаро хоҳанд гирифт. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин санадҳо барои Тоҷикистон аҳамияти таъхирнопазир ва баѓоят муҳим доранд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0117:13На что потратит 1,4 миллиарда сомони Душанбе в этом году?
24.0115:58Приживется ли дрофа в Тигровой балке
24.0115:42АБР требует от Таджикистана пересмотреть тарифы на электроэнергию(1)
24.0114:55Жители столицы высказались «за» и «против» реформы на транспорте
24.0114:51«Барки точик» задолжал более 2,7 млрд. сомони


Самое обсуждаемое

22.0109:57"Девочка – это отрезанный ломоть". Почему женщины в Таджикистане не отстаивают свои права(6)
23.0115:10Кто они – самые стильные города Душанбе?(4)
23.0113:11Рабочая группа изучает предложение о выпуске тысячной купюры с изображением Эмомали Рахмона(3)
24.0115:42АБР требует от Таджикистана пересмотреть тарифы на электроэнергию(1)
23.0113:06Глава «Таджик Эйр» об авиасообщении между Душанбе и Хорогом: У нас есть резервный вариант(1)
24.0109:10«Агроинвестбанк» сократит 800 сотрудников(1)
23.0111:18Президент сменил глав Минтранса и Госкоминвеста(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156334