Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.07.200814:12

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи забон

Душанбе,22июли соли 2008.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Рўзи забон яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад ва барои мардуми Тоҷикистон азизу мўътабар аст.

Зеро дар ин рўз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон менамоем ва роҳи пурпечу фарози тайнамудаи забону фарҳангамонро пеши назар меорем, то ки аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омўзем.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Беҳуда нест, ки Яъқуби Лайс ба шоире, ки ба забони бегона ўро васф карда буд, гуфт: «Чизе ки ман андар наёбам чаро бояд гуфт?»

Бо ташаббуси ин марди ватанпарвар шеър гуфтан ба забони модарии мо оғоз гардид ва қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс Абўабдуллои Рўдакӣ низ аз инсарзамин бархост.

Тавре ки маълум мешавад, забон ҳанўз дар набардҳои таърих яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ будааст. Дар паҳлўи диловарони майдонҳои набарди озодихоҳӣ гурўҳи афроди огоҳ ва дурандеш аз табори Сомониён иродаи матинро бо тадбиру хирад омезиши матлуб дода, давлати нерўманд ва мутамаркази миллиро аз андеша ба воқеият табдил доданд.

Яъне амирони хирадманди хонадони Сомонӣ тавонистанд, ки дар марзу буми аҷдодии худ парчами истиқлолро барафрохта, аз хонаводаҳои наҷиби маҳаллӣ сулола ва салтанати азимеро поягузорӣ намоянд.

Ин давлат беҳтарин рамзи давлатдории миллии мо - тоҷикон ва симои сиёсии миллӣ гардид, ки ҷойгоҳи хос ва аҳамияти бузурги он дар таърих ва тамаддуни башарӣ барои ҳамеша пойдору устувор хоҳад монд.

Сомониён дар баробари ба даст овардани истиқлолият барои пойдории суннатҳои миллӣ ва ободонии кишвар, бахусус ба хотири боло бурдани мақому мартабаи давлат ва забону фарҳанги мардуми хеш аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда, донишмандону адибонро ба марказ ҷамъ оварда буданд.

Ҳамин сиёсати фарҳангии Сомониён буд, ки дар он даврони таърихӣ ба забони тоҷикӣ осори фаровон ва арзишманде таълиф гардид.

Дар таърихи сиёсии халқи тоҷик сулолаи дигареро, ки ба ҳадди Сомониён чунин як сиёсати махсус ва ҳамзамон сиёсати бисёр мўътадил ва одилонаи миллӣ ва забону фарҳанги ҷаҳоншумул дошта бошад, наметавон пайдо кард.

Натиҷаи ҳамин сиёсат ва хиради Сомониён аст, ки мо имрўз соҳиби яке аз забонҳои зебо ва шевои дунё ҳастем ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна, чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Закарёи Розӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва ҳамасрону пайравони онҳо низ осори маъруфи илмии хешро ба ин забон навишта, ба тамаддуни ҷаҳонӣ арза доштаанд.

Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳадде буд, ки дар тўли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд.

Зиёда аз ин, дар тўли садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё - аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили Баҳри Миёназамин нақши байналмилалӣ дошт ва забони мукотиба ва муҳовараи қавму халқҳои гуногун гардид.

Чунонки мебинем, забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли Ватани мо сахт пайванд дорад.

Яъне, ҳар гоҳ Ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст. Ва гоҳо дар ҳангоми мағлубиятҳои сиёсии халқамон забони мо бар забону фарҳанги ғолибон пирўз гардида, ин мағлубиятро ҷуброн кардааст.

Ин падидаи диалектикии хеле ҷолиб ва ибратбахшу омўзанда аст. Агар гўем, ки забони мо, забони шеъру ҳикмат ва фарҳанги олӣ, миллати моро аз нобудӣ наҷот додааст, муболиға нахоҳад шуд. Зеро миллат бе забони худ миллат нахоҳад буд.

Ҳар миллат ва қавме, ки ба густаришу рушди фарҳанг ва маънавиёти хеш рў меорад ва мехоҳад, ки по ба пои равандҳои ҷомеаи пешқадами ҷаҳонӣ қадам бардорад, ногузир бояд ганҷина ва захираи луғавии худро ҳамеша ғанӣ гардонад, забони адабиро сайқал диҳад ва рушди умумии забонро бар асоси меъёрҳо ва қонунмандиҳои инкишофи таърихии он таъмин созад.

Забон ҳамчун организми зинда дар ҷараёни таъсири мутақобила бо забонҳои дигар мебошад. Бинобар ин пазириш ва истифодаи калимаву истилоҳот аз забонҳои дигар як раванди маъмулӣ буда, ҳамаи забонҳо ба чунин тарзи равобит ниёз доранд ва забони тоҷикӣ низ аз ин раванд дар канор буда наметавонад.

Вале вақте ба забон анбўҳи калимаҳо ва ҳатто таркибҳои фаровоне аз забонҳои дигар бидуни зарурият ворид мешаванд, он гоҳ мавҷудияти ин забон ҳамчун як забони мустақил зери хатар қарор мегирад.

Аз ин лиҳоз, мехоҳам хотирнишон созам, ки бо дарназардошти ин омил ва ба хотири ҳифзи асолати забон ба масъалаи иқтибос ва иқтибоспазирӣ бояд муносибати масъулона ва таваҷҷўҳи доимӣ дошта бошем.

Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудаанд.

Аз ин рў, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири тахрибкунандаи забонҳои дигар, тақлиди зараровари талаффузҳои сунъии калимаҳо ва ҷумлаҳо аз ҷониби баъзе наттоқону ровиёни тасодуфӣҳифз кунем.

Адибон, олимон, воситаҳои ахбори омма, махсусан кормандони телевизион ва радио дар ин самт масъулияти бузургро бар ўҳда доранд.

Яке аз мушкилоти асосии забони мо имрўз истифодаи зиёди бемавриди калимаҳо, таркибҳо ва ҳатто унсурҳои грамматикии бегона дар забони тоҷикӣ мебошад.

Дар бораи таъсири забонҳои дигар сухан ронда, нуфузи забонҳои арабӣ ва русиро бояд махсус зикр кард, ки махсусан ба истилоҳоти илмӣ ва техникӣ иртибот дорад.

Дар оғози давраи ба забони давлатӣ ва илмӣ табдил ёфтани забони мо ба сабаби забони дину сиёсат ва илм будани забони арабӣ аксари донишмандону адибон асарҳои хешро бо ин забон таълиф намудаанд.

Вақте зарурати таълифи ин гуна асарҳо ба забони дарии тоҷикӣ пеш омад,донишмандон барои баёни андешаҳои худ, махсусан баъди Сомониён аз истилоҳоту таркибҳои арабӣ бештар истифода карданд, ки ин ҷараён баъди асри XII сахттар ва таъсири забони арабӣ ба забони мо бештар гардид.

Баъдан дар садаи XX-ум ҳамин гуна таъсир тавассути забони русӣ ҳамчун забони расмӣ ва муоширати байни халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ бори дигар шиддат гирифт, ки нуфузи ин раванд дар забони тоҷикӣ то имрўз дар шакли сухангўиҳои таҳтуллафзӣ ва сабку услуби нигориши як силсила ҳуҷҷату санадҳо боқӣ мондааст.

Мо соҳиби забонем ва тарзи андешаю баёни мо бояд ба забони модарӣ сурат гирад. Раванди ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия имрўз на танҳо ба забону фарҳанги мо, балки ба бисёр дигар забонҳои нисбатан камшумори дунё таҳдид менамояд.

Пеш аз ҳама, дар зери таъсири ҷаҳонишавӣ ва тавсеаю нуфузи забонҳои муосири байналмилалӣ, инчунин дар ҷараёни баҳравар шудан аз дастовардҳои илму техника миллату қавмиятҳои камшумор бо мурури замон тарзи тафаккури миллии худро аз даст дода, ба арзишҳо ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои дигар рў меоваранд.

Ин раванд нахуст бо омезиш ва баъдан бо маҳвшавии арзишҳои фарҳангӣ ва забонии миллату қавмиятҳои дигар анҷом меёбад, ки ин паёмадҳоро дар таърихи башар зиёд метавон мушоҳида кард.

Ин нукта ҳам возеҳ аст, ки истиқлоли давлати мо алҳол таърихи тўлонӣ надорад ва ин давра дар муқоиса бо таърихи халқамон, аз ҷумла таърихи забони тоҷикӣ, ки давраи нави ташаккули он ҳанўз аз асрҳои VIII-IX-уми мелодӣ оғоз мешавад, фосилаи бисёр кам аст.

Вале бо вуҷуди ин, маҳз дар давраи истиқлолият забони тоҷикӣ дубора соҳиби мақоми давлатӣ гардид ва дар рушду такомули он як марҳалаи тоза оғоз ёфт.

Имрўз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро беш аз сад давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад. Ин чунин маъно дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ якҷоя бо давлатдории мо ба расмият шинохтааст.

Ба ин забон санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, дар минбарҳои бузург ва мўътабари ҷаҳонӣ забони давлатӣ танинандоз аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маъруфият касб менамояд.

Ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ҳамаи шароити заруриро муҳайё гардонем.

Имрўз мо бояд кўшиш кунем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгўи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем.

Аз ин лиҳоз, таъкид месозам, ки бо масъулияти тамом ва бар асоси меъёрҳои илмӣ ҳифз кардани забони давлатӣ, нигоҳдорӣ ва такмилу сайқал додани он вазифаи муқаддаси адибон, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун, тамоми фарҳангиён ва аҳли ҷомеа мебошад.

Мутаассифона, забони муошират ва ҳуҷчатнигорӣ ҳатто дар сатҳи Парлумон ва Ҳукумат дар вазорату идораҳо ба беҳбудии ҷиддӣ ниёзманд аст.

Мо бояд ҳангоми сохтан ва интихоби луғату истилоҳот, қабл аз ҳама калимаву истилоҳот ва мафҳумҳои сиёсиву иҷтимоӣ бисёр дақиқ, эҳтиёткор ва оқибатандеш бошем.

Барои мисол ман мехоҳам назари худро дар бораи истилоҳи «тоҷикони бурунмарзӣ» баён намоям.

Ин ибора нисбат ба тоҷиконе истифода мегардад, ки берун аз марзҳои Тоҷикистони имрўза зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Вале набояд фаромўш кард, ки тоҷикони муқимӣ дар ҳар минтақаи зисташон аз нигоҳи сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқоти илмии муосир аҳолии ғайримуқимӣ нестанд. Онҳо дар марзу буми аслии аҷдодиашон сукунат доранд.

Вале баъзе олимону кормандони воситаҳои ахбори омма бо истифодаи ин истилоҳи ғайритаърихӣ ва сохта онҳоро бидуни ягон андеша ҳамчун тоҷикони бурунмарзӣ муаррифӣ мекунанд, ки ин ғалат аст ва таърихи онҳоро алоҳида омўхтан илман чандон саҳеҳ нест.

Омўзиши тақдири таърихии тоҷикони берун аз ҳудудҳои миллӣ, бахусус ҷамъияти тоҷикон дар Россия, Аврупо, Амрико ва кишварҳои дигар метавонад дар чаҳорчўбаи курсҳои махсус ҷараён гирад.

Дўстони гиромӣ!

Давлат ва Ҳукумат ҳамеша саъй доранд, ки барои инкишофи пайгирона ва мўътадили забони давлатӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам созад. Дар навбати худ олимону забоншиносони мо ва умуман аҳли зиёи кишвар низ бояд аз рўи масъулият вазифаи худро дар назди Ватану миллат ба таври шоиста анҷом диҳанд.

Мо соли 2008-умро Соли забон эълон намуда, Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистонро вазифадор карда будем, ки то ҷашни истиқлол ва бузургдошти 1150-солагии устод Рўдакӣ «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро дар ду ҷилд бо такмилу таҷдиди назар, «Грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ» ва «Донишномаи Рўдакӣ»-ро дар ду ҷилд таҳия ва нашр кунад.

Вале ин ҳанўз оғози кор аст, зеро забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳоли тағйиру таҳаввул ва пешрафту тараққӣ буда, вобаста ба дигаргуниҳои ҷомеа дар он низ масъалаҳои нав ба нав пайдо мешаванд.

Дар марҳалаи имрўзаи рушди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, ба андешаи ман, ба масъалаҳои зерин бояд бештар таваҷҷўҳ зоҳир карда шавад:

Якум. Таҳқиқи фарогири лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ.

Тавре ки медонем, лаҳҷаҳо яке аз муҳимтарин манбаҳои такмили забон буда, адибони гузашта ва муосири мо ҳамеша бо истифода аз захираҳои ин ганҷина луғату истилоҳоти фаровонеро ба забони меъёр ворид кардаанд.

Аз ин рў, забоншиносон ва лаҳҷашиносон бояд ин сарчашмаи бебаҳоро мавриди омўзишу баррасии ҷиддӣ қарор диҳанд ва забони адабиро аз ҳисоби дурдонаҳои он такмил диҳанд ва ғанӣ гардонанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки дар лаҳҷаҳо намунаҳои хуби калимоти кўҳани дорои собиқаи хаттӣ кам нестанд ва онҳоро бо муқоиса ва истифода аз осори тоҷикии дарии даврони Сомониён ва асрҳои баъдӣ бояд дубора ба забони меъёр ворид сохт, то забон аз ҳар нигоҳ бо асолати таърихии хеш иртибот пайдо намояд. Ин корро устод Айнӣ хеле хуб ва бо масъулият оғоз карда буд.

Дуюм. Истифода аз захираи луғату истилоҳоти ҳамзабонон. Додугирифти калима ва истилоҳоти нав дар байни кишварҳои ҳамзабон ҳамеша як амали маъмулӣ ва амри воқеӣ будааст.

Вале дар ҷараёни ҳама гуна робитаҳои забонӣ бояд хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ ва оҳангу савтиёти таърихиву суннатии он нигоҳ дошта шаванд.

Зеро забони форсии дарӣ нахустин марҳилаи ташаккули худро ҳамчун забони меъёр аз ҳамин минтақа, яъне аз ҳавзаҳои дарёҳои Омў ва Сир оғоз карда, дар бисёр давраҳо ҳамчун сарчашмаи ғизобахши шохаҳо ва лаҳҷаҳои дигари ин забон дар манотиқи ғарби эронзамин то ба қаламрави Ҳинд хизмат кардааст.

Маҳз дар оғози давраи ташаккули забони дарӣ дар минтақаҳои таърихии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамин забонҳо ва лаҳҷаҳои шарқии эронӣ нақши муҳим ва муассир бозидаанд.

Аз ин рў, асолати маҳаллии гуфтори тоҷикиро, ки таърихан дар ҳамин минтақа шакл гирифтааст, ҳифз бояд кард. Чунки дар тўли таърих шохаҳои гуногуни забони мо таҳти таъсири муҳити иҷтимоиву сиёсӣ, шароити ҷуғрофӣ, инчунин дар натиҷаи робитаҳои мутақобила бо забонҳои ҳамсоя ва омилҳои дигар симои хоси худро пайдо кардаанд.

Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки яке аз омилҳои муҳими бақои умр ва зебоиву азамати забони мо маҷмўаи ҳамин рангорангиҳо мебошад.

Сеюм. Масъалаи забони меъёр ва ҳусни баён. Забони адабии тоҷикии муосир имрўз кори бештареро дар таҳияи меъёри ягонаи мақбул тақозо дорад. Ҳар кас дар баёни матлаб вобаста ба завқу салиқа ва донишу огоҳии худ амал карда, гоҳе калимаю истилоҳоти аз нигоҳи дастури забон ғалат ва дурушту нохушояндро истифода мебарад.

Дар воситаҳои ахбори омма, махсусан дар баъзе рўзномаҳои ғайридавлатӣ, вайрон кардани талаботи имлои забони тоҷикӣ, чунончи бо аломати сактаъ навиштани аввали калимаҳо, ба талаффузи арабӣ тобеъ кардани имло бо риояи хусусияти савтии талаффузи забони модарии мо хеле ривоҷ ёфтааст.

Чунин муносибат нисбат ба қоидаҳои имло, ки аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардидааст, ҳамарўза ба назар мерасад. Ин амали ношоиста ҷавонон, бахусус талабагон, донишҷўён ва ҳатто муаллимони мактабҳои ҳамагониро ба иштибоҳ меандозад. Ба ин зудтар бояд хотима дода шавад!

Риоя накардани Қоидаҳои имло, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, дар воқеъ як навъ қонуншиканӣ мебошад.

Истифодаи бемавриди калимаву ибороти забонҳои бегона фаровон ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, зарур аст, ки ба масъалаи ҳусни баён ва покиза нигоҳ доштани забони модарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.

Дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ омўзиши забони адабиро дар заминаи адабиёти классикиву муосир ба роҳ бояд монд. Омўзиши забонҳои хориҷӣ - англисӣ, русӣ, арабӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, чинӣ ва забонҳои дигар низ дар заминаи забони тоҷикӣ бояд амалӣ гардад.

Чорум. Чунон ки ман чандин бор таъкид кардам, Тоҷикистон аз қадим макони густариши забонҳои эрони шарқӣ буда, ҳамчун осорхонаи зинда ва озмоишгоҳи бебаҳои таърихи забонҳои эронӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, ин ганҷинаи таърих низ мавриди омўзиши ҳамаҷониба бояд қарор дода шавад.

Панҷум. Татбиқи Қонуни забон.

Дар масъалаи татбиқи Қонуни забон ҳанўз ҳам норасоиҳо мавҷуданд. Пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки корхона ва муассисаҳои хурду калони мамлакат, сарфи назар аз шакли моликияташон вазифадоранд, ки муқаррароти ин қонунро пурра иҷро кунанд.

Дар хотир бояд дошт, ки эҳтироми мо ба забони давлатӣ аз сатҳ ва сифати риояву иҷрои қонун дар бораи он маълум мегардад.

Масъалаи дигаре, ки имрўз дар атрофи он баҳсу мунозираҳо бархостаанд, мавзўи бозгашт ба алифбои арабиасос, яъне алифбои ниёгон аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки хати арабиасоси мо таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Бе донистани таърих ва хазинаи бузурги фарҳангии мардуми форсизабон, ки бо алифбои ниёгон навишта шудааст, фарҳангу тамаддуни гузаштаи хешро азхуд кардан мушкил аст.

Донистани ин хат барои шарқшиносон, адабиётшиносон, таърихшиносон, файласуфон ва мутахассисони дигар илмҳои иҷтимоӣ бисёр муҳим мебошад.

Имрўз дар кишвари мо барои омўхтани хати ниёгон ягон мамониат вуҷуд надорад. Дар айни замон бояд гуфт, ки ба назари мо онҳое, ки ҷонибдори якбора ба хати арабӣ бадал сохтани хати кириллӣ ҳастанд, мушкилоти воқеӣ ва марҳалаи таърихиро ба инобат намегиранд.

Гузашта аз ин, ба назар чунин мерасад, ки ин баҳс аз ҷониби баъзе доираҳои ҳавасманди хориҷӣ ва дохилӣ бе ягон зарурат ба таври сунъӣ дар ҷомеаи мо барангехта мешавад.

Бидуни шак, ин боз як кўшиши тафриқаандозӣ дар байни зиёиёни мо мебошад. Мо, ки аллакай як маротиба оқибати ногувори чунин баҳсҳои бебунёди зиёновар ва тафриқаандозиро аз сар гузаронида будем, бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоем ва фирефтаи дасисабозиҳои нав нагардем.

Аз таърих маълум аст, ки ниёгони мо дар тўли се-сеюним ҳазор соли гузаштаи фарҳангии худ чанд маротиба табдили хату алифбо кардаанд. Аз ҷумла, ёдгориҳои давраи Ҳахоманишӣ дар хати ба ном «мехӣ» сабт шудаанд.

Матнҳои «Авасто», навиштаҳои аҳди Сосониёну Суғдиён бо намунаи хатҳои гуногун ба имзо расидаанд. Баъди истилои араб ва қабули дини ислом хати арабӣ пазируфта шуд, ки он зиёда аз ҳазор сол давом кард.

Дар замони шўравӣ дар як муддати кўтоҳ ду маротиба алифбои худро иваз намудем: дар охири солҳои бистум аввал ба алифбои лотиниасос ва пас аз даҳ сол ба алифбои кириллӣ гузаштем.

Набояд фаромўш кард, ки ҳар як тағйири алифбо сабабҳои сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Агар хатҳои мехӣ, паҳлавӣ ва суғдӣ аз рўйи зарурати фарҳангӣ ҷорӣ шуда бошанд, арабӣ ва кириллӣ ҷанбаи сиёсӣ доштанд.

Бо вуҷуди ин, хатҳои мазкур халқи моро бо фарҳангҳои гуногун рў ба рў карданд: агар яке олами Шарқро ба рўйи фарзандони халқи тоҷик боз карда бошад, дигаре ҷаҳони Ғарбро кушод.

Фарҳанги мо аз ин ду сарчашма ғизо гирифта, намояндагони онро ҷаҳониён шинохтанд. Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳо дигар нобиғаҳои олами илму адаби мо маҳз бо хати арабӣ ба хазинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шуда бошанд, аллома Бобоҷон Ғафуров бо алифбои кириллӣ тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намуд, асарҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Лоиқ ва дигар ситораҳои тобони адабиёти муосири тоҷик аз ҳамин хат ба забонҳои дигари дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Пас, ҳам ину ҳам он рисолати таърихии худро иҷро карданд.

Метавон гуфт, ки маҳз хатти осонхони кириллӣ имкон дод, ки халқи мо дар муддати кўтоҳтарин саросар саводнок гардад. Дар ин ҷо ҳамчунин хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки мероси бузургиилмӣ, адабӣ ва фалсафии асрҳои гузаштаи мо асосан бо хатти кириллӣ интишор ёфта, дастраси доираи васеи хонандагон гардидаанд ва дар китобхонаҳои мамлакат маҳфузанд.

Дар шароити кунунӣ, вақте ки соҳаи маориф ва ҷараёни таълиму тадрис бе ин ҳам проблемаҳои зиёд дорад, боз як бори дигар табдил додани алифбо шитобкорӣ хоҳад буд. Ба ин кор ҳоло ягон зарурати объективӣ ҳам нест.

Ҳоло, ки мо дар вазъияти гузариш қарор дорем, набояд дар масъалаи рушди соҳаҳои гуногун аз кишварҳои дигар қафо монем. Баръакс, мо бояд бо дониш ва технологияҳои муосир мусаллаҳ гардем, дастовардҳои пешқадами илми ҷаҳониро дар мамлакат татбиқ намоем.

Табдили бошитоби алифбо ва гузариш аз як хат ба хати дигар бидуни зарурати ҷиддӣ метавонад ба ин раванд халал ворид намояд ва мардумро ба озмоишҳои мушкил рўбарў созад. Ҳамин тариқ, кишвари мо ба табдили хатти кириллӣ ба ягон хатти дигар ҳеҷ гуна ниёз надорад. Чунин аст мавқеи мо нисбат ба ин масъала.

Бовар дорам, ки аксари мутлақи мардум аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Гоҳо аз мо мепурсанд, ки чаро мо дар замони истиқлолият ба рушду такомули забони давлатӣ ин қадар эътибори ҷиддӣмедиҳем.

Ин тасодуфӣ нест, чунки забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад.

Акнун, вақте ки халқи ранҷкашида ва азизи мо баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати миллии хеш гардид, забони давлатӣ ҳам бояд мақому манзалати шоистаи даврони истиқлолиятро соҳиб гардад, ки ин як омили табиист.

Гузашта аз ин, дар замони авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи забон маънои ҳифзи асолат ва ҳувияти миллиро дар баҳри пурталотуми табаддулоту таҳаввулоти азим дорад.

Мо бояд инро ҳамеша дар ёд дошта бошем ва гиромидошти забони модарӣ, риояи ҳатмӣ ва бечунучарои Қонуни забон бояд ба одати ҳамарўзаи ҳар як фарди бонангу номус табдил ёбад.

Дар бораи забони давлатӣ сухан ронда, мо ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳем, ки ба забонҳои миллатҳои дигари хамватанамон беэътиноӣ сурат гирад.

Баръакс, мо ба забон, фарҳанг ва мактабҳои миллатҳои бародари худ эҳтиром дорем ва ҳамеша ғамхорӣ хоҳем кард. Зеро бо онҳо тақдири мо, ватани мо, ифтихори мо муштарак мебошад. Дар айни замон, забону фарҳанги тоҷикӣ низ яке аз ганҷинаҳои ғанӣ шудани забону фарҳанги миллии онҳо хоҳад буд.

Ҳар шахси соҳибватан бояд донад, ки аз мафҳумҳои озодӣ ва истиқлолият, давлати миллӣ ва забони модарӣ мафҳумҳои муқаддастаре вуҷуд надоранд.

Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Пас биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бо нангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.

Ташаккур!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0719:54Назарзода: Иностранцы планировали взорвать несколько важных объектов. ВИДЕО
28.0716:20Быстрые миллиарды: как бизнесмены богатели в считаные часы
28.0715:44В столице Ингушетии разогнан несанкционированный митинг против мигрантов из Таджикистана(1)
28.0715:32Кремль прокомментировал идею Кадырова уйти охранять мечеть в Иерусалиме
28.0715:05Расследование дела исчезнувшего Низомхона Джураева приостановлено


Самое обсуждаемое

26.0718:00Михаила Саакашвили лишили украинского гражданства(5)
27.0713:13Повышать - не повышать: правительство никак не определится с тарифами на электричество(1)
28.0715:44В столице Ингушетии разогнан несанкционированный митинг против мигрантов из Таджикистана(1)
28.0710:40Долой "полуголых"! Женский комитет начал борьбу с "непристойно" одетыми таджичками(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266