Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.07.200815:12

Ҳолати мелиоратии заминҳо беҳтар карда мешавад

          Душанбе 23 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- «Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обӣ Чумҳурии Тоҷикистон баҳри муташаккилона гузаронидани мавсими обёрии соли 2008 шабакаҳои байнихоҷагии обёриро дар ҳаҷми 5,9 миллион метрии мураббаъ, заҳбуру заҳкашҳоро дар ҳаҷми 3,63 миллион метрии мукааб, 841 иншооти гидротехникиро таъмир намуда, ба маблағи 570 ҳазор сомонӣ корҳои танзими сарбандҳоро анҷом дод»,- зикр намуд дар нишасти матбуотӣ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод.

          Вазир афзуд, ки дар ин давра ба маблағи 3,23 миллион сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расид ва ҳолати мелиоративии 5185 гектар замини кишт беҳтар карда шуд. Дар ин давра 14 чоҳи амудӣ, 28 чоҳи амудии обгурез ва 79 чоҳи назоратии системаи мелиоративӣ ба маблағи 832 сомонӣ таъмиру барқарор карда шуд.

          Пойгоҳи обкашии «Қаратоғ 2» баъди солҳои зиёд ба кор дароварда шуд, барои обшор кардани зиёда аз 400 гектар замин дар ноҳияи Шаҳринав мусоидат менамояд.

          Моҳи июли соли равон 13 миллион сомонӣҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт гардида, айни замон қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои давлатии хоҷагии оби ноҳияҳо аз солҳои пешин маблағи 93,32 миллион сомониро ташкил медиҳад.

          «Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда дар иншооти гуногун ба маблағи 5 миллиону 896 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуда, 3 миллиону 25 ҳазоу ҳазор сомонӣ маблағи фондҳои асосӣ супорида шуд», - гуфт дар хотима С. Ёқубзод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0819:45Бренд “Made in Uzbekistan” завоевывает таджикский рынок
22.0817:25В Таджикистан приедут 30 учителей из России(3)
22.0812:46Тайсон с Матвеевской. Подробно о нападении на мигранта, которому чуть не откусили ухо
22.0812:21Суд намерен конфисковать магазин супруги Бузургмехра Ёрова
22.0811:38Продаем арбузы. Дорого! 100 долларов за штуку…(1)


Самое обсуждаемое

22.0817:25В Таджикистан приедут 30 учителей из России(3)
22.0812:18Давая нам деньги, Китай не нас подкупает, а себя защищает(1)
22.0811:38Продаем арбузы. Дорого! 100 долларов за штуку…(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156267