Душанбе 22 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Шаҳрванд «Ш» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд аризаи шикояти навишта, хабар дод, ки вакили дифои машваратхонаи ҳуқуқии №1-и шаҳри Хуҷанд Насриддин Исомиддинов барои сабуктар сохтани ҷазои ҷиноии фарзандаш «Ф», ки бо моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, парвандааш барои муҳокима ба суди шаҳри Қайроққум фиристода шудааст, аз ӯ 3 ҳазор доллари ИМА пора талаб намуда гирифтааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд Н. Исомиддинов дар вақти гирифтани ришва дастгир шуд ва маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.
Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Н. Исомиддинов ба ҳабси пешакӣ гирифта, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода, барои баррасӣ ба суди вилояти Суғд фиристонида шудааст.