Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.07.200815:12

Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Панҷакент тӯй барпо мекунад

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент маросими тӯйи хонадоршавии 100 ҷуфт фарзандони оилаҳои ниёзмандро барпо намояд.

Маросими тӯйи хонадоршавӣ ҳамроҳи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиии шаҳри Панҷакент дар даҳаи аввали моҳи октябр гузаронида мешавад.

Назар ба иттилои роҳбаринамояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайидҳомид Азимӣ ин чорабинӣ дар доираиҳамкории Тоҷикистону Эрон гузаронида мешавад.

Ба ҳар ҷуфт навхонадорон ба маблағи 3, 5 ҳазор сомонӣ ҷиҳози рӯзгор тақдим карда хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки баргузории тӯйҳои фарзандони оилаҳои ниёзманд дар ҷумҳуриамон ба ҳукми анъана даромадааст. Кумитаи имдоди имом Хумайнӣто имрӯз тӯйи хонадоршавии беш аз 500 ҷуфт ҷавонони оилаҳои камбизоатро дар Душанбе ва гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Рашт гузаронидааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0316:50Лукашенко назвал Путина родным братом
28.0316:35Землю под «резиденцию Дмитрия Медведева» арендовали за 40 рублей в год
28.0314:37Секретный лимузин Путина засекли в Швеции
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(2)
28.0314:15В Москве убит начальник строительного управления МВД


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(3)
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(2)
28.0309:32ТАЛКО и РУСАЛ окончательно помирились(1)
28.0307:45Пилькевич: «Подлые люди тут не задерживаются…»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156310